РУШДИ СОҲАИ ГЕОЛОГИЯ ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ: ДАСТОВАРДҲО ВА ДУРНАМО

Даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соҳаи геология ба як марҳалаи нави таърихӣ ва дастовардҳои бузурги илмию амалӣ табдил ёфт. Пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, соҳаи геология ба як соҳаи стратегии миллӣ мубаддал гашт, ки вазифаи асосии он таъмин намудани амнияти ашёи хоми кишвар ва ҷалби сармояи хориҷӣ мебошад. Тоҷикистон кишвари дорои иқтидори назарраси захираҳои бойи табиӣ, хусусан захираҳои гуногуни канданиҳои фоиданок мебошад, ки дар рушди саноати истихроҷ, энергетика, металлургия ва дигар бахшҳои саноати мамлакат аҳаммияти калон дорад. Геология ҳамчун илми омӯзиши қабатҳои Замин ва кашфи захираҳои зеризаминӣ, барои пешрафти иқтисоди миллӣ ва амнияти энергетикиву саноатии кишвар нақши бузург дорад.

Азбаски Тоҷикистон саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми стратегии худ эълон кардааст, нақши соҳаи геология дар ин раванд калидӣ мебошад. Саноати ватанӣ наметавонад бе заминаи устувори ашёи хом рушд кунад. Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бахусус аз охири солҳои 1990-ум ва оғози солҳои 2000-ум, соҳаи геология ба марҳилаи нави рушд ворид гардид. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд маротиба Барномаҳои давлатии рушди соҳаи геология қабул ва татбиқ гардиданд; буҷаи соҳа афзоиш ёфт ва таҳқиқоти геологӣ дар минтақаҳои гуногуни кишвар, аз ҷумла дар Помир, ноҳияҳои кӯҳӣ ва ҷануби Тоҷикистон, фаъолона ба роҳ монда шуд; шумораи корхонаҳои таҳқиқотии геологӣ ва ширкати ватанию хориҷие, ки ба ҷустуҷӯ ва коркарди канданиҳои фоиданок машғуланд, зиёд шуд; кадрҳои соҳавӣ дар дохил ва хориҷи кишвар омода ва бозомӯзӣ шуданд; мақоми Тоҷикистон дар харитаи захираҳои стратегӣ дар Осиёи Марказӣ ва ҷаҳон мустаҳкам шуд.

Рушди саноати геологии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар се даҳсолаи соҳибистиқлолӣ нишон дод, ки дар зери кӯҳҳои хомуши мо ганҷҳои кушодаю пӯшидаи фаровоне мавҷуд аст, ки метавонанд шукуфоии иқтисодии кишварро барои асрҳо таъмин намоянд. Рушди соҳа дар ин давра исбот кард, ки бо омезиши сармояи хориҷӣ, сиёсати дурусти давлатӣ ва заҳмати геологҳои маҳаллӣ метавон сарватҳои зеризаминиро ба некӯаҳволии халқ ва истиқлолияти пӯлодини иқтисодӣ табдил дод. Муваффақияти геологияи тоҷик — ин кафолати ояндаи устувори саноатии кишвар аст. Дар натиҷа, то соли 2025 дар Тоҷикистон зиёда аз 600 кон ва 800 зуҳуроти маъданҳо, аз ҷумла тилло, нуқра, сурб, руҳ, висмут, сурма, симоб, қалъагӣ, волфрам, уран, ангишт, сангҳои қиматбаҳо, масолеҳи сохтмонӣ ва дигар канданиҳои фоиданок муайян ва ба қайд гирифта шудаанд.

Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона сохторест, ки ба ҷустҷӯ ва иктишофи ганҷҳои рӯзамини ва зеризаминии кишвар машғул мебошад. Саридора дар соли 2025 омўзиши геологии қаъри заминро тибқи “Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2021, №172 тасдиқ шудааст, амалӣ намуд. Корҳои омӯзиши геологӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ аз рӯи 32 лоиза ба маблағи 21 756,0 ҳазор сомонӣ дар объектҳои металлҳои сиёҳ, ранга, қиматбаҳо, нодир, сангҳои худҷило ва ороишӣ, гидрогеология, геологияи муҳандисӣ ва геоэкология ба роҳ монда шуд.

Нақши Пешвои миллат дар рушди соҳаи геология бисёр бузург аст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали роҳбарии худ ба рушди илму техника, бахусус илми геология ва истифодаи самараноки сарватҳои табиӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудаанд. Борҳо дар суханрониҳои худ таъкид намудаанд, ки канданиҳои фоиданоки Тоҷикистон сарвати миллатанд ва истифодаи оқилонаи онҳо метавонад заминаи мустаҳками рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар гардад. Аз ҷумла, дар яке аз суханрониҳои худ чунин қайд карда буданд: «Тоҷикистони мо - кишвари ганҷҳову табиати худодод ва биҳишти воқеии рўи Замин буда, табиати нотакрору боигариҳои зеризаминии он метавонанд чун омили мустаҳкам шудани имкониятҳои иқтисодӣ, тавоноии давлат ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум хизмат намоянд. Барои ин моро зарур аст, ки ин сарватҳои зеризаминиро самараноку оқилона истифода намоем.»

Дар маҷмуъ, даврони соҳибистиқлолӣ барои соҳаи геология марҳалаи эҳё ва болоравии босуръат гардид. Табдил ёфтани Тоҷикистон ба кишвари дорои саноати кӯҳкории тараққикарда ва содиркунандаи маҳсулоти саноатӣ, пеш аз ҳама, натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзии геологҳост. Бо идомаи раванди навсозии технологӣ ва таваҷҷуҳ ба металлҳои нодир, геологияи тоҷик дар ояндаи наздик ба яке аз бахшҳои сердаромади буҷети давлатӣ ва пешбарандаи иқтисодиёти миллӣ табдил хоҳад ёфт.

Саидов Абурайҳон Исоевич - муаллими калони кафедраи сохтмон ва меъмории Донишгоҳи давлатии Данғара