ТАШАККУЛ ВА РУШДИ УСТУВОРИ НИЗОМИ ЭНЕРГЕТИКИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ аз фаъолият бозмонд. Ҷумҳурии Тоҷикистон якбора аз қисми зиёди имкониятҳо ва инфрасохтори энергетикии пешина маҳрум гардид.

Ҷанги шаҳрвандӣ вазъиятро боз ҳам мураккабтар намуд: зеристгоҳҳо зарар диданд, километрҳо хатҳои интиқоли барқ аз кор баромаданд ва қисми зиёди таҷҳизоти энергетикӣ вайрон гардиданд. Корхонаҳои саноатӣ бинобар норасоии нерӯи барқ фаъолияти худро қатъ намуда буданд. Ҳамчунин, сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун», ки орзуи деринаи мардуми тоҷик ба ҳисоб мерафт, ба харобазор табдил ёфтабуд.

Бо ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ва таҳкими сулҳу субот дар кишвар масъалаи таъмини амнияти энергетикӣ ба яке аз ҳадафҳои стратегии давлат табдил ёфт. Бо ташаббус ва роҳбарии хиридмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои азнавсозӣ ва таҷдиди неругоҳҳои мавҷуда оғоз гардиданд. Дар натиҷа, иқтидори истеҳсоли нерӯи барқ тадриҷан зиёд шуда, таъминоти аҳолӣ ва бахшҳои иқтисодиёт бо нерӯи барқ таъмин гардид.

Яке аз дастовардҳои бузурги даврони истиқлолият аз нав оғоз гардидани сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» мебошад. Соли 2018 агрегати якум ва соли 2019 агрегати дуюми ин неругоҳ ба истифода дода шуданд. Баъди пурра ба истифода дода шудани ҳамаи шаш агрегати НОБ Роғун иқтидори лоиҳавии неругоҳ ба 3600 мегаватт мерасад. Ин имкон медиҳад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо эҳтиёҷоти дохилиро пурра бо нерӯи барқ таъмин намояд, балки ба яке аз кишварҳои содиркунандаи нерӯи барқ дар минтақа табдил ёбад.

Дар самти ҳамкориҳои минтақавӣ низ пешравиҳои назаррас ба даст омадаанд. Аз ҷумла, 2 апрели соли 2018 хатти интиқоли барқи 500 кВ байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аз нав ба истифода дода шуда, зеристгоҳи «Регар-500» ба шабакаи энергетикии Ҷумҳурии Ӯзбекистон пайваст гардид. Ин иқдом барои таҳкими ҳамкориҳои энергетикии кишварҳои минтақа ва истифодаи самараноки захираҳои энергетикӣ заминаи мусоид фароҳам овард.

Ҳамчунин, Тоҷикистон дар татбиқи лоиҳаи байналмилалии CASA-1000 нақши муҳим дорад. Лоиҳаи мазкур барои интиқол ва тиҷорати нерӯи барқ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ пешбинӣ шуда, содироти нерӯи барқи Тоҷикистон ва Қирғизистонро ба Афғонистон ва Покистон таъмин менамояд. Амалӣ гардидани ин лоиҳа имкониятҳои нави иқтисодӣ ва сармоягузориро барои кишвар муҳайё месозад, ки ин ҳам бошад аз шарофати истиқлолият аст.

Дар солҳои охир Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди энергияи сабз диққати махсус зоҳир менамояд. Дар ин замина, сохтмони ду неругоҳи бузурги барқии офтобӣ дар ноҳияҳои Ашт ва Ҷайҳун оғоз гардидааст. Иқтидори умумии ин неругоҳҳо 500 мегаваттро ташкил дода, барои татбиқи онҳо беш аз 250 миллион доллари амрикоӣ сарф мешавад. Ин лоиҳаҳо ҳамчун марҳилаи нави рушди энергияи сабз дар Тоҷикистон арзёбӣ гардида, ба коҳиш додани партовҳои газҳои гулхонаӣ ва ҳифзи муҳити зист мусоидат хоҳанд кард. Аз манбаъ farah-info.com

Лоиҳаи неругоҳи офтобӣ дар ноҳияи Ашт барои таъмини зиёда аз 115 ҳазор хоҷагӣ бо нерӯи барқ пешбинӣ шуда, дар масоҳати 750 гектар амалӣ мегардад. Татбиқи чунин лоиҳаҳо нишон медиҳад, ки Тоҷикистон дар баробари истифодаи захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ ба рушди манбаъҳои алтернативии энергия низ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир менамояд.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ барои баланд бардоштани самаранокии истифодаи нерӯи барқ ва кам намудани талафоти техникӣ ва иқтисодӣ чораҳои муҳим амалӣ карда шуданд. Аз ҷумла, таъсиси Агентии назорати энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба беҳтар гардидани низоми назорат, пешгирии истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ ва баланд бардоштани фарҳанги истифодабарии он мусоидат намудааст. Ҷавонон бояд дарк намоянд, ки ҳамаи ин пешравиҳо ба осони ба даст наомадааст. Аз ин рӯ, таҳсил бояд на танҳо вазифа, балки ниёз ва рисолати ҳаётии ҳар як ҷавон бошад.

Дар баробари донишандӯзӣ, тарбияи ҳисси ватандӯстӣ низ аҳамияти хос дорад. Ватандӯстӣ танҳо дар сухан зоҳир намешавад, балки дар амал, рафтор ва хизмати содиқона ба давлату ҷомеа таҷассум меёбад. Ҷавонони ватандӯст бояд манфиатҳои давлат ва ҷомеаро аз манфиатҳои шахсӣ болотар гузошта, барои ҳифзи арзишҳои миллӣ ва рушди минбаъдаи соҳаи энергетикаи кишвар саҳми арзандаи худро гузоранд.

Холов Ёрмаҳмад Ҷомаҳмадович – номзади илмҳои техникӣ, муаллими калони кафедраи муҳандисӣ ва энергетикаи Донишгоҳи давлатии Данғара