ВАҲДАТИ МИЛЛӢ — СИПАРИ УСТУВОРИ МАФКУРАВӢ БАР МУҚОБИЛИ ИФРОТГАРОӢ

Дар асри XXI усулҳои мубориза ва тақсими ҷаҳон тағйир ёфтаанд. Имрӯз абарқудратҳо барои расидан ба ҳадафҳои сиёсии худ на аз силоҳи ҳастаӣ, балки аз «ҷангҳои идеологӣ» ва паҳн кардани ғояҳои ифротӣ истифода мебаранд. Онҳо кӯшиш мекунанд, ки суботи дохилии кишварҳои рӯ ба рушдро тавассути созмонҳои экстремистӣ аз байн баранд. Аз ин рӯ, омӯзиши Ваҳдати миллӣ ҳамчун унсури мудофиавии давлат аҳамияти аввалиндараҷа дорад.

Ин нуқтаро Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон чунин иброз намуда будаанд: “Вақте, ки мо сарҷамъ ҳастем, муттаҳид ҳастем бузургии мо аз ракетаи ҳастаӣ ҳам бузургтар аст”. Ба андешаи Пешвои миллат танҳо миллате, ба саодату пешрафт ноил мегардад, он миллат муттаҳид аст, мутаҳидӣ, омили асосии пешрафту тарақиёт дар баробари ҳама таҳдидҳо омили асосӣ мебошад. Имрӯзҳо ободиву пешрафти давлату миллати мо самараи ваҳдати миллӣ мебошад. Аз ин рӯ Ваҳдати миллӣ асосии пешрафту тарақиёт, мубориза бо ифроту тафрит, таҳкими сулҳу субот, мубориза бо ҳама гуна хатарҳо мебошад. Танҳо Ваҳдат аст, ки миллатро ба саодат ва давлатро ба пешрафту тарақиёт мерасонад.

Мафҳуми “Ваҳдат” аслан маънои ягонагӣ, якҷоягӣ, иттифоқ ва ҳамбастагӣ мебошад. Дар фалсафа ва ҷомеашиносӣ, ваҳдат ҳолати бо ҳам пайвастани унсурҳои гуногунро мегӯянд, ки дар натиҷа як куллияти ягона ва устуворро ба вуҷуд меоранд. Ба ибораи оддӣ, ваҳдат ягон намуди парокандагӣ ва зиддиятро қабул надорад.

Ваҳдати миллӣ бошад, ин шакли олии ҳамбастагии иҷтимоӣ ва сиёсии мардуми як кишвар аст. Он муттаҳидии тамоми сокинони давлатро новобаста аз миллат, нажод, дину мазҳаб, ҳизб ва маҳалли зист дар атрофи арзишҳои муштараки давлатӣ ва миллӣ ифода мекунад.

Ваҳдати миллӣ маънои онро надорад, ки ҳамаи одамон бояд як хел фикр кунанд. Маънои он ин аст, ки одамон бо вуҷуди доштани ақидаҳои гуногун, манфиатҳои олии Ватан, давлат, арзишҳои миллӣ ва умумиинсониро аз манфиатҳои шахсӣ, гурӯҳӣ ва маҳаллии худ боло мегузоранд. Аз ин рӯ бар чанд асос метавон ваҳдати миллиро дар шароити имрӯза муҳим ва омили асосии уқовимат бо ифротгароӣ ва воситаи асосии саодати миллат унвон намуд:

1.Ваҳдати миллӣ омили асосии ҳифзи давлат ва манфиатҳои миллат дар муқобили ҳама гуна таҳдидҳои замони муосир мебошад. Дар шароите, ки ҷангҳои мафкуравӣ ва муборизаи фарҳангҳо идома дорад, танҳо ваҳдати миллӣ ё ваҳдати миллат метавонад бо ҳама гуна хавфу хатарҳои дохиливу хориҷӣ бо муттаҳид намудани миллат истодагарӣ намояд.

2.Ҳифзи ҷавонон аз «мағзшӯӣ» дар фазои маҷозӣ. Бо рушди интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ (ЮТУБ, ФЕЕСБУК, ТЕЛЕРАМ, ИНСТАГРАМ, ТИК ТОК ва ғайра), гурӯҳҳои ифротгаро ба осонӣ ба мафкураи ҷавонон дастрасӣ пайдо мекунанд. Бо барномаҳои ҳадафманд, мафкурасоз, диққатҷалбкунанда, ба воситаи мубалиғони таълимдида, ба паҳн намудани ғояҳои ифротии худ машғул буда, ҷавонону наврасони ноогоҳ, камдониш, дур аз маърифати диниву дунявиро ба худ ҷалб намуда, аудиторияи худро васеъ намуда, дар миёни онҳо, кинхоҳӣ, нафрат аз шахсиятҳои муайян, ба қавле ифшои камбудиҳо, “ҳақиқатгӯӣ”, “адолатхоҳӣ” ғояҳои муғризонаи худро ба ҷавонону наврасон бор менамоянд. Гурӯҳҳои ифротӣ аз камтаҷрибагӣ ва холигоҳи маънавии насли наврас истифода бурда, онҳоро бар зидди ватану миллати худ мегардонанд. Дар ин замина нишон додани ҳисси ватандӯстӣ, вҳдату ҳамбастагӣ, дар рӯҳияи худшиносӣ ва худогоӣ тарбия намудани насли наврасу ҷавон роҳи асосии мубориза бо ифротгароён мебошад. Аммо ташаккули ва ташвиқи ватандӯстӣ ба онҳо хӯшоянд нест.

Нишон додани нақши Ваҳдати миллӣ ва арзишҳои ватандӯстӣ ягона роҳи сохтани мафкураи миллӣ ва мубориза бо ифроту тафрит мебошад.

3.Сабақи таърихии Тоҷикистон. Барои мардуми тоҷик ваҳдат як мафҳуми назариявӣ нест, балки бо баҳои ҷони ҳазорон нафар ва фоҷиаи ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-ум ба даст омадааст. Мақолаҳои сохташуда дар ин мавзуъ ба ҷомеа, хусусан ба насли наврасе, ки он рӯзҳои даҳшатборро надидааст, гӯшзад мекунад, ки аз даст додани ваҳдат чӣ оқибатҳои фоҷиабор дорад. Мо шоҳиди он гардидем, ки мардуми бузургу ғаюр ва худшиноси Эрон дар муқобили бузургтарин артиши дунё ИМА ва Исроил истодагарӣ намуда, тамомияти арзӣ ва ҳативу истиқлол ва мавҷудияти худроҳифз намуд. Ин ҳама нерӯ пеш аз ҳама дар ваҳдати миллӣ таҷассуми худро ёфт. Вақте, ки мардуми эронӣ аз хурд то калон, аз шаҳрванди оддӣ то хизматчиёни давлативу ҳарбӣ баҳри ҳифзи ватан бархостанд, бузургтарин қудрати дунё дар бо ин давлати мутамаддин дар гуфтугӯ ва дипломатияи сулҳ гаравиданд, ана ҳамин аст, арзиши ваҳдати миллӣ, ки ҳамакнун мо ҳам аз он бархурдор ҳастем.

4.Ваҳдати миллӣ кафолати рушди устувор давлат ва ҷамъият. Ҳеҷ як давлат дар шароити ҷанг, нафрату тафриқа ва таҳдиди доимии экстремизм наметавонад иқтисод, маориф ва фарҳанги худро рушд диҳад. Ваҳдати миллӣ заминаи сохтани ҷомеаи солим ва рушди иқтисодӣ мебошад, ки ин худаш сабаби аз байн рафтани заминаҳои иҷтимоии ифротгароӣ ва терроризм мегардад.

Ҳамин тариқ, муҳиммияти ин мавзуъ дар он аст, ки Ваҳдати миллӣ ягона кафолати мавҷудияти давлати миллӣ ва устувории он дар баробари тӯфонҳои сиёсии ҷаҳони муосир мебошад. Бе ваҳдат мубориза бо ифротгароӣ ғайриимкон аст. Боиси зикри хос аст, ки ифротгароӣ (экстремизм) ҳеҷ гоҳ дар фазои холӣ ба вуҷуд намеояд. Он маҳз дар ҷойҳое реша медавонад, ки дар он ҷо ҷомеа дучори парокандагӣ, буҳрони ҳуввият ва холигиҳои мафкуравӣ гаштааст. Стратегияи асосии гурӯҳҳои ифротӣ дар асоси усули «тақсим кун ва ҳукмронӣ намо» сохта шуда, ҳадафи онҳо ҷудо кардани мардум ба гурӯҳҳои бадбин ва муқобили ҳам (маҳаллӣ, мазҳабӣ ва сиёсӣ) мебошад.

Ифротгароён танҳо низоъ андохтан, кинаварзиву кинхоҳиро дар миёни мардум тарғибу ташвиқ мекунанд. Аз ваҳдати миллӣ ва ободиву пешрафти давлатҳо ва ҷомеаҳо хушоянд нестанд, зеро, ки дар ҷомеае, ки ваҳдату ҳамбастагӣ аст, онҳо дурӣ меҷӯянд, ҷавононро, ки нерӯи асосии ҷомеа ҳастанд, ба суи худ даъват менамоянд. Танҳо насли худшиносу худогоҳ аз Ваҳдати миллӣ, истиқлолу неъматҳои он, саодати миллат ва арзишҳои миллӣ дифоъ менамоянд.

Таҷрибаи таърихии Тоҷикистон собит намуд, ки сулҳу ваҳдат бо баҳои хеле гарон — ҷони ҳазорон нафар ва хисороти бузурги иқтисодӣ ба даст омадааст. Аз ин рӯ, ҳифзи ин дастовард, махсусан барои насли наврас, ки он рӯзҳои даҳшатборро надидааст, як қарзи шаҳрвандӣ мебошад.

Ҳамин тариқ, метавон гуфт, ки Ваҳдати миллӣ барои Тоҷикистон на танҳо як саҳифаи дурахшони таърихӣ, балки раванди доимии ҳаётан муҳим аст, ки бояд ҳар рӯз ҳифз, таҳким ва ситоиш карда шавад. Ифротгароӣ ва экстремизм танҳо дар ҷомеаи пароканда ва аз ҷиҳати маънавӣ заиф метавонад пирӯз шавад. Дар баробари миллати муттаҳид ва соҳибмаърифат, ки қадри сулҳу суботи худро медонад, ҳар гуна ғояҳои харобкор оҷиз хоҳанд монд.

Аз ин рӯ, таҳкими Ваҳдати миллӣ, рушди худогоҳии шаҳрвандон ва баланд бардоштани маърифати дунявию ҳуқуқии ҷавонон самараноктарин, арзонтарин ва устувортарин силоҳи давлату миллат дар мубориза ва муқовимат бо ифротгароии муосир ба шумор меравад. Ҳифзи ваҳдат — ин ҳифзи ояндаи дурахшони Ватан аст. Ҳифзи Ватан бошад, ҳифзи ҳуввияти миллӣ, ҳифзи номуси миллӣ, манфиатҳои миллӣ ва ҳастии миллат мебошад. Ду неъмат Ваҳдати миллӣ, ва Ватан ҳифз гардад, тамоми таҳдидҳо ифротгароиву терроризм ва дигар хатарҳо дар рӯ ба рӯйи миллат оҷиз мемонад. Пас Ваҳдат иқтидори миллат, ва омили асосии мубоиза бо ифротгароӣ ба ҳисоб меравад.

Шодмонзода О.Ш. – н.и.т., мудири кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат бо коррупсияи Донишгоҳи давлатии Данғара