АВФ — ИНЪИКОСИ СИЁСАТИ ИНСОНДӮСТОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Миллати тоҷик аз замонҳои қадим хислати бахшиданӣ, инсондӯстӣ, инсонпарварӣ ва эҳтиром ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро дар меҳвари таваҷҷӯҳи олимону донишмандон, сиёсатмадорону шоҳон қарор дошт. Ин таҷриба дар сиёсати идоракунии Куруши Кабир ва дигар шоҳон бар аъло мушоҳида мешавад. Озод намудани ғуломон, асирон, озодӣ додан ба ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрванд ва дигар масъалаҳо яке аз хислатҳои асосии Куруши Кабир буд. Ин сиёсати инсондӯстона ва инсонпарварона имрӯзҳо таҷассуми худро дар фаъолияти Пешвои миллат ёфтааст. Пешвои миллат маҳз бо бахшиши гуноҳҳо ва авф тавонистаанд, дар мамлакат сулҳу амният ва пешрафту тарақиётро овардаанд.

Ба хотири ҳифзи ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрванд ва эҳтироми манзалати инсон дар 15 соли охир дар Тоҷикистон 5 маротиба «Қонуни авф» қабул гардид, ки қонунҳои ахири авф дар солҳои 2011, 2014, 2019 ва 2021 қабул гардида, доираи васеи маҳбусонро фаро мегирифтанд, бузургтарин авф дар солҳои 2021, ки бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон қабул шуд, ки дар он 11 ҳазору 500 нафар аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва адои ҷазо озод гардид.

Ин навбат 16 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Презиенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо истифода аз ҳуқуқи конститутсионии худ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карданд ва баъд аз қабули Қонун ба он имзо гузоштанд. Бар асоси ин қонун 18038 нафар шаҳрвандон аз адои ҷазо озод карда мешаванд. Ин амали инсондӯстона аз сиёсати хирадмандона ва инсондӯстонаи Пешвои миллат гувоҳӣ медиҳад, ки дили ҳазорҳо маҳбусон озод, фарзандону пайвандони онҳо шод мегарданд ва ба пешрафту тарақиёти ватани азизамон саҳм мегузоранд. Ҳадафи асосии авф аз тарафи Пешво муаззами миллат ин пеш аз ҳама:

1. Ҳадафи башардӯстона (гуманистӣ). Яке аз ҳадафҳои асосии авф ин пеш аз ҳама моҳияти башардӯстии он аст. Давлат бо ин иқдом нишон медиҳад, ки мақсади асосии ҷазо танҳо азоб додани инсон нест, балки ислоҳ кардани ӯст. Авф таҷаллии раҳму шафқат ва инсондӯстии олии роҳбарияти давлат нисбат ба шаҳрвандони худ мебошад.

2. Додани имконияти дувум (ислоҳи инсон). Асосан авф ба онҳое татбиқ мегардад, ки аз кардаи худ сидқан пушаймонанд ва ҷиноятҳои вазнин содир накардаанд, имкони дубора медиҳад, ки ба ҳаёти муқаррарӣ баргашта, барои пешрафти ҳаёти иҷтимоии худ ва давлату миллат саҳм гузорад, на инкӣ ба озодӣ баромада, дубора боз ҷиноят кунад. Ин як паёми равонӣ ба маҳбус аст: "Давлат ба ту бовар дорад ва ҳуқуқ медиҳад, ки хатои худро ислоҳ кунӣ". Ин усул аксар вақт нисбат ба ҷазои дуру дароз дар роҳи ислоҳшавии инсон беҳтар кӯмак мекунад.

3. Ҳадафи иҷтимоӣ ва таҳкими оила. Вақте ки як нафар ба зиндон меравад, на танҳо худ, балки оилаи ӯ низ азоби равониву иҷтимоиву иқтисодӣ мекашад (фарзандон бе сарпараст мемонанд, оилаҳо вайрон мешаванд, таъминоти иҷтимоии оила коҳиш меёбад). Ҳадафи авф, хусусан вақте ки нисбат ба занон, ноболиғон ва серфарзандон амалӣ мешавад, ин:

-оилаҳои пароканда сарҷамъ мешаванд;

-баргардонидани волидон ба назди фарзандон;

-коҳиш додани шиддати умумии иҷтимоӣ дар ҷомеа;

-пойдории оилаҳо ва таъмини зиндагонии осоишта.

4. Омодасозии ҷисмонӣ ва равонии шаҳрвандон. Давлат мекӯшад, ки шахсони осебпазир — маъюбон, пиронсолон ва беморони вазнинро, ки нигоҳубини онҳо дар шароити маҳбас душвор аст, ба назди наздиконашон баргардонад, то онҳо дар муҳити оилавӣ табобат ва нигоҳубин шаванд.

5. Таҳкими боварии мардум ба давлат. Иқдомҳои башардӯстона устувории сиёсии давлатро нишон медиҳанд. Танҳо давлати қавӣ ва муътамад ба худ метавонад ҷинояткоронро авф кунад. Ин амр боварии шаҳрвандонро низ ба адолат ва ғамхории давлат зиёд менамояд.

Ҳамин тариқ, ҳадафи ниҳоии авф — ислоҳ ва баргардонидани инсони хатокор ба ҳаёти солим ва мнфиатовари ҷомеа аст, на танҳо холӣ кардани муассисаҳои ислоҳӣ. Давлат бо ин кор собит месозад, ки барои ӯ ҳар як шаҳрванд ва тақдири ӯ арзишманд мебошад.

Боиси зикри хос аст, ки қабули Қонун «Дар бораи авф» ифодаи сиёсати инсондӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, ба шахсоне, ки даст ба ҷиноят задаанд, имкон медиҳад, ки ислоҳ шаванд, ба назди наздикону пайвандҳои худ баргашта, ба кору фаъолияти созанда машғул шаванд.

Ҳамин тариқ, Қонуни авф ба 18038 маҳкумшуда татбиқ мегардад.

-Аз ҷумла, аз ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ, аз муассисаҳои сукунатӣ ва ҷазоҳои дигари ба маҳрумӣ аз озодӣ алоқаманднабуда 11305 нафар озод мешавад.

-Муҳлати адонагардидаи ҷазои 6733 нафар кам карда мешавад.

-Қонун нисбат ба занон ва ноболиғон имтиёзҳои бештарро пешбинӣ мекунад. Дар ин авф аз 507 нафар занон, ки адои ҷазо менамоянд, 248 нафар аз адои боқимондаи ҷазо озод мегарданд.

-Нисбат ба 259 нафар муҳлати адои ҷазо кам карда мешавад. Аз 134 нафар ноболиғе, ки адои ҷазо менамояд, 99 нафар аз адои боқимондаи ҷазо озод мегардад.

-Нисбат ба 35 нафар муҳлати боқимондаи адои ҷазо кам карда мешавад.

-Қонун «Дар бораи авф» инчунин нисбат ба шахсоне, ки парвандаи онҳо дар пешбурди мақомоти судӣ, таҳқиқ ва тафтиш қарор дорад, татбиқ мегардад.

Ҳамин тариқ, авф ин боварии давлат ба инсон ва даъват ба зиндагии қонунӣ, шарофатманд ва ободгарона аст. Барои мо аҳли илму маориф ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, ин ташаббуси башардӯстона як дарси бузурги тарбиявӣ ва эҳсосӣ барои онҳое, ки авф нсбаташон татбиқ мегардад, мебошад. Он нишон медиҳад, ки қонунпарварӣ, эҳтироми ҳуқуқҳои якдигар ва дур будан аз амалҳои номатлуб кафолати асосии суботи ҷомеа ва ояндаи дурахшони ҳар як ҷавон мебошад."

Аз ин рӯ мо шаҳрвандон бояд дар пешрафту тарақиёти ватани азизамон Тоҷикистон саҳм гузошта, сиёсати инсонпарваронаи Пешвои муаззами миллатро сармашқи кору пайкори худ қарор дода, дар ободонӣ ва пешрафти давлату миллат саҳм гузорем.

Маҳбусон низ фарзандони ин миллат ва давлат мебошанд ва боварӣ дорем, ки баъди авф гардидан, маҳбусон ба ҳаёти осоишта бар мегарданд ва зиндагонии қонуниро ихтиёр намуда, аз сиёсати инсонпарварона ва башардӯстонаи Пешвои миллат пайравӣ менамоянд, дар рушду пешрафти ватани азизамон саҳм гузошта, дар татбиқи ҳадафҳои илии давлату миллат саҳм мегузоранд.

Азизов К.Ҷ. – н.и.ф., дотсенти кафедраи фанҳои гумантарии Донишгоҳи давлатии Данғара.