Ваҳдати миллӣ яке аз бузургтарин дастовардҳои миллати тоҷик ва мардуми шарифи Тоҷикистон ба шумор меравад. Маҳз ба шарофати ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ ва сулҳу субот кишвари мо тавонист мушкилоти зиёди давраи гузаришро паси сар намуда, барои рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳанг заминаи мусоид фароҳам оварад. Имрӯз ваҳдати миллӣ ҳамчун омили асосии пешрафти ҷомеа ва таҳкими давлатдорӣ арзёбӣ мегардад.
Бо мақсади ба эътидол овардани вазъи сиёсию иҷтимоии кишвар, 16 ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоб Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кори худ оғоз намуд. Дар ин иҷлосияи сарнавиштсоз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд. Аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ ҳамчун роҳбари давлат таъкид намуда буданд, ки: «Ман кори худро аз сулҳ оғоз карда, ба мардуми азияткашидаи кишварам сулҳу оромӣ меорам». Ин суханон барои ҳазорон нафар ҳамватанони азиятдида, гурезаҳо, занону кӯдакон ва пиронсолон муждаи умед ва зиндагии нав гардиданд.
Арзиши асосии ваҳдати миллӣ дар он ифода меёбад, ки мардумро новобаста аз миллат, забон, дину мазҳаб ва ақидаҳои гуногун муттаҳид месозад. Ваҳдат ҳисси дӯстӣ, эҳтироми ҳамдигар, таҳаммулпазирӣ ва масъулиятшиносиро нисбат ба Ватан тақвият медиҳад. Дар фазои сулҳу оромӣ ҷомеа имкони рушд пайдо карда, ҳар як шаҳрванд метавонад барои ободии кишвар саҳми арзандаи худро гузорад. Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муҳими таҳкими давлатдорӣ ва ҳифзи истиқлоли давлатӣ эътироф шудааст.
Пешрафтҳои назарраси кишвар дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, илм ва иқтисод маҳз дар шароити сулҳу субот ба даст омадаанд. Бунёди роҳҳо, нақбҳо, неругоҳҳо, муассисаҳои таълимӣ ва дигар иншооти муҳим натиҷаи сиёсати сулҳҷӯёна ва ваҳдатофари Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ваҳдати миллӣ на танҳо дастоварди таърихӣ, балки кафили рушди устувори ҷомеа низ ҳаст. Дар шароити сулҳу субот шаҳрвандон имконият пайдо мекунанд, ки бо меҳнати созанда дар пешрафти Ватан саҳм гузоранд. Имрӯз дар тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон корҳои ободониву созандагӣ вусъат ёфта, сатҳи зиндагии мардум тадриҷан беҳтар мегардад.
Ин ҳама самараи ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагии ҷомеа мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари сулҳпарвар ва ташаббускор дар арсаи байналмилалӣ низ мавқеи арзанда касб намудааст. Дастовардҳои кишвар дар соҳаҳои гуногун нишон медиҳанд, ки танҳо дар фазои сулҳу ваҳдат метавон ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд барои ҳифзи сулҳу субот ва таҳкими ваҳдати миллӣ масъулияти баланд эҳсос намояд. Ҷавонон ҳамчун нерӯи пешбарандаи ҷомеа дар нигоҳдорӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ нақши муҳим доранд. Онҳо бояд бо ҳисси баланди ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ барои ободии Ватан саҳмгузор бошанд.
Омӯзиши таърихи миллат, арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ ва қадрдонии сулҳу ваҳдат ҷавононро ба роҳи созандагӣ, пешрафт ва муваффақият раҳнамоӣ мекунад. Самараи сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ аст, ки имрӯз барои ҷавонон ва омӯзгорон шароити мусоиди таҳсил, таҳқиқот ва эҷодкорӣ фароҳам оварда шудааст. Бо дастгирии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор озмунҳои ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм — фурӯғи маърифат”, “Тоҷикистон — Ватани азизи ман” ва “”Тоҷикон” — оинаи таърихи миллат” баргузор мегарданд. Ин озмунҳо барои баланд бардоштани сатҳи дониш, рушди истеъдод, тақвияти худшиносии миллӣ ва эҳсоси ватандӯстӣ мусоидат менамоянд.
Ҳамзамон, бо мақсади дастгирии ҷавонони боистеъдод ва рушди фаъолияти илмӣ, Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ таъсис дода шудааст, ки ҳамасола ба ҷавонони соҳибистеъдод барои дастовардҳои назаррас дар соҳаи илм ва техника тақдим мегардад. Ин ҷоиза ҷавононро ба омӯзиши амиқи илм, навоварӣ ва ихтироъкорӣ ҳавасманд намуда, барои омода намудани кадрҳои баландихтисос саҳми муҳим мегузорад. Дастгирии чунин ташаббусҳо гувоҳи он аст, ки дар шароити сулҳу ваҳдат давлат ба рушди нерӯи зеҳнӣ ва маънавии ҷавонон аҳаммияти аввалиндараҷа медиҳад.
Имрӯз ҷавонони тоҷик дар фазои орому осоишта имконият доранд, ки дониш омӯзанд, истеъдоди худро сайқал диҳанд ва дар озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ иштирок намоянд. Ин ҳама дастовардҳо маҳз самараи сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ мебошанд, ки барои пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол заминаи устувор фароҳам овардаанд.
Маҳз ба шарофати ваҳдат Тоҷикистон ба роҳи рушду тараққиёт қадам ниҳода, ҳамчун давлати соҳибистиқлол, сулҳхоҳ ва пешрафта дар ҷаҳон шинохта шудааст. Ҳифз ва таҳкими ин неъмати бузург вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар буда, ояндаи дурахшони Тоҷикистон аз пойдории сулҳу ваҳдат вобастагии мустақим дорад. То замоне ки ваҳдат пойдор аст, Тоҷикистони азизи мо ободу шукуфон ва миллати тоҷик сарбаланду саодатманд хоҳад монд.
Умаров Анварҷон Нуралиевич – н.и.т., дотсент, декани факултети муҳандисӣ ва меъмории Донишгоҳи давлатии Данғара.


