ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА НАҚШИ ОН ДАР РУШДИ СУБОТИ КИШВАР

     Ваҳдати Миллӣ дар баробари истиқлолият арзиши муқаддасу бебаҳои ҷомеаи мо ба ҳисоб меравад ва пешрафти ҳамаҷонибаи тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа,беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии мардум, ободии Ватан ва ояндаи давлати соҳибистиқлол ва давлатдории миллиамон бевосита ба ваҳдату ягонагии халқи Тоҷикистон ва сулҳу субот вобаста мебошад.

                                                                                                                                                                                                                                                                                                   Эмомалӣ Раҳмон.

Оре, ҳар миллат дар таърихи худ рӯйдодҳо ва санаҳои муҳиме дорад, ки аз онҳо дарсҳое барои ояндаи худ мегирад. Барои миллати мо ҳам 27-уми июн, ки рузи Ваҳдати миллӣ ном дорад, воқеан як рӯзи таърихӣ ва сарнавиштсоз аст. 29 сол пеш дар рӯзи 27-уми июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид, ки ба даргириҳои дохилии панҷсола амалан хотима бахшид ва раванди шаклгирии таҳаввулоти минбаъдаи кишвари моро дигаргун кард.

Ваҳдат-беҳтарин неъмат, ҳаёти инсон, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди тоҷикон, нумӯи даврон ва ҳастии инсон дар ҳар давру замон аст. Танҳо бо роҳи ваҳдат, якдигарфаҳмӣ, якдилӣ, муттаҳидӣ, баробарию бародарӣ ва сулҳу дӯстӣ мо метавонем истиқлоли кишварро пойдор ва ягонагии мардумро устувор намоем.

Соҳиб шудан ба истиқлолият барои ҳар як халқу кишвар кори осон нест, вале ҳифз ва таҳкими он мушкилтар аз он аст. Ваҳдат пеш аз ҳама, ба инсонҳо умед мебахшад ва онҳоро оянда дилгарм месозад, ки ин заминасозӣ талоши ҳамагонӣ баҳри ободии диёр ва фардои беҳтар аст. Дар рӯзҳои сахту душвори соли 1992 баргузории Иҷлосияи тақдирсози ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи 16 ноябр ва рӯйи кор омадани Ҳукумати нав бо роҳбарии Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон умеду орзуи мардум ва ҷомеаи ҷаҳониро ба фардои нек, ба сулҳу ваҳдат ва созандагиҳо дар кишвари мо бедор намуд.

Зимни суханронии нахустини хеш ҳамчун Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон чунин иброз намуда буд : «Ман оғози кори худро аз сулҳ сар хоҳам кард... Ман тарафдори давлати демократии ҳуқуқбунёд мебошам. Мо бояд ҳама ёру бародар бошем, то ки вазъро ором намоем. Ҳарчӣ аз дастам меояд дар ин роҳ талош хоҳам кард».

Ин нахустин комёбии Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки тавонист ҳамчун чеҳраи наву хос худро ба мардум муаррифӣ намояд. Далели ин садҳо барқияҳое, ки ба Иҷлосия ва садову симо меомад, қариб як хел шуруъ мешуд: «Аз суханронии аввалини шумо дар дили мо шуълаи умед фурӯзон гашт...».

Сарвари давлати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон дар Муроҷиатнома ба халқи шарифи Тоҷикистон дилпурона гуфта буд: «Ман ба ҳар яки шумо дар давраи барои Ватан хеле душвор муроҷиат карда, ба ақлу заковати шумо, ки вориси фарзандони барӯманди тоҷик ҳастед, бовар мекунам. Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона хизмат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам».

Оре, ифтихори ватандорӣ, дурандешӣ, ҳисси баланди масъулият ва қотеияту матонат ба Роҳбари давлати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон имкон дод, ки дар роҳи хотима бахшидан ба низоъ ва хусумати дохилӣ, таҳкими сулҳу сафо ва ваҳдати ростин миёни мардуми кишвар комёб гардад. Хираду заковати суннатӣ боло гирифта, роҳ ба сӯйи созандагӣ ва шукуфоии минбаъдаи Тоҷикистони азиз ҳамвор гардид. Барои расидан ба ин рӯз душвориҳои зиёде пушти сар шуданд, вале ниҳоят гавҳари мақсуд ба даст омад.

Ҳоло таҷрибаи сулҳи тоҷикон миёни аҳли башар чун намунаи ибрат шинохта мешавад. Сиёсатмадорону коршиносон ҳангоми суханрониҳо аз минбарҳои гуногун, гуфтушунидҳо, баррасӣ ва ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли муноқишаву низоъҳои ҳаммонанд, ба кор бурдани нақшаи тоҷикии ҳаллу фасли масъаларо салоҳ медонанд.

Аз ин лиҳоз, идеияи риояи қатъии нигоҳдошти адолати иҷтимоӣ дар ҳама давру замонҳо чун пойдевори бузурги давлатҳо, бахусус давлати миллии мо дорои зарурати аввалиндараҷа мебошад, ки тамоми суханрониҳову амали Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳсос мегардад.

Дар Паёми навбатии Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (22 декабри соли 2016) омадааст, ки «Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва неруи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд”.

Бояд қайд намуд, ки танҳо татбиқу амалии арзишҳои номбаршуда ифодагари алоқамандии онҳо ба ҳаёти ҷомеа буда, дар навбати аввал аз пай дар пай ҳал гардидани масъалаҳои мураккаби иқтисодию иҷтимоӣ ва мутобиқан болоравии сатҳи зиндагии аҳолии мамлакат, такмил ва рушди фарҳанги умумии ҷомеа, алалхусус аз инкишофи шуури замонавии сиёсии шаҳрвандон шаҳодат медиҳад.

Бо ҳадафи мусоидат дар самти дигари дурнамои рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол барномаи давлатӣ бунёди нерӯгоҳҳои хурду бузург барои солҳои 2001 то 2020 қабул гардида, мутаносибан ба он дар кутоҳтарин фурсат нерӯгоҳҳои барқии обии Сангтуда -1 ва Сангтуда-2 сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Фузун бар ин, ниҳоятан дар моҳи июли соли 2017 Қарордоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ширкати итолиёӣ ва дигар ширкатҳои хориҷӣ дар мавриди бунёди Нерӯгоҳи барқии обии «Роғун» ба имзо расид, ки 16 ноябри соли 2018 ва 9 сентябри соли 2019 ду агрегати ин Нерӯгоҳи бузург бо иқдомҳои наҷибонаи Пешвои миллат ба кор дароварда шуданд.

Сиёсати фарҳангии Пешвои миллат, ки ба эҳёи мероси маънавии халқ ва ташаккули худогоҳии миллӣ такя менамуд, дар кӯтоҳтарин фурсат беҳтарин дастовардҳои адабиву илмӣ, моддиву маънавӣ, ҳунарӣ ва монанди инро ба таърихи навини тоҷикон ҳадя намуд. Дар заминаи таҷлили бузургтарин ҷашнвораҳои миллӣ, чун ҳазораи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, 675 ва 700 солагии Камоли Хуҷандӣ, 1100 солагии давлати Сомониён, 90 ва 100 солагии Бобоҷон Ғафуров, 2700 солагии китоби Авесто, 2700 солагии шаҳри Кӯлоб, 100 солагии Мирзо Турсунзода, 100 солагии Сотим Улуғзода, 140 солагии Садриддин Айнӣ, 1000 солагии Носири Хисрав, 120 солагии Шириншоҳ Шоҳтемур, соли 2006 соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ, 800 солагии Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ,1150 солагии Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, соли бузургдошти Имом Абӯҳанифа, Соли маориф ва фарҳанги техникӣ, 700 солагии Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, 600 солагии Абураҳмони Ҷомӣ, 150 солагии Нақибхон Туғрал, 3000 солагии шаҳри Ҳисор, соли 2008 соли бузургдошти забони тоҷикӣ, соли 2015 – соли оила, соли 2017 соли ҷавонон, соли 2018 соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, солҳои 2019 – 2021 солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, солҳои 2020 – 2040 - Бистсолаи омӯзиш ва таҳқиқи фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф ва солҳои 2022 – 2026 солҳои рушди саноат ҳамаи ин ҷашнвораҳо ва ташаббусҳои наҷиби Пешвои миллат дар таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва рушди босуботи Тоҷикистон нақши боризе гузоштанд ва гузошта истодаанд.

Ваҳдати миллӣ воқеан ҳам роҳи инкишофи имрӯзу ояндаи дурахшон ва пешрафти ҷомеаи моро муайян ва самтҳои ба мақсад расиданро равшан сохта, тамоми шаҳрвандонро баҳри амалӣ гардонидани онҳо ҳидоят мекунад.

Ҳамин тавр, истеъдоду ҳунари волои сиёсатмадории сатҳи ҷаҳонидоштаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароиту имконот ба вуҷуд овард, ки дар ватани азизамон – Тоҷикистон фазои сулҳу ваҳдат ва оромиву осоиштагӣ танинандоз гардад. Мо имрӯз бо ифтихор гуфта метавонем, ки Тоҷикистону тоҷиконро дар арсаи умумибашарӣ тавассути амалҳои наҷиби ватанпарастонаву сурату сирати неки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мешиносанду эътироф менамоянд ва хушбахтона Тоҷикистон бо сиёсати сулҳпарварона ва ватандӯстонаи ин марди бузург ба сӯйи комёбиҳо ва пешравиҳои бузург қадам мезанад.

Асомуддин Азизов – муҳаррири шуъбаи табъу нашри Донишгоҳи давлатии Данғара, Барандаи ҷоизаи Иттифоқи Ҷавонони Тоҷикистон.