ИФРОТГАРОИИ ДИНӢ ҲАМЧУН ТАҲДИДҲОИ ЗАМОНИ МУОСИР: ТАҲЛИЛИ НАЗАРИЯВӢ ВА ИҶТИМОӢ

Дар шароити муосир рушди ҷомеа дар заминаи равандҳои мураккаби ҷаҳонишавӣ, пешрафти босуръати технологияҳо, тавсеаи робитаҳои байналмилалӣ ва тағйироти амиқи иҷтимоиву иқтисодӣ сурат мегирад. Ин равандҳо дар баробари фароҳам овардани имкониятҳои нав барои пешрафт, ҳамзамон як қатор зиддиятҳо, номутаносибӣ ва таҳдидҳои ҷиддиро ба миён овардаанд, ки ба суботи ҷомеаҳо таъсири назаррас мерасонанд. Тавре ки муҳаққиқон таъкид мекунанд, ҷомеаҳои муосир дар шароити гузариш ба низоми нави арзишҳо қарор дошта, бо мушкилоти «бӯҳрони арзишӣ» ва «ноустувории иҷтимоӣ» рӯ ба рӯ мешаванд [8, с. 41].

Дар чунин шароит, яке аз падидаҳои хатарнок ва печида, ки таваҷҷуҳи ҷомеашиносон, сиёсатшиносон ва мутахассисони соҳаи амниятро ҷалб намудааст, ифротгароии динӣ мебошад. Ин падида на танҳо ҳамчун мушкилоти дохилии як ҷомеа, балки ҳамчун таҳдиди фаромиллӣ ва глобалӣ арзёбӣ мегардад, ки метавонад ба амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ таъсири манфӣ расонад [2, с. 271].

Ифротгароии динӣ падидаест, ки дар заминаи тафсири якҷониба, радикалӣ ва аксаран таҳрифшудаи арзишҳо ва таълимоти динӣ шакл мегирад. Он дар худ маҷмӯи ғояҳо, рафторҳо ва механизмҳои идеологиро дар бар мегирад, ки ба рад кардани муколамаи иҷтимоӣ, таҳаммулпазирӣ ва арзишҳои ҷомеаи муосир равона шудаанд. Дар бисёр мавридҳо, ин падида бо истифодаи зӯрӣ, фишор ва амалиёти ғайриосоишта ҳамчун воситаи расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ ва идеологӣ алоқаманд мегардад.

Бояд таъкид кард, ки ифротгароии динӣ аз ифротгароии сиёсӣ фарқияти ҷиддӣ дорад, гарчанде ки дар амал онҳо метавонанд бо ҳам омезиш ёбанд. Ифротгароии сиёсӣ бештар ба мубориза барои ҳокимият ва тағйири низоми сиёсӣ нигаронида шудааст, дар ҳоле ки ифротгароии динӣ дар заминаи истифодаи идеологӣ ва радикалии арзишҳои динӣ ташаккул меёбад. Тавре муҳаққиқон қайд мекунанд, «ифротгароии динӣ дар асоси тафсири радикалии матнҳои динӣ ва истифодаи онҳо дар раванди сиёсӣ ба вуҷуд меояд» [5, с. 198].

Яке аз унсурҳои асосии ифротгароии динӣ идеология мебошад. Идеологияи ифротӣ кӯшиш менамояд, ки арзишҳои диниро ба воситаи таъсиррасонии равонӣ ва иҷтимоӣ истифода бурда, шуури ҷомеаро ба самти муайян равона созад. Дар ин раванд, мафҳумҳои динӣ аз контексти аслии худ ҷудо карда шуда, ба шакли таҳрифшуда барои асоснок кардани амалҳои радикалӣ истифода мешаванд.

Ба андешаи муҳаққиқ Ю.В. Ахромеев, «ифротгароии динӣ аксаран дар заминаи бунёдгароии радикалӣ шакл мегирад, ки дар баъзе ҳолатҳо истифодаи зӯровариро ҳамчун воситаи асосӣ қабул мекунад» [3, с. 19]. Ин ҳолат нишон медиҳад, ки ифротгароӣ на танҳо падидаи идеологӣ, балки падидаи иҷтимоӣ-психологӣ низ мебошад.

Дин дар ҷомеаи муосир ҳамчун яке аз муҳимтарин унсурҳои низоми иҷтимоӣ баромад мекунад. Он дар ташаккули арзишҳои ахлоқӣ, худшиносии миллӣ, тарбияи насли ҷавон ва таҳкими муносибатҳои иҷтимоӣ нақши муҳим дорад. Тибқи андешаи муҳаққиқон, «дин ҳамчун низоми арзишӣ ба ташаккули рафтори иҷтимоӣ ва ахлоқии инсон таъсири амиқ мерасонад» [7, с. 97].

Аммо хусусияти муҳими дин дар он аст, ки он дорои ду вазифаи ба ҳам зид мебошад. Аз як тараф, дин метавонад ҷомеаро муттаҳид созад, арзишҳои ахлоқиро таҳким бахшад ва суботи иҷтимоиро таъмин намояд. Аз тарафи дигар, дар шароити истифодаи нодуруст ва идеологӣ шудани он метавонад ба омили ихтилоф ва ноустуворӣ табдил ёбад. Таҳлили илмӣ нишон медиҳад, ки ифротгароии динӣ бештар дар шароити бӯҳронҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ пайдо мешавад. Бекорӣ, камбизоатӣ, нобаробарии иҷтимоӣ, заифшавии институтҳои давлатӣ ва набудани устувории идеологӣ омилҳое мебошанд, ки ба афзоиши ин падида мусоидат мекунанд. Дар ин робита муҳаққиқон таъкид мекунанд, ки «экспансияи идеологияи ифротӣ метавонад фазои иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеаро ба таври ҷиддӣ халалдор созад» [1, с. 5].

Идеологияи ифротгароии динӣ аксар вақт арзишҳои ҷомеаи муосир, аз ҷумла демократия, ҳуқуқи инсон ва таҳаммулпазириро рад мекунад. Он истифодаи зӯриро ҳамчун воситаи асосии ҳалли масъалаҳо қабул менамояд. Ин ҳолат боиси ба вуҷуд омадани зиддият байни гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва заифшавии суботи ҷамъиятӣ мегардад.

Илова бар ин, ифротгароӣ махсусан дар муҳити ҷавонон паҳн мегардад. Сабаби асосӣ дар он аст, ки ҷавонон дорои таҷрибаи маҳдуди иҷтимоӣ буда, ба таъсири равонӣ ва идеологӣ бештар осебпазиранд. Набудани тафаккури интиқодӣ ва сатҳи пасти маърифати сиёсӣ онҳоро ба гурӯҳҳои ифротӣ наздик месозад. Дар ин замина, баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва сиёсӣ, таҳкими тарбияи ахлоқӣ ва рушди худшиносии миллӣ аҳамияти муҳим дорад. Тавре ки муҳаққиқон қайд мекунанд, «танҳо тавассути баланд бардоштани сатҳи шуури иҷтимоӣ метавон таъсири ифротгароиро коҳиш дод» [6, с. 5].

Бояд гуфт, ки ислом ҳамчун яке аз динҳои ҷаҳонӣ дар ҷомеаи муосир нақши муҳим дорад ва ба равандҳои иҷтимоӣ таъсири амиқ мерасонад. Аммо истифодаи нодурусти он метавонад ба таҳриф шудани моҳияти аслии дин оварда расонад. Тибқи андешаи муҳаққиқон, «омили динӣ вобаста ба шароити иҷтимоӣ метавонад ҳам омили субот ва ҳам омили ноустуворӣ бошад» [5, с. 228].

Дар маҷмуъ, ифротгароии динӣ ҳамчун як падидаи мураккаби иҷтимоӣ-идеологӣ натиҷаи таъсири ҳамзамон ва ба ҳам вобастаи омилҳои дохилӣ ва берунӣ мебошад. Омилҳои дохилӣ асосан ба вазъи иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва идеологӣ иртибот дошта, дар шароити нобаробарии иҷтимоӣ, камбизоатӣ, бекорӣ, заифшавии институтҳои иҷтимоӣ ва бӯҳрони арзишҳо бештар зуҳур мекунанд. Ин омилҳо заминаи мусоид барои пайдоиши ноустувории фикрӣ ва ҷалби қишрҳои осебпазири ҷомеа ба ғояҳои ифротӣ фароҳам меоранд.

Дар баробари ин, омилҳои берунӣ низ дар густариши ифротгароии динӣ нақши назаррас доранд. Онҳо бештар тавассути маблағгузории ғайримақсаднок, таблиғоти идеологӣ, паҳн намудани маводи иттилоотӣ ва таъсири равонӣ ба шуури ҷомеа амалӣ мегарданд. Ин равандҳо метавонанд бо истифодаи воситаҳои муосири иттилоотӣ, аз ҷумла интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ, суръати бештар касб намуда, ба ташаккули тафаккури радикалӣ дар баъзе қишрҳои ҷомеа мусоидат намоянд.

Хулоса, ифротгароии динӣ ҳамчун яке аз таҳдидҳои ҷиддии замони муосир ба амнияти миллӣ, суботи сиёсӣ ва оромии ҷомеа таъсири амиқ ва бисёрҷониба мерасонад. Муқовимати самаранок ба ин падида танҳо дар сурате имконпазир аст, ки сиёсати устувор ва муназзами давлатӣ амалӣ гардад, сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва динӣ дар ҷомеа баланд бардошта шавад ва арзишҳои миллӣ, фарҳангӣ ва ахлоқӣ ба таври пайваста таҳким ёбанд. Танҳо дар чунин шароит метавон пеши роҳи густариши ин падидаи хатарнокро гирифта, амнияти устувори ҷомеаро таъмин намуд.

Руйхати адабиёти истифодашуда

1.Ronald W. Rational extremism: the political economy of radicalism [Text] / W. Ronald. - New York: Cambridge University Press, 2006. – P. 5.

2.Асламзода, Н. Политический экстремизм: понятие, содержание и его особенности [Текст] / Н. Асламзода //Вестник Таджикского национального университета. Серия социально-экономических и общественных наук. 2018. № 6. - С. 271.

3.Ахромеева, Ю. В. Социокультурные основы религиозного экстремизма [Текст]: автореф. дис. ... канд. филос. наук: 09.00.13 / Ахромеева Юлия Васильевна. Воронеж, 2009. с.19.

4.Зокиров, Г.Н. Донишномаи сиёсӣ. Ҷ.2 [Матн] / Г.Н. Зокиров. – Душанбе: Андалеб-Р, 2015. – С.107.

5.Маҳмадизода Н.Д. Зоҳиршавии ифротгароии динӣ-сиёсӣ дар шароити инкишофи ҷомеаи тоҷик ва роҳҳои пешгирии он [Матн] / Н.Д. Маҳмадизода. –Душанбе: Эр-граф, 2022. –324 с.

6.Поляков, К.И. Исламский экстремизм в Центральной Азии [Текст] / К.И. Поляков. – М.: Институт востоковедения РАН, 2014. – С.5.

7.Рахимов, Р. Своеобразие ислама в Центральной Азии [Текст] / Р. Рахимов // Россия и мусульманский мир. – 2011. – № 1. – С.97.

Арбобзода Баҳодур – номзади илмҳои фалсафа, мудири кафедраи сиёсатшиносӣ ва идораи давлатии Донишгоҳи давлатии Данғара.