Шукри Ваҳдат, шукри давлат, шукри истиқлоли мо,
Шукри нусратҳои афзун, шукр бар иқболи мо
Шукри бедории миллат – давлати бедори мо,
Бахт бингар мешитобад баҳри иқболи мо.
Мо бояд шукр гӯем, ки ба чунин рӯзгори орому осуда расидаем ва сулҳу субот, Ваҳдати миллиро бояд ҳамчун дастоварди азизтарини халқамон ба монанди гавҳараки чашм эҳтиёт намоем.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Тоҷикон аз қадимтарин сокинони қитъаи Осиё буда, соҳиби илму фарҳанг ва шеъру адаби ҳазорсола мебошанд. Онҳо дар байни дигар қавму миллатҳо аввалин шуда дар паҳнои Осиёи Марказӣ давлати миллии худро ташкил доданд, ки асрҳо боз бо номи Давлати Сомониён ва ё Оли Сомон машҳур аст. Ин давлат аз рӯи сиёсату сохти давлатдорӣ, адолатпарастӣ ва илму фарҳанг дар таърихи башарият нодир буда, асоси пешрафти сиёсиву давлатдории кулли давлатҳои баъдина дар Осиёи Марказӣ шудааст.
Пас аз ҳазор соли бедавлатӣ халқи тоҷик боз соҳиби давлати миллии худ шуд, вале аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлол гардидан мушкилоту зиддиятҳо тамоми марзу буми онро фаро гирифтанд. Бинобар нақшаҳои ғаразноку ҷоҳталабонаи баъзе аз гурӯҳҳо ин хоки муқаддас оҳиста - оҳиста ба вартаи ҳалокатбори ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд. Дар роҳи ҷангандозию шӯронидани ин миллат душманону бадхоҳони берунии миллати тоҷик, боз фаъол гардиданд ва баҳри нобуд сохтану аз байн бурдани давлату миллати мо кӯшишҳо намуданд.
Ҳодисоти хунин маҳз ҷавононро дар гирдоби ҳалокатбори худ қарор дод. Бар асари ин воқеоти нангин мамлакат хароб, миллат афгор гардид. Маҳз дар ҳамин лаҳзаҳои ҳассоси таърихӣ, Тоҷикистонро нафаре лозим буд, ки дер нашуда пеши роҳи ҷанги пурфоҷиа ва даҳшатвори шаҳрвандиро бигирад, мамлакат ва миллатро аз нобудӣ раҳоӣ бахшад. Ба хушбахтии халқ ва саодати Ватан таърих дар шахсияти Эмомалӣ Раҳмон роҳбареро ба саҳнаи сиёсат овард, ки воқеан дилу нияти нек доштааст, дар замираш ҷасорат, муҳаббат ба халқу ватан будааст.
Мусаллам аст, ки ҷанг ҳамеша воситаи асосии ҳалли ягон низоъ, хоҳ дохилӣ, минтақавӣ, байнидавлатӣ, байналмиллали ё дини маҳсуб намешавад. Ба ин маънӣ фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошта буданд: «Мо бемаъно будан ва оқибатҳои ҳалокатовар доштани авҷгирии ҷанги бародаркушро барои миллати тоҷик ва ояндаи он, инчунин давлати тоҷикон дарк намуда, баъди барқарор сохтани ҳокимияти конститутсионӣ сиёсати қатъии истиқрори сулҳ ва созгории миллиро танҳо бо роҳҳои осоишта, яъне бо роҳи гуфтушунид ва музокира пеш гирифтем».
Имрӯз мо бояд аз он шукр намоем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки баъди часпу талошҳои зиёд чодари сиёҳро, ки рӯи Тоҷикистони азизро бо пуррагӣ гирифта буд, бо зудӣ рафъ созад. Ӯ дар иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ гуфта буд: «То вақте ки тоҷик дар ғарибӣ аст, ман оромиш надорам. Ман ба Тоҷикистон сулҳ меорам…». Ин ҳарфзании ҷавонмарди тавоно, далеру ҷасур ба дилҳо гармӣ бахшид.
Дар рӯзҳои мудҳиш Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ду маротиба ба Афғонистони ҷангзада рафт. Касе ба тақдираш кафолат дода наметавонист. Зеро борони тиру тӯп ин кишвари азияткашидаро тарк намекард. Аммо Сарвари тоҷикон ба хоки ин сарзамини оташгирифта қадам гузошт. Бо сарвари қувваҳои мухолифин Саид Абдуллои Нурӣ мулоқот орост. Ва ҳамин тавр, мулоқотҳои пай дар пай оғоз ёфтанд. Якдигарфаҳмӣ ҳар ду тарафро торафт ба ҳам наздик меовард. Зеро қувваҳо медонистанд, ки танҳо созишномаи истиқрори сулҳ, Ваҳдати миллӣ метавонад кишвари онҳоро наҷот бидиҳад. Охир маълум аст, ки Ваҳдат ҳамеша сутуни иқболи давлат аст.
Кӯшишҳо ва талошҳои Президенти кишвар ниҳоят самараи нек овард. Аввалин мулоқот, ки он дар шаҳри Маскав оғоз ёфта буд, боз ҳам дар ин шаҳр 27 июни соли 1997 ҷамъбаст гардид. Аз ҳар ду ҷониб фикри солим ғалаба намуд. Созишномаи истиқрори сулҳ ба дили ҳар як фарди тоҷик гармӣ бахшид. Миллионҳо нафар, ки он лаҳзаи ҳассосу фараҳбахшро интизорӣ мекашиданд, тавассути оинаи нилгун тамошо карда, ашк мерехтанд. Ашки шодӣ. Ба ҳасрат ва дили бузурги инсони озодипараст, ватандӯст Эмомалӣ Раҳмон офарин мехонданд. Ин рӯзи сайидро ҳама бесаброна интизор буданд. Дили хурду калон моломоли шодию нишот буд. Маҳз нусрати дасти фишурда буд, ки мо ба ин рӯзи нек расидем.
Имзои созишномаи истиқрори сулҳ дар Маскав, дар ҳошияи бузургтарин ходисаҳои сиёсии ҷаҳон дар охири қарни ХХ қарор хоҳад дошт. Таърихи инсоният то ин дам ёд надошт, ки оташи ҷанги шаҳрвандӣ дар кишваре ба ин зуди поён ёбад ва тарафҳои даргир бо дарки воқеияти зиндагӣ ба ҳам оянд.
Маҳз бо талошу кӯшишҳои пайгарона ва сиёсати дурандешу хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо тавонистем ҷиҳҳатҳои беҳдошти вазъи сиёсӣ дар навбати аввал ваҳдати миллиро ба миён орем. Баробари ба даст овардани Ваҳдат дар кишвари мо марҳилаи нав оғоз ёфт. Нобоварӣ ва мухолифат аз байн бардошта ва ниҳоят замони ҳамкории дастҷамъона баҳри ҷомеаи ҳуқуқбунёди демократии ҷомеа, ки ояндаи дурахшони Тоҷикистони азиз моро таъмин месозад, баҳри кор ва зиндагии осоишта барои ҳар як узви ҷомеа шароит муҳаё мекунад ба миён омад. Дастовардҳои иқтисодиву сиёсӣ ва иҷтимоиву фарҳангие, ки таи 35 сол дар кишвари мо ба миён омадаанд ҳамааш самараи Ваҳдати миллӣ мебошанд.
Мо бо ин ҳама таваҷҷӯҳҳои махсус ва дастурҳои мушаххас имрӯзҳо шоҳиди он мешавем, ки имрӯз ҷавонон дар партави шинохти моҳияти ваҳдати миллӣ ва дарку маърифати зарурати он барои пешрафти ҷомеа баҳри иҷрои рисолаи худ камари ҳиммат мебанданд ва пайваста бо руҳияи баланди худсозиву худшиносӣ дар пиндорҳои неку наҷиби худ фардои ҷомеаро меофаранд. Ба таъбири дигар, ин ҳама болорафтҳои фикриву маънавӣ ва идроки баланди ҷавонон, шуури пешрафтаи сиёсиву ҳуқуқии онҳоро метавон ҳосили Ваҳдати миллӣ ва якпорчагии кишвар муарифӣ намуд. Бо такя ба ин қудратмандӣ метавон боварӣ ҳосил кард, ки ин қувваи бузургу созанда, ки аз ниҳоди ҷавонон имрӯз бо хурӯши тоҷикона берун меояд, баҳри таъмину таҳкими истиқлоли бадастомада, ваҳдати миллӣ ва ташаккули худшиносиву худогоҳӣ хидмат хоҳад кард. Поянда бод Ваҳдати миллии тоҷикон, ки сароғози шукӯҳмандии ҳамаҷонибаи миллати мо дар остонаи музаффаириятҳои нав гардида, ҷомеаи моро тамоюлҳои ҷадиди пешрафти ҷаҳони имрӯз ворид ва мутобиқ гардонид. Парфишон бод, парчами сулҳу саодат ва иттиҳоди тоҷикон дар осмони нурборону гулборони тоҷикон!
Олимзода Раҳмонали Амонали – муовини ректор оид ба илми Донишгоҳи давлатии Данғара


