ИСТИҚЛОЛ – ЯГОНА РОҲИ САОДАТИ ИНСОНИ МУТАМАДДИН

Инсони мутамаддин ҳангоме метавонад даъвои тамаддунсозӣ бикунад, ки шароит ва имконот барои амалӣ шудани ормонҳои ӯ муҳайё бошанд. Шароиту имконот, пеш аз ҳама, ба муҳит ва атроф алоқамандӣ доранд. Маҳз дар ҳамин нуқта барои як инсон, барои як ҷузъи ҷомеаи шаҳрвандӣ ниёз ба Ватан ва зодбум ба вуҷуд меояд. Ватан ва зодбум агарчи ду мафҳуми муродиф ё аз нигоҳи маъно бо ҳам наздиканд, аммо миёни ду баъзе хусусиятҳои фарқкунанда дида мешаванд. Ҳам Ватан ва ҳам зодбум – ҳар ду барои инсони мутамаддин муқаддасанд. Аммо Ватан мафҳуми васеътару куллитар маҳсуб мешавад ва он сарзамини кулли миллат хоҳад буд. Афроди миллат зодбумҳои гуногун доранд, ки ҳамаи онҳо андаруни Ватану кишвар хоҳанд буд. Бинобар ин, зодбумҳо гуногуну мутафарриқанд, аммо Ватан яктост! Парчам, суруди миллӣ – ҳама аркони муқаддас маҳз муаррифгари Ватан мебошанд ва маҳз барои он офарида шудаанд. Дар “Шоҳнома” Ватан бештар дар мафҳумҳои кишвар ва Меҳан истифода шудааст. Ватан – ин Модар аст, бар мабнои ҳамин манзалаташ онро кулли бузургони дунё ба Модар шабоҳат додаанд. Чун Модар барои ҳар инсони хирадманду боҳуш муқаддас аст ва ҷойгоҳи ӯ ба ҳадде болост, ки бузургон ҳатто биҳиштро дар зери қадамҳои онҳо афкандаанд, бинобар ҳамин, Ватан ҳам барои ҳар инсони баномус муқаддас буда, дорои манзалати воло аст. Ҳамин аст, ки барои тавсифу нишон додани манзалати Ватан инсонҳои бузург ва хирадниюш ба ночор ба Модар муроҷиат кардаанд, то тавассути бузургии Модар бузургии Ватанро бинамоёнанд.

Ватан ва Истиқлол ду мафҳуми аз ҳам ҷудонашавандаанд, метавон гуфт ҳар ду як ҷавҳаранд; зеро агар Ватан набошад, аз истиқлол наметавон сухан ронд ва, баръакс, агар истиқлол набошад, Ватан ин мафҳуми худро тамоман гум мекунад. Қиматтарин арзиш барои ҳар сарзамин – ин истиқлол аст, зеро бе истиқлол ягон сарзамин Ватан буда наметавонад ё мафҳуму манзалати ватании худро тамоман гум мекунад. Маҳз истиқлол аст, ки як сарзамин мубаддал бар Ватан мегардад ва як ё чанд сарзаминро дар гирди як меҳвар бо номи Ватан мутамарказ мегардонад. Муқаддасоти миллат, пеш аз ҳама, истиқлоли кишварро собит месозанд ва истиқлол, дар навбати худ, якпорчагии кишварро муаррифӣ карда, онро бад-ин васила ба Ватан мубаддал месозад. Ин ки инсонҳо дар мамолики ҷаҳон бо тафохур даъвои ватандорӣ мекунанд, танҳо ба туфайл ё ба шарофати истиқлол аст; вагарна дар набуди истиқлол шаҳрванди ягон кишвар дам аз ватандорӣ зада наметавонад.

Истиқлол арзишмандтарин гавҳари ҳар миллат аст, чун миллате, ки ин гавҳари худро аз даст додааст ё онро шикастааст, он миллат бадбахту бетақдир аст. Бадбахтиву бетақдирии миллат – ин фақириву камбизоатӣ ё тиҳидастиву дасткӯтоҳии он нест, зеро молу сарватро метавон дар пайи солҳо ба даст оварду захира кард ва бо кӯшишҳои зиёд иқтисоди кишварро метавон рушду равнақ дод; зеро асос барои ҳар миллат – ин доштани кишвару сарзамин аст ва чун он бошад, оҳиста-оҳиста метавон дар ростқомат шудани миллат муваффақ шуд. Аммо чун истиқлол набошад, миллат на ин ки дар рушду пешрафти худ наметавонад саҳм бигузорад, дорои сарзамин ва кишвари худ низ шуда наметавонад. Бадбахтиву бетақдирии миллат маҳз дар надоштани истиқлол ё бебаҳра будан аз ин арзиши бебаҳо хоҳад буд. Миллатҳое, ки истиқлол надоранд, сарзаминашон, мантиқан, аз онҳо нест, моли дигарон аст; ин сарзамин барои онҳо ҷуз аз макони хоб нест. Онҳо дар ин макон нафас мекашанд, аммо ин нафаси онҳо озод нест. Чаро? Чунки онҳо озод нестанд. Озод нестанд, яъне истиқлол надоранд. Тамоми мардум дар ин сарзамин барои дигарон кор мекунанд, аз деҳқону коргари оддӣ то ба маснаднишинони воломақом!

Маҳз истиқлол омили асосии Ватан будан барои як миллат ба ҳисоб меравад, зеро он озодии миллатро муҷиб мегардад. Истиқлол зомини асосии ватандорӣ хоҳад буд!

Хушбахтона, миллати сарбаланди тоҷик имрӯз аз ин неъмати бебаҳои сиёсӣ ва, болотар аз он, неъмати илоҳӣ, яъне Истиқлол бархӯрдор аст. Хушбахтона, миллати тоҷик имрӯз бо шарофати Истиқлол Ватан дорад, ягона сарзамин дар сайёраи Замин бо номи Тоҷикистон! Тоҷикистони бебадал! Тоҷикистони дорои марзу буми алоҳида ва ягона! Тоҷикистони зебо! Дурри яктои офариниш! Нигини қалби миллат! Хушбахтона, имрӯз мо Конститутсияи миллӣ, Парчами миллӣ ва Суруди миллӣ дорем. Хушбахтона, имрӯз тоҷикон Президенти худро доранд, ки зомини асосии Ваҳдати миллӣ буда, тамаркузи сиёсиву давлатӣ ва ҳамоҳангии миллатро ба пуррагӣ таъмин намудаанд. Хушбахтона, имрӯз миллати тоҷик Пешвои худро дорад, ки кулли миллатро дар гирди ғояи муқаддаси ватандорӣ – Ваҳдат мутамарказ намудаанд. Миллате, ки раҳбари ғоявию сиёсӣ надошта бошад, дар моҷароҳои беохири даврон роҳи худро гум мекунад ва ба мақсуди аслии хеш нойил намегардад. Миллате, ки роҳбалади асосии худро дар дурнамои тақдир надошта бошад, сарнавишти ӯ ба торикнои пурдаҳшати фитна ва тавтиаву азҳамгусастагӣ андар меравад.

Истиқлол барои миллат ҳама чиро ба армуғон меорад, зеро Истиқлол худ неъмат аст ва ҷуз аз покӣ дигар чизе нест. Истиқлол аз бидеҳкориву гидяниҳодӣ миллатро ба дур медорад. Истиқлол миллатро ба ҳаёти пурнур ва дарунсӯйи хушбахтиҳову сурурмандиҳо раҳнамойӣ мекунад. Истиқлол ба ҳар миллат ҳаёти тозаву пурфараҳ ва орӣ аз ниёзмандиҳоро эъто менамояд.

Хушбахтона, миллати сарбаланди тоҷик имсол 35-умин солгарди озодии худ, яъне Истиқлоли миллии худро ҷашн мегирад. 35 сол аст, ки миллат бо парчами Истиқлол ва зери ливои Ваҳдати Пешвои муаззами худ – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нафаси озод кашида истодааст. 35 сол аст, ки миллати тоҷик ватандорӣ карда истодааст. 35 сол аст, ки миллат аз Ҷоми Ваҳдат майи пуршаҳди дӯстӣ ошомида истодааст. 35 сол аст, ки ҳама афроди миллат, новобаста ба минтақаву ҷову макон бо ҳам омезиш ёфта истодаанд ва дар оғӯши як Модар ба исми Тоҷикистон шири Ваҳдат ошомида истодаанд. 35 сол аст, ки Истиқлол анвори поку рахшони худро болои миллат ва боли Модари миллат – Тоҷикистони азизамон партавфишонӣ дорад. Поянда бод Истиқлол! Поянда бод миллати сарбаланди тоҷик!

Бақо моро зи чӣ бошад, зи истиқлол, истиқлол,

Бино моро зи чӣ бошад, зи истиқлол, истиқлол.

Саодатҳо, шукуфтанҳо, валодатҳо, фузуданҳо,

Даво моро зи чӣ бошад, зи истиқлол, истиқлол.

Сафедиҳои дил моро, шақоиқгун рухон моро,

Сафо моро зи чӣ бошад, зи истиқлол, истиқлол.

Зи озодӣ биболидан, зи озодӣ хиромидан,

Само моро зи чӣ бошад, зи истиқлол, истиқлол.

Ҷанин дар батни модар шири озодӣ биёшомад,

Ғизо моро зи чӣ бошад, зи истиқлол, истиқлол.

Ба ғайр аз роҳи истиқлол дороӣ куҷо ёбем,

Ғано моро зи чӣ бошад, зи истиқлол, истиқлол.

Зи истиқлол Сомониву девонаш бишуд пайдо,

Саро моро зи чӣ бошад, зи истиқлол, истиқлол.

***

Он миллате, к-ӯ фикри истиқлол кард, озод шуд,

Ҳар к-ӯ зи озодӣ наандешид, ӯ барбод шуд.

Меҳан муқаддас аст, хокаш саҷдагоҳе бар дил аст,

Дар саҷдааш ҳар к-ӯ бишуд, арвоҳ ҳам з-ӯ шод шуд.

Андешае моро ҷуз аз андешаи Меҳан мабод,

Ҳар к-ӯ бар ин андеша шуд, миллат зи ӯ бунёд шуд.

Дар хоки покат ҷон диҳам, аҷдод дар он хуфтаанд,

Ором гар хобад падар, з-ӯ шод ҳам авлод шуд.

Ай ман фидоят, Меҳанам, хокат ба дида мебарам,

Ҳастии мо аз хоки туст, ин хок моро дод шуд.

Меҳрат ба дил чун хун ба дил бошад равон, ай Меҳанам,

Ишқат чу муҳре бар дилам чун нақши модарзод шуд.

Саидҷаъфаров Озод Шоҳвалиевич – д.и.ф., профессор, мудири кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии Данғара