(дар ҳошияи рӯзи байналмиллалии ҳифзи муҳити зист)
Муҳити зист яке аз муҳимтарин сарватҳои табиии инсоният ба ҳисоб меравад. Об, ҳаво, хок, ҷангалҳо ва дигар захираҳои табиӣ барои зиндагии солим ва рушди ҷомеа аҳамияти бузург доранд.
Аз ин рӯ, ҳифзи муҳити зист яке аз масъалаҳои муҳими замони муосир ба шумор меравад, ки мо бошандагони рӯйи замин ин неъматҳои табиатро ҳифз намуда, ҳамчун гаҳвараки чашм ниогҳ дорем.
Дар гузашта инсонҳо бо сабаби кам будани шуъурнокӣ, дониш ва бетаваҷҷуҳӣ ба муҳити зист ва табиат зарари зиёд мерасониданд. Буридани аз ҳадди дарахтон, шикори беандозаи ҳайвонот, ифлос намудани обу ҳаво ва истифодаи нодурусти захираҳои табиӣ боиси вайрон шудани мувозинати экологӣ мегардад. Дар натиҷа, бисёр минтақаҳо аз камшавии ҷангалҳо, хушкшавии манбаъҳои об ва аз байн рафтани баъзе намудҳои набототу ҳайвонот зарар мебинанд.
Бо пешрафти илму техника ва баланд шудани сатҳи маърифати экологӣ, одамон аҳамияти муҳити зистро бештар дарк намуда, имрӯзҳо аксари давлатҳои ҷаҳон барои ҳифзи табиат барномаҳои махсусро амалӣ менамоянд. Қонунҳои экологӣ қабул карда мешаванд, мамнуъгоҳҳо ва боғҳои миллӣ ташкил мегарданд ва корҳои фаҳмондадиҳӣ байни аҳолӣ гузаронида мешаванд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» санади асосии ҳуқуқӣ мебошад, ки муносибатҳоро дар соҳаи ҳифз, истифодаи оқилона ва барқарорсозии захираҳои табиат танзим менамояд. (Моддаи 44 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон) - ҳифзи табиат, ёдгориҳои таьрихиё фарҳангӣ вазифаи ҳар як шахс аст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун кишвари дорои табиати бой ба масъалаи ҳифзи муҳити зист диққати махсус медиҳад. Дар кишварамон як қатор мамнуъгоҳҳо, парваришгоҳҳо ва боғҳои миллӣ фаъолият доранд, ки барои ҳифзи олами наботот ва ҳайвонот хизмат мекунанд. Ҳамчунин ҳамасола чорабиниҳои гуногуни экологӣ, аз ҷумла шинонидани дарахтон, тоза намудани маҳалҳо, соҳилҳои дарёҳо ва гузаронидани аксияҳои экологӣ баҳри тозагии табиат баргузор мегарданд.
Табиат дорои қувваи бузурги барқароршавӣ мебошад. Агар инсон ба муҳити зист муносибати дуруст дошта бошад, табиат метавонад тадриҷан худро барқарор намояд. Масалан, дар ҷойҳое, ки дарахтон шинонда мешаванд, муҳити сабз афзоиш ёфта, сифати ҳаво беҳтар мегардад. Тоза нигоҳ доштани обҳо ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ низ ба нигоҳдории муҳити солим мусоидат мекунад.
Нақши ҳар як инсон дар ҳифзи табиат хеле муҳим аст. Ҳар шахс бояд аз партофтани партовҳо дар ҷойҳои номувофиқ худдорӣ кунад, обу барқро сарфа намояд, дарахт шинонад ва ба тозагии муҳити атроф саҳм гузорад. Агар ҳар як нафар масъулияти худро дар назди табиат эҳсос намояд, вазъи экологӣ хеле беҳтар хоҳад шуд.
Имрӯз масъалаҳои глобалӣ, аз қабили тағйирёбии иқлим, гармшавии кураи Замин, камшавии захираҳои об ва ифлосшавии муҳити зист тамоми ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардаанд. Ҳалли ин мушкилот танҳо бо ҳамкории давлатҳо ва иштироки фаъоли шаҳрвандон имконпазир аст.
Шарипова Сабоҳат - мутахассиси раёсати илм ва инноватсияи Донишгоҳи давлатии Данғара.


