ҲИМОЯИ РИСОЛАИ ИЛМӢ ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ДАНҒАРА!
Санаи 4 июни соли 2026, соати 09:00 дар Шурои диссертатсионии 6D.KOA-059 назди Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ, муаллими калони кафедраи сохтмон ва меъмории Донишгоҳи давлатии Данғара Абдуллозода Шодмон Абдулло дар мавзуи «Такмили усулҳои назорати сифати сементатсияи саргаҳи қабати намак», оид ба дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои техникӣ аз рӯйи ихтисоси 2.1. Геология, геодезия, гидрология, сохтмон, меъморӣ (2.1.8. Сохтмони гидротехникӣ) рисолаи илмии худро бо муваффақият дифоъ намуд.
Раёсати донишгоҳ устоди азизро барои ин муваффақият самимона табрик гуфта, ба ӯ сарбаландӣ, тандурустӣ ва дар корҳои илмии минбаъдааш комёбиҳои беназирро таманно дорад.


