Тарбияи насли наврасу ҷавон дар ҳама давру замон аз масъалаҳои муҳим ва зарурӣ барои давлат ва ҷомеа ба ҳисоб меравад. Барои ташаккул ва тақвияти худшиносӣ ва худогоҳии наврасону ҷавонон донистани таърихи миллати худ, фарҳангу тамаддун, арзишҳои миллӣ ва корнамоиҳои қаҳрамонону паҳлавонон, олимону донишмандон ва сиёсатмадорон аҳамияти муҳим дорад. Зеро, ки ташаккули худшиносӣ ва хештаншиносии ҷавонон дар шароити бархурди фарҳангҳо бевосита ба дарки таърихи воқеӣ ва арҷгузорӣ ба шахсиятҳои таърихии миллат вобаста мебошад.
Бо ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистон раванди эҳёи арзишҳои миллӣ, фарҳанги миллӣ, давлатдории миллӣ, асолати миллӣ, рӯҳи миллӣ ва гиромидошти фарзандони фарзонаи миллат, ки барои бақои миллат ва саодати миллат хизматҳои шоён анҷом додаанд, ин миллатро дар масири таърих на танҳо ҳамроҳӣ намудаанд, балки бо корнамоиҳои худ зиндаву поянда нигоҳ доштаанд. Агар ба таърихи навини Тоҷикистон назар афканем, хидмати бузургу таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеш аз ҳама дар он зоҳир мегардад, ки эшон ин занҷираи таърихиро, ки аз Зардушту Куруш, оғоз гардида, то ба Сомониву Балъамӣ, Синову Фирдавсӣ, Муқанаъ, Восеъ, Шириншоҳ Шоҳтемуру Нусратулло Махсум Айниву ҳазорҳо сарсупурдагони миллат дар роҳи ҳимояи физикиву маънавӣ ин миллатро аз нестшавӣ наҷот додаанд. Бақои миллати тоҷикро таъмин намуда, милати тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуда, аз манфиатҳои милливу арзишҳои миллат ва фарзандони фарзонаашон дифоъ намудаанд ва ба гӯшаи фаромушӣ наравад, ки ин амалест, дар таърих касе чун Пешвои миллат ин гуна хизматро накардааст.
Аз ин рӯ барои эҳёи дубораи арзишҳои миллӣ, фарҳанги миллӣ, ҳувияти миллӣ, забони миллӣ, иду ҷашнҳои миллӣ, арҷгузорӣ ба Зардушту Куруш, Муқанаъ, Темурмалику Имоми Аъзам, Сомониву Синову Фирдавсӣ, Беруниву Хаёму Восеъ, Айнӣ ва садҳо фарзандони бонанги миллат аз Пешвои миллат ҳар фарди тоҷику тоҷикистонӣ қадре қарздор мебошад. Ва бояд аз ин абармарди дунёи сиёсат, ки шуҳрати ҷаҳонӣ дораду манзалати бузургтарин роҳбари ҷаҳон аст, шукргузорӣ намуд.
Боиси зикри хос аст, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз таҷрибаи бойи сиёсӣ ва талошҳои инсондӯстонаву фарҳангсолоронаи худ миллати тоҷикро ҳамчун воҳиди ягонаи сиёсӣ ва этнофарҳангӣ баъди 1100 соли давлатдории тоҷикон - давлати Сомониён эҳё намуда, миллатро аз вартаи нобудӣ, забони тоҷикиро аз махлутшавӣ, фарҳангу анъанаҳои ниёконро аз нестшавӣ наҷот дода, номи бузургонро аз умқи таърих, ки паси пардаҳои сиёсии давру замонҳо ниҳон монда буданд, эҳё намуданд.
Боиси зикри хос аст, ки тоҷикон миллати дирӯз пайдошуда нест. Балки таъриху тамаддуни миллати тоҷик ба 6 ҳазор сол рафта мерасад ва дар таърих чуноне, ки д.и.с., профессор С.Ятимов қайд менамояд: “Тоҷикон дар тӯли таърих зиёда аз 13 маротиба (Модҳо, Ҳахоманишиҳо, Портҳо, Кӯшониён, Сосониён, Ҳайтолиён, Тоҳириён, Сафориён, Сомониён, Ғуриён, Куртҳои Ҳирот, Сарбадорҳо, Музаффариён) давлатдорӣ кардаанд. Он дар маҷмуъ, беш аз 2236 солро дар бар мегирад”.
Дар ин раванд бо барномарезиҳои ҳадафманд ҷиҳати худшиносиву худогоҳии миллӣ, ташаккули эътимоди қавии мардум ба фарҳанг ва арзишҳои миллӣ, хотираи таърихии миллат эҳё ва барқарор гардид. Дар ин мудат симои як қатор абармардони таъриху фарҳанги миллат, аз ҷумла Исмоили Сомонӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Носири Хусрав, Камоли Хуҷандӣ, Имоми Аъзам Абӯҳанифа, Имом Ғазолӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Абурайҳони Берунӣ эҳё шуда, ҷашнҳои бошукӯҳи бузургдошти онҳо дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ баргузор шуд. Ба як зумра абармардони таъриху фарҳанг, аз ҷумла Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур чун рамзи сипоси абадии мардуми Тоҷикистон барои хидматҳои беназирашон унвони олии кишвар “Қаҳрамони Тоҷикистон” дода шуд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ номҳои шаҳрҳои қадимаи тоҷикон дубора баргардонида шуда, шаҳру навоҳии мамлакат бо номҳои таърихи миллат ва ба номи фарзандони фарзонаи миллат гузошта шуд. Ҳамзамон дар даврони истиқлолият бо кордониву корбарии Пешвои миллат, ки эшон донандаи бузурги таърихи миллат мебошад, асъори милии мо бо номи Сомонӣ ва дар ҳар сомонӣ чун рамзи эҳтиром ва қадршиносӣ ба хизматҳои таърихӣ расми фарзандони фарзонаи миллат таҷассум гардид, ки мояи ифтихор ва омили худшиносӣ ва хештаншиносии насли наврасу ҷавон мегардад.
Боиси ифтихор ва қаноатмандист, ки Пешвои миллат сиёсати «бозгашт ба худ»-ро асоси идеологияи давлатӣ қарор доданд. Бо ташаббуси бевоситаи Сарвари давлат дар солҳои душвортарини аввали соҳибистиқлолӣ ҷашни бузурги миллӣ 1100 – солагии давлати Сомониён дар сатҳи баланд таҷлил гардид. Чорабиниҳои илмӣ ва фарҳангӣ бахшида ба арҷгузорӣ ба Кӯруши Кабир, Зардушт, Рӯдакӣ, Ибни Сино, Фирдавсӣ, Умари Хаём, Берунӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Садриддин Айнӣ ва дигарон дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ҷашн гирифта шуданд. Китоби «Тоҷикон»-и Б. Ғафуров, «Шоҳнома»- и безаволи Фирдавсӣ бо амри Пешвои миллат чоп ва ба ҳар як оилаи тоҷикистонӣ таҳти унвони тӯҳфаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас карда шуд, ки ин иқдом инқилоберо дар худшиносӣ ва ҳуввияти миллии мардум ба вуҷуд меоварад.
Дигаре аз иқдомҳои бесобиқа, ҷасоратмандона ва таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон — ин бозгардонидани хоки фарзандони муборизи миллат ба Ватан мебошад. Хоки покбозони роҳи озодӣ ва истиқлолият: Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум, Нисор Муҳаммад ва дигар фидоиёни миллат, ки дар солҳои репрессияи сталинӣ дар берун аз Ватан шаҳид ва гӯронида шуда буданд, бо эҳтироми хос ба Тоҷикистон оварда шуд ва дар пойтахти Тоҷикистон дар хоки муқаддаси Ватан дафн гардиданд.
Ин амали Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон танҳо як маросими дафн ё эҳтироми оддӣ набуд. Ин паёме буд ба ҷаҳониён, ки «Тоҷик ҳеҷ гоҳ фидоиёни худро фаромӯш намекунад». Ин иқдоми ҷавонмардӣ ва қадршиносӣ ба рӯҳи шаҳидони миллат, дарси аввалини ватандӯстӣ барои насли ҷавон гардид.
Имрӯз ҷавонони тоҷик дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди фарҳангҳо ба сар мебаранд. Дар ин раванди ҳассос, танҳо ҷавоне метавонад устувор бимонад, ки гузаштаи худро донад ва ба он фахр кунад.
Арҷгузории Пешвои миллат ба симоҳои таърихӣ ба ҷавонон нишон медиҳад, ки:
1.Мо решаҳои амиқи таърихӣ дорем. Мо миллати тасодуфӣ нестем, мо ворисони Курушу Сомониён, Фирдавсиву Айнӣ, Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва ҳазорон фарзонагон ҳастем;
2.Ифтихори миллӣ. Хондани корномаи Нусратулло Махсум ё Шириншоҳ Шоҳтемур дар дили ҷавонон ҳисси номуси ватандорӣ ва ҳуввияти миллиро бедор мекунад.
3.Ибратбахшӣ. Ин сиёсат ба ҷавонон меомӯзад, ки хизмат ба Ватан ҳеҷ гоҳ беқадр намемонад. Саргузашти ин бузургон беҳтарин мактаби мафкурасозӣ ва ҳуввиятсозӣ бар зидди ҳама гуна таҳдуду хатарҳои замони муосир мебошад.
Ҳамин тариқ, таърихи мо, аз Куруш то Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, як паёми ягона дорад: Мубориза барои зинда мондани ном ва нанги миллат. Пешвои миллат бо зинда кардани хотираи бузургон ба ҷавонон нишон доданд, ки Тоҷикистон соҳиб дорад. Имрӯз вазифаи ҷавонон аст, ки ин машъали худшиносиро устувор нигоҳ дошта, сазовори номи ин гузаштагони бузург бошанд.
Саидзода А.И. – мудири кафедраи фанҳои гуманитарии Донишгоҳи давлатии Данғара


