ИБНИ СИНО – ТАБИБ, ДОНИШМАНД ВА ФАЙЛАСУФИ ҶАҲОНӢ

(дар ҳошияи Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъсиси “Ҷоизаи байналмилалии Ибни Сино” дар соҳаи тиб)

Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи рушди давлатдории миллиро дар асоси арзишҳои миллӣ, фарҳангу забони миллӣ, ҳувияту худшиносии миллӣ ва арҷгузорӣ ба таърих, тамаддун ва фарзандони фарзона боз намуда, ба ин ҳама асос гардид ва барои инкишофи давлатдории миллӣ, худшиносӣ, худогоҳӣ, ҳувияти миллӣ ва ҳифзи мероси гузаштагон заминаи мусоидро фароҳам овард. Дар ҳақиқат, миллате, ки худро мешиносад, таърих, тамаддун, фарҳангу забон, фарзандони фарзонаи миллатро, ки барои бақои илму фан, фарҳангу забон, давлату давлатдории миллӣ саҳм гузоштаанд, қадр мекунад, миллати ба камолоти маънавӣ расида мебошад. Хушбахтона, миллати мо ба шарофати сиёсати оқилонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати мо ба авҷи камолоти маънавии худ расидааст.

Дар ин раванд саҳми шахсиятҳо дар бедории миллат, таҳкими истиқлолият, бақои давлатдории миллӣ ва ҳувияти миллӣ ниҳоят арзишманд мебошад. Дар таърихи 1000 солаи халқи тоҷик миллати мо чун Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсиятро ёд надорад, зеро аз рӯзҳои аввали роҳбарияшон Пешвои миллат ба масъалаи забони давлатӣ, фарҳанги миллӣ, таъриху тамаддун, гиромидошти шахсиятҳои таърихӣ: аз қабили сиёсатмадорон, шоҳону паҳлавонон, донишмандон, қаҳрамонон ва ҳамаи фарзонагони миллат на танҳо таваҷҷӯҳ намудааст, балки ба онҳо арҷгузорӣ намудааст. Баҳри ташаккули худшиносӣ, худогоҳӣ ва ҳофизаи таърихии миллат барои мо меросбарони ин тамаддун бузургтарин хизмат аз ҷониби Пешвои миллат мебошад. Аз ин рӯ, ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сипосгузор мебошад. Чун тамоми бузургони илму адаб, шоирону нависандагон, донишмандону санъаткорон, зиёиён ва ҳамаи он фарзандони бедори миллат мафтуни корнамоиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳастанд.

Чанде пеш дар таърихи 19.05.2026 хоки рамзии се тан аз фарзандони фарзонаи миллат ба Ватан баргардонида шудаанд, ки ин на танҳо арҷгузорӣ ба хизматҳои шоёне, ки дар гузашта анҷом доданд, балки ин иқдом маънои онро дорад, ки ҳар хизмате, барои ин миллат аз ҷониби фарзандонашон анҷом мегирад, фаромӯш намешавад, баръакс он қадр мегардад.

Ин як паёме барои насли наврасу ҷавони мо мебошад, ки аз ҳарвақта дида бештар ба миллати худ содиқона ва софдилона ҳам ба таври физикӣ ва ҳам ба таври маънавӣ хизмат намуда, ҷовидонагӣ ва абадияти худро чун Куруши Кабир, Маздаки Бомдод, Деваштич, Муқаннаъ, Рӯдакиву Фирдавсӣ, Синову Айнӣ, Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва дигарон, ки бо кору пайкори худ ҷовидонагӣ ва абадияти худро таъмин намудаанд, хизмат намоянд.

Тавре огоҳ ҳастем, дар таърихи 23-юми майи соли 2026 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Фармоне таҳти №1180 интишор намудаанд, ки дар фазои маҷозӣ ҳамовозии амиқи доираҳои илмӣ ва аҳли зиёро ба вуҷуд овард. Ифтихори мост, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста баҳри ҳифзи асолати миллӣ, фарзандони фарзонаи миллат аз ҳамаи имкониятҳо истифода намуда, ба хизматҳои онҳо арҷ мегузоранд.

Фармони интишорнамудаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марбут ба “Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино” дар соҳаи тиб мебошад. Ин танҳо як фармон набуда, балки арҷгузорӣ, эҳтиром ва пос доштани хизматҳои ин фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, ин файласуф, табиб ва донишманди сатҳи ҷаҳонӣ мебошад.

Фармони мазкур аз се банди асосӣ иборат мебошад:

1.Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис дода шавад;

2.Фонди Ҷоизаи байналмилалии мазкур ташкил карда шавад;

3.Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низомномаҳои Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб ва Фонди онро таҳия ва тасдиқ намояд.

Мақоми байналмилалӣ гирифтани ҷоизаи мазкур пеш аз ҳама, ба хусусияти ҷаҳонӣ доштани таълимоти Ибни Сино, саҳмгузорӣ дар илми тиб ва фалсафаи ҷаҳонӣ аз тарафи ӯ, обрӯ ва иззати ҷаҳониаш ва ҳавасмандии мутахассисони соҳаи тиб дар пайравӣ аз ному шуҳрати ин нобиғаи илм намуда, тибби тоҷик боз ҳам пешрафту тараққӣ намояд.

Боиси зикри хос аст, ки дар мамлакат ба хотири арҷгузорӣ ва қадрдонии шахсияти Ибни Сино иқдомоти бузурге барои гиромидошти ин абармарди илм ва фалсафаи ҷаҳонӣ сурат гирифтааст:

1.Дар Тоҷикистон барои гиромидошти Абӯалӣ ибни Сино бо қарори КМ ҲКТ ва Шурои Вазирони ҶШС Тоҷикистон Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Ибни Сино – ҷоизаи олии ҷумҳуриявӣ дар соҳаи илму техника 1 марти соли 1967 таъсис гардид.

2.Дар соли 1980 дар Иттиҳоди Ҷамоҳири Шуравӣ бо иштироки ЮНЕСКО 1000-солагии Ибни Сино дар сатҳи ҷаҳонӣ ҷашн гирифта шуд ва як идда осори ӯ, аз ҷумла китоби «Қонуни тиб» дар 5 ҷилд аз чоп баромад.

3.Филми бадеии «Ҷавонии бузургвор» соли 1982, ки аз тарафи киностудияҳои Узбекистон ва Тоҷикистон, бахшида ба солҳои кӯдакӣ ва наврасии Ибни Сино офарида шудааст.

4.Номгузорӣ намудани яке аз бузургтарин донишгоҳҳои Тоҷикистон - Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон соли 1993 ба номи Абӯалӣ Ибни Сино.

5.Пули миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1999 ба муомилот баромад, ки ба хотири хизматҳои арзанда дар 20-сомонаи пули миллӣ расми Ибни Сино пизишк ва файласуфи тоҷик акс ёфтааст.

6.Бо қарори Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, №463 аз 21 ноябри соли 2003 ноҳияи Фрунзеи шаҳри Душанбе ба шарафи Ибни Сино ноҳияи Сино номгузорӣ карда шуд.

7.Дар соҳаи тибби тоҷик ба хотири гиромидошти ин табиб ва донишманд тамоми кормандони соҳаи тиб ба номи ин шахсият қасам ёд менамоянд.

8.Карл Линней ба шарафи Ибни Сино номи растаниеро Авитсенна гузошт.

9.Дар назди институти фалсафа ва сиёсатшиносии АМИТ Маркази синошиносӣ таъсис дода шудааст.

10.Осори зиёд ва гаронбаҳои Ибни Сино дубора рӯи чоп омад.

11.Дар Тоҷикистон даҳҳо кӯчаву хиёбонҳо ба номи Ибни Сино номгузорӣ гардидааст.

12.Беморхонаҳо ва клиникаҳо дар Тоҷикистон ба номи Ибни Сино гузошта шудааст.

13.Даҳҳо корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар соҳаи фалсафа ва тиб доир ба осори Ибни Сино анҷом дода шудааст.

Имрӯзҳо бо ифтихор мардуми тоҷик номи фарзандони худро Сино ба хотири ин табиб ва файласуфи сатҳи ҷаҳонӣ номгузорӣ менамоянд. Ин ҳама иқдомҳои муҳимме, ки ба хотири хизматҳои арзандаи Ибни Сино ситораи илми Шарқ сурат гирфтаанд, дар ташаккули худшиносӣ ва худогоҳии насли наврасу ҷавон ва синошиносии муосир заминаи мусоид фароҳам меоварад. Иқдоми навбатии Пешвои миллат дар бораи таъсиси “Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино” дар соҳаи тиб як пули иртиботӣ миёни насли имрӯз ба таърих ва шахсиятҳои 1000 соли пеш мебошад, ки ин ҳувияти миллии насли наврасу ҷавонро боз ҳам ривоҷу равнақ мебахшад.

Осори тиббии Ибни Сино “Ал-қонун фи-т-тиб” дар панҷ ҷилд, “Мақолатун фи аҳком-ил-адбият-қалбийа”, “Рисолат-ул-қиво-аттабийа”, “Рисола фи-л-фасд”, “Рисола маърифат-ит-иттанаффус ва-н-наб”, “Рисола фи-л-бавл”, “Рисола шарт-ил-тиббӣ”, “Рисола фи- л-қуланҷ”, “Рисола фи зикри адад-ил-амъо”, “Тадорук анво-ил-хато”, “Урҷуза фи-т-тиб”, “Ал-Урҷуза фи ҳифзи-с -сиҳҳа”, “Ал –урҷуза фи-т-ташриҳ” ва ғайра мебошад.

Китоби “Ал-қонун”-и Ибни Сино аз панҷ қисм иборат буда, бузургтарин осори тиббии ҷаҳон маҳсуб мешавад. Қисми якум масъалаҳои умумии тиб, ташреҳи бадан, сабабҳои беморӣ ва нигоҳдории тандурустиро дар бар мегирад. Қисми дуюм дар бораи доруҳои сода ва зиёда аз 800 навъи маводи доруии наботӣ, ҳайвонотӣ ва маъданӣ маълумот медиҳад. Қисми сеюм бемориҳои узвҳои алоҳидаи инсонро шарҳ медиҳад. Қисми чорум ба табҳо, ҷарроҳӣ, заҳролудшавӣ ва дигар бемориҳои умумӣ бахшида шудааст. Қисми панҷум дар бораи доруҳои мураккаб ва фармакология маълумот медиҳад.

Ин китоб аз асри дувоздаҳум ба ин тараф тули 500 сол дар марказҳои омӯзишию илмии ҷаҳон ба сифати китоби рӯимизӣ истифода мешуд. Дар тамоми даврони пизишкии Ғарб ҳеҷ китобе, ки чунин ҷомеъ ва доиратулмаорифгуна асос ва мавзуъҳои пизишкиро фаро гирифта, ба вуҷуд наёмада буд. Бедалел набуд, ки «Ал-қонун”-и Ибни Сино ба суръат ва пас аз тарҷумаи он ба лотинӣ мавриди таваҷҷуҳи донишмандон ва пизишкони Ғарб қарор гирифта, ба чоп расид ва ба унвони китоби асосии дарсӣ дар донишкадаҳои пизишкӣ тадрис мешуд.

Ҳамин тариқ, Ибни Сино ба ҷуз корҳои бузург дар илми тиб дар илми фалсафа ва ахлоқ низ таълимоти арзишманди илмӣ анҷом додааст, ки таълимоти фалсафии Ибни Сино масъалаҳои ҳастишиносӣ, маърифатшиносӣ, ахлоқ, ҳаракат, фазо, вақт, замону макон ва дигар масъалаҳои фалсафиро дар бар мегиранд. Ӯ боварӣ дошт, ки ақли инсон қудрати дарки тамоми асрори коинотро дорад ва ҳадафи олии фалсафа -расонидани инсон ба камолоти ахлоқӣ ва маънавӣ мебошад. Ба эътирофи муҳаққиқони маъруфи аврупоӣ, маҳз ҳамин ҷидду ҷаҳди илмии ӯ заминагузори тафаккури озоди давраи Эҳёи Аврупо гардид.

Ҳамин тариқ, шахсияти Ибни Сино омехтае аз заковат, суботкорӣ ва ҷустуҷӯи бесуботи ҳақиқат буда, дар илм ва фалсафаи ҷаҳонӣ саҳми боризе гузоштааст, ки мо имрӯз аз он ифтихор дорем. Ин ташаббуси Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ин ифтихори моро воқеӣ мегардонад.

ОЛИМИЁН С.Ш. – н.и.ф., и.в. дотсент, мудири кафедраи адабиёт ва рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Данғара