Таҳлили сарчашмаҳои илми сершумор нишон медиҳанд, ки таи садсолҳо мутафаккирони барҷастаи Шарқ дар рушду такомули улуми башари саҳми арзанда гузоштаанд. Бавижа ин саҳмгузори аз ҷониби мутафаккирони асримиёнагии форсу тоҷик бештар ба чашм мерасанд, ки омӯзиши асарҳои онҳо аз ҳар нигоҳ манфиятнок мебошад.
Чи тавре аз таҷрибаи андухтаи кишварҳои тараққикардаи ҷаҳон бар меояд, кишваре ки таваҷҷуҳи асосиро ба самти илму маориф равона кардааст, дар натиҷа аз мушкилиҳои мавҷудбудаи давлату ҷомеа, аз қабили бунёди корхонаҳои саноатӣ, муҳайё намудани ҷойҳои корӣ ба шаҳрвандон, баланд бардоштани сатҳи иқтисоди кишвар ва ғайра то андозае раҳоӣ ёфтааст.
Инро метавон далели раднопазири маҳаки асосии ин кишварҳо номид, зеро илму маърифат ин маҷмўи донишҳоест, ки ба самт ё соҳае равона карда мешавад ва албата, ки натоиҷи он самараи хубе ба бор меоварад. Ҳамаи инро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарк намуда 23 майи соли 2026, таҳти №1180 дар бораи «Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб» Фармон ба тасвиб расониданд.
Фармони мазкур бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки дар қатори паҳлӯҳои мухталифи сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат рушди неруи маънавии ҷомеа низ дар маркази таваҷҷуҳи роҳбарияти олии мамлакат қарор дорад.
Мақсади асосии «Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб» ин пеш аз ҳама ҷалби ҷавонон ва аҳли зиёву табақаҳои гуногуни ҷомеа ба илми тиб мебошад. Ба ин васила метавон нигоҳи аҳли ҷомеаро ба ин самт, самти илму маърифат равона кард, ки дар натиҷа сатҳу сифат ва касбияти мутахасисон баланд шуда, илму маорифи кишвар устуворона рушд намуда, заминаи мустаҳкам бо донишҳои қавӣ поянда мегардад. Дар раванди ҷаҳонишавӣ бо амиқ гардидани донишҳо дар шохаҳои гуногуни илм ҳисси худшиносиву худогоҳӣ ташаккул меёбад.
Ҷомеа бахусус ҷавонон аз ниёгони худ ба монанди фарзанди фарзонаи тоҷик Абӯалӣ ибни Сино ва амсоли ӯ, ки аввалин кашшофи баъзе масоили муҳими илмҳои мухталиф, ба монанди тиб, мантиқ, фалсафа ва дақиқу табиӣ, то зуҳури илм дар ғарб буданд, умқан огаҳӣ пайдо мекунанд.
Ғайр аз ин, баробарарзишӣ дар сатҳи байналмилал ба вуҷуд меояд. Бо вуҷуди ин, Ҷоизаи мазкур вобаста ба номитатсияҳои гуногун миқдори муайяни мукофотро дорост, ки ҳар як иштирокчиро бевосита ба худ ҷалб менамояд. Агар ба шакли ақал гуем ҳам дар иштирокчиён таҳаввули тафаккур ба самти мусбат ба илми тиб бозҳам зиётар равона мегардад.
Бинобар ин, пеш аз оне, ки озмун эълон карда шавад ҳамаи ин ҷанбаҳо ба назар гирифта шудааст, ки самараи нек ба бор хоҳад овард.
Чи тавре, ки дар боло зикр гардид дар озмун барои сарфароз шудан ба Ҷоизаи мазкур табақаҳои гуногуни ҷомеа дар соҳаи тиб ширкат варзида метавонанд. Маҳз иштирокчиён ё ҷоизадорони байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб бо донишу идеяҳои мукаммалнамудаи худ баҳри рушди ҷумҳурии соҳибистиқлоламон метавонанд хизматҳои арзандае намоянд.
Мутмаинона метавон гуфт, ки ҳар як иштирокчӣ ҳиссаи худро дар ин раванд мегузорад ва ин ҳиссаҳо тадриҷан дар маҷмуъ хеле бузург хоҳад шуд. Аз ин рў, метавон гуфт – Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб, ки тамоюли ҷойдошта далоил ба сўӣ ояндаи дурахшон аст.
Муовини ректор оид ба илми ДДД н.и.х., дотсент Олимзода Р. А


