23-юми майи соли 2026 Асосгузори сулҳу ваҳдати тоҷикон – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Фармонеро таҳти №1180 ба тасвиб расониданд, ки фазои иттилоотӣ-илмӣ-фарҳангии кулли дунёро фаро гирифт. Ин фармон марбут бар “Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино” мебошад. Фармони мазкур фарогири се банди зер аст:
1. Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис дода шавад.
2. Фонди ҷоизаи байналмилалии мазкур ташкил карда шавад.
3. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низомномаҳои Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб ва Фонди онро таҳия ва тасдиқ намояд.
Рутба ё статуси байналмилалӣ гирифтани ҷоизаи мазкур маънои онро дорад, ки он дар баробари дигар ҷавоизи сатҳи ҷаҳонӣ баромад ва истодагарӣ мекунад ва тамоми донишмандону пажӯҳандагон ва мутахассисону соҳибкасбони соҳаи тиб, умуман, андешаҳои фавқуззеҳн дар ин соҳаро дар гирди меҳвари худ гирд меоварад ва донишмандони яккатози тибби ҷаҳониро ба сӯйи худ мекашад.
Ба тасвиб расидани фармони Пешвои миллат, агар аз як тараф, изҳори иззату эҳтиром бар бузургони илму адаби форсу тоҷик ва таблиғи фарҳанги тоҷикон дар арсаи ҷаҳонӣ бошад, аз сӯйи дигар, гузоштани садди бузург дар баробари фарҳангдуздон ва азхудкунандагони мероси гаронбаҳои моддиву маънавии тоҷикон хоҳад буд. Ибни Сино, ба истиноди кулли маълумоти сарчашмаҳо, манобеъ ва маъхазҳои пешину имрӯз, аз оилаи тоҷик бархоста ва аз модари тоҷик ба исми Ситора ба дунё омадааст. Деҳае, ки ин донишманд дар он ҷо дида ба олам кушода буд, Афшина (/ Афшана) ном дошт, ки ҳам вожаи қадимае аз вожагони порсист. Дар бобати худи исми Бухоро, ки Афшина деҳае аз он буд, ҳоҷат бар баҳс нест, чун он исми бостонии суғдист, ки аз шохаҳои куҳани забонҳои эронӣ аст, ки забони имрӯзи тоҷикӣ дар масъалаи вожагон то ҳадди қобили таваҷҷуҳе вомдори ин шохаи куҳани забонҳои эронӣ аст.
Баъдан, Ибни Сино ҷуз аз забони арабӣ, ки дар замони ӯ забони илму мадраса буд, танҳо бо забони порсӣ-тоҷикӣ осори мансуру манзум навиштааст, ки танҳо ду рисолаи ӯро бо унвонҳои “Донишнома” ва “Рисолаи саргузашт” ном гирифтан кофист, ки дар ин мавзуъ далели собиту раднашаванда хоҳанд буд. Дар назм ҳам ашъори шунуфтание аз ин алломаи тоҷик маҳфуз монда, ки танҳо рубоиёти баландмазмуни ӯ бурҳони равшане бар ин мавзуъ ҳастанд. Ҷуз аз забони арабӣ ва порсӣ-тоҷикӣ Ибни Сино дигар бо ҳеч забоне асаре нанигошта, на дар наср ва на дар наср. Мантиқан, агар як донишманд бо забони роиҷи илмии замони худ осор нависад, ишқу муҳаббат ва ҷазаботи ботинӣ ӯро ба таҳрик дармеоваранд, то бо забони модарии худ низ чизеро ба ёдгор бимонад. Ибни Сино ҳам, дар баробари навиштани осори арабӣ, аз забонҳои дигар танҳо бо забони порсӣ-тоҷикӣ эҷод кардааст, ки ин далели далолатпазиру ғайриинкоре бар ин матлаб аст, ки забони модарии ӯ тоҷикӣ аст ва ӯ аз хонадони тоҷик баромадааст.
Ин табиати инсонӣ, бахусус мардуми асри имрӯз аст, ки мехоҳанд ҳар чизеро, ки шоиста ва гаронбаҳост, хоҳ мавориси маънавӣ, хоҳ моддӣ, онро аз худ бикунанд ва бо номи миллати хеш муҳр бизананд. Ибни Сино ҳам, мутаассифона, дар баробари чанде дигар аз бузургони илму фарҳанги эронӣ, ҳадафи ҳамин гуна муохазаву азхудкуниҳо қарор гирифта, ки агарчи бар гузашташиносиву асолати миллии ӯ аз нигоҳи илмӣ ихлоле ба бор нахоҳанд овард, аммо то ҷое мағзи наслҳои ҷавон ва ононеро, ки ба таъсири таҳмили рӯзафзуни интернет аз китобу дониши бунёдӣ ба дур мондаанд, заҳрогин карда, аз ҳақиқати воқеии таърихӣ дар фосила қарор медиҳад. Кӣ намехоҳад, ки донишманде, ки дар асри худ “Ҳар банд кушода шуд, магар банди аҷал” гуфта буд ва бо рифъати тафаккуру жарфнои андешаи илмии хеш бар сарои асрори илоҳӣ низ дар кӯбида буд, моли ӯ нашавад?! Ҳама мехоҳанд, ки Ибни Сино ва ҳамтоёни илмии ӯ аз миллати ӯ бошанд. Аслан, бузургон моли кулли башаранд ва мероси зеҳнии онон моли тамаддуни умумиинсониянд. Аммо, маҳз бо рӯхез шудани мавзуи муохазаи абармардон ва абарфарҳангҳо бо ҷасорат иброз медорем, ки Абуалӣ ибни Сино фарзанди тоҷик ва модари тоҷик аст!
Дар робита бар ин мавзуи барои миллат ва фарҳанги миллӣ сахт муҳим, ба тасвиб расидани ҳамчунин фармоне аз ҷониби муҳтарам Президент иқдоме саривақтӣ ва ҳамнафас бо фазои имрӯзи байнулмилал хоҳад буд. Рутбаи байналмилалӣ гирифтани ин Ҷоиза чароғи равшану хомӯшнашавандае дар шоҳроҳи таблиғу ташвиқи фарзонагони илму маърифати тоҷикон хоҳад буд! Хушо ба ҳоли Пешвои муаззам ва фарзанди содиқи миллат, ки ҳамвора пайи фурӯзон кардани ЧАРОҒИ МИЛЛАТ гом мениҳанд ва сол аз пайи сол иқдомоте наҷибро дар иқдосу икроми фарзандони барӯманди МОДАРИ тоҷик пиёда месозанд.
Саидҷаъфаров О.Ш. д.и.ф., профессори Донишгоҳи давлатии Данғара


