Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва тағйирёбии муносибатҳои сиёсиву иқтисодӣ масъалаи рушди муназами минтақаҳо ва беҳтар намудани шароити зисту зиндагонии аҳолӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати ҳар давлат ба ҳисоб меравад. Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон низ таъмини рушди иҷтимоию иқтисодии минтақаҳо ва таҳкими суботи сиёсӣ аҳамияти калидӣ дорад. Дар ин замина Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи махсусро ишғол менамояд.
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон минтақаи кӯҳии дорои аҳамияти стратегӣ ва геополитикӣ буда, бо давлатҳои Афғонистон, Чин ва Қирғизистон ҳамсарҳад мебошад. Махсусиятҳои ҷуғрофӣ, релефӣ, иқлимӣ ва демографӣ рушди иқтисодии минтақаро то андозае мушкил гардонидаанд. Бо вуҷуди ин, солҳои охир таваҷҷуҳи давлат ба рушди инфрасохтор, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва таҳкими суботи сиёсӣ бештар гардидааст. Рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва суботи сиёсӣ бо ҳамдигар робитаи мустақим доранд. Ҳар қадар сатҳи зиндагии аҳолӣ беҳтар гардад, ҳамон қадар фазои иҷтимоӣ ором ва эътимоди мардум ба давлат бештар мешавад. Аз ин рӯ, омӯзиши масъалаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ ҳамчун омили таҳкими суботи сиёсӣ дар ВМКБ аҳамияти муҳими илмӣ ва амалӣ дорад.
Боиси зикри хос аст, ки дар 70 соли ҳокимияти Шуравӣ ин вилотя аз ҳар ҷиҳат ба мушкилоти зёди иқтисдиву иҷтимоӣ ва комуникативӣ рӯ ба рӯ буд. Баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар мамлакат таваҷҷӯҳи давлату ҳукумат ва махсусан Роҳбарияти олии мамлакат ба ин вилоят афзуда, баҳри бартараф намудани монеаҳои комуникатсионӣ, омилҳои иҷтимоиву иқтисодӣ аз тамоми имкониятҳо васеъ истифода гардид. Дар асоси ҳадафи стратегии давлат яъне аз бунбасти комуникатсионӣ раҳо додани мамлакат дар шоҳроҳи Душанбе, Кулоб, Хоруғ Кулма корҳои сохтмонӣ оғоз гардида, бо бунёд намудани роҳу пулҳо ва нақбҳо рафтуомад ва боркашонӣ ба вилояти мазкур дар чор фасли сол ба таври доимӣ таъмин гардид. Ин раванд ба рушди соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва субти сиёсӣ замина фароҳам омад.
Аз сафари соли 2025 ба вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки доштем, мушоҳида гардид, ки инфрасохтори соҳаи маишӣ, соҳаҳои иҷтимоӣ ва роҳу нақлиёт мунтазам бунёд гардида, ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ кунонида шудааст.
Инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ, иншоотҳои соҳаи тандурӯстӣ, маориф, варзиш, фарҳанг ва корхонаҳои хурду бузурги саноативу маъдан сохта ба истифода дода шудааст, ки аз як тараф ба рушди иқтисодиву иҷтимоӣ мусоидат намояд, аз тарафи дигар дар самти бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудани аҳолӣ ва таъмини бозори истеъмолӣ шароит фароҳам меоварад.
Бунёди инфрасохтори маишӣ аз соҳаҳои муҳим дар ин вилоят ба ҳисоб меравад, ки мо дар сафари худ ба ин вилоят аз ноҳияи Дарвоз то ба ноҳияи Ишкошим дидан намуда, аз меҳмонхонаҳо, ошхонаҳо, тарабхонаҳо ва дигар иншоотҳои маишӣ истифода намудем. Маълум гардид, ки имрӯз дар дурдасттарин ноҳия ва ҳатто деҳоти мамлакат ва махсусан вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тамоми иншоотҳои соҳаи маишӣ мавҷуд мебошад. Ин аст, ки сайёҳони зиёде барои тамошо, истироҳату фароғат, табобат ва истироҳат ба ин вилоят меоянд. Аз сайёҳони дохилӣ дида дар вилоят мо бештар сайёҳони хориҷиро мушоҳида намудем ва ҳангоми суҳбат бо сайёҳон маълум гардид, ки меҳмонон на танҳо аз табиати биҳиштосо, манзараҳои зебо лазат мебаранд, балки аз фарҳангу суннатҳои миллии мардуми маҳаллӣ низ хеле хушнуд буда, аз пазироии гарм, амнияти доимӣ, муносибати хуби аҳолӣ бо меҳмонон хеле хушбинанд ва ба мардуми вилоят ва кулли миллати тоҷик дар меҳмоннавозӣ ва фарҳанги волои тоҷкона қаноатманд мебошанд. Рушди бемайлони вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, фарҳанги воло, ташаккули иқтисодиёту дигар соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ дар вилоятро баррасӣ намоем.
Тибқи баҳогузории созмонҳо ҷаҳонӣ Тоҷикистон таи чанд сол аст, ки ба яке аз амнтарин кишварҳои ҷаҳон шомил гардида, сулҳу ваҳдат ва амнияти давлативу ҷамъиятӣ бо шарофати Пешвои сулҳофарамон дар мамлакат таъмин мебошад. Дар ин раванд вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ яке аз амнтарин вилоятҳои Тоҷикистон буда, зиндагонии мусолиматомез, ваҳдату якдилӣ боиси рушди тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ шуда истодааст. Аммо ваҳдату амнияти моро на ҳама кишварҳо хуш доранд. Бархе кишварҳо ва гурӯҳҳои манфиатдор мехоҳанд ва мехостанд, ин ҳама сулҳ ва амнияти сар то сарӣ давлати моро ноамн намуда, дар миёни мардуми тамаддунофари тоҷик бо ҳадафҳои муғризонаи худ тухми кину адоватро корида, миллатро ба низоъ таҳрик диҳанд. Мисоли ин гуфтаҳо шуда метавонад, ҳодисаҳои соли 2022 дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рӯхдода. Ин ҳодисаҳоро хоҷагони хориҷии гурӯҳҳои ҷиноятпеша бо истифода аз фарзандони ин миллат мехостанд дар мамлакат суботи сиёсӣ ва зиндагонии мусолиматомезро халалор намуда, авзои сиёсии мамлакатро буҳронӣ намоянд. Аммо ақли солим ва зиракии сиёсии хизматчиёни давлатӣ ва амниятӣ, шаҳрвандон ва махсусан ҷавонон, боис гардид, ки дар атрофи Пешвои миллат, ки барои миллати тоҷик сулҳ ва ваҳдатро арзонӣ намудааст, ҷамъ омада, нақшаҳо нопоки гурӯҳҳои манфиатдор ва ҳадафҳои муғризонаи онҳоро барҳам диҳанд.
Ҷавонони саодатманди Бадахшон аз ҳадафҳои нопоки ин гурӯҳҳо огоҳ гардида, дар таъмини сулҳу субот ва якпорчагии миллат дар канори давлату Ҳукумат қарор гирифта, аз низоъҳо ва буҳрони баамада барои худ панд гирифтаанд. Ин буд, ҷавонони мо махсусан ҷавонони Бадахшон фирефтаи дасисаҳои бегонагон нагардида, баҳри таъмини сулҳ ва ваҳдати миллӣ сарҷамъ шуда, бар зидди қувваҳои аҳриманӣ истодагарӣ намудаанд.
Боиси зикри хос аст, ки суботи сиёсӣ яке аз шартҳои муҳимми рушди давлат ва ҷомеа мебошад. Барои минтақаҳои сарҳадӣ, аз ҷумла вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, масъалаи суботи сиёсӣ аҳамияти махсус дорад ва ба он аҳамияти аввалиндараҷа дода мешавад. Бояд қайд намуд, ки ваҳдати миллӣ ва суботи сиёсӣ дар ҷомеа боиси рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ва иқтисодӣ гардида, маҳаккӣ асосии рушд ва тарақиёт ба ҳисоб меравад.
Боиси зикри хос аст, ки яке аз омилҳои асосии рушди иҷтимоӣ беҳтар гардидани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои иҷтимоӣ мебошад. Дар вилоят сохтмони муассисаҳои нави таълимӣ ва тандурустӣ ба баланд гардидани сатҳи маърифат ва ҳифзи саломатии аҳолӣ мусоидат мекунад.
Тайи солҳои охир маҳсулоти дохилии минтақавии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон давоми се соли охир 33,6 фисад афзуда, ба 1,7 млрд сомонӣ баробар шудааст. Воқеан баъди иқдоми ғамхоронаву бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат дар мавриди эълони марҳилаи тозаи рушди бесобиқаи ВМКБ қариб дар тамоми соҳаҳои ҳаётии вилоят дигаргуниҳои куллӣ рӯи кор омаданд, ки ба рушди соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва суботи сиёсӣ мусоидат намуд.
Ҳаҷми буҷети қабулгардидаи вилоят барои соли 2025 ва натиҷаи пешакии иҷрои он барои соли 2024 дар қиёс ба се соли қабл ба маблағи 281,9 млн. сомонӣ афзоиш ёфта, иҷрои он дар соли гузашта ба ҳисоби пешакӣ 473 млн. сомониро ташкил дод. Дар ин радиф ба иқтисоди ВМКБ аз ҳисоби дигар манбаъҳои маблағгузорӣ давоми се соли охир зиёда аз 5 млрд. сомонӣ ҷалб гардидааст. Тавассути баргузории форуми байналмилалии “Помиринвест” дар маҷмуъ ба маблағи 3 млрд. сомонӣ шартномаҳо баста шудаанд.
Дар воқеъ, ҷанбаи асосие, ки ба рушди иқтисодию иҷтимоии вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон такони ҷиддӣ мебахшад, ин рушди ҳамаҷонибаи саноати кӯҳӣ мебошад. Бо ин мақсад дар ҳудуди вилоят феълан 43 кон, 46 зуҳуроти маъдан бо 24 намуд канданиҳои фоиданок ва нуқтаҳои дорои сангу металлҳои қиматбаҳо муайян шудаанд.
Ҳамзамон, ба кор андохтани иқтидори истихроҷ ва коркарди маҳсулоти канданиҳои фоиданок бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ҳоло дар 7 кон корҳои истихроҷи маъдани кӯҳӣ, аз қабили тилло, нуқра, мармар ва хокаи ин санг идома дошта, дар маҷмуъ соли гузашта аз ҳисоби онҳо ба маблағи 78,1 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардидааст. Ин ҳама дар рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудани аҳолӣ замина фароҳам меоварад.
Солҳои охир дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон роҳҳои байналмилалӣ ва дохилӣ таҷдиду навсозӣ гардидаанд. Хусусан роҳи мошингарди Шоҳроҳи Душанбе- Кулоб, Ғоруғ – Кулма аҳамияти стратегии муҳим дошта, минтақаи мазкурро бо маркази ҷумҳурӣ ва кишварҳои ҳамсоя мепайвандад.
Беҳтар гардидани роҳҳо барои рушди савдо, сайёҳӣ ва ҳамкориҳои иқтисодӣ замина фароҳам оварда, вилояти мазкур ба як долони иқтисодии бузург табдил гардида, дар рушду инкишофи иқтисодиёти мамлакат мусоидат намуда истодааст.
Бунёди объектҳои стратегӣ, аз қабили қитъаи шоҳроҳи Душанбе- Хоруғ- Кулма, аз маркази ноҳияи Дарвоз то ноҳияи Рӯшон, пули бузурги нақлиётӣ дар шаҳри Хоруғ, қитъаи шоҳроҳ дар ноҳияи Шуғнон ва НБО-и “Себзор” дар ноҳияи Роштқалъа ва дигар иншооти муҳим, ки маблағи умумии онҳо 3,7 млрд. сомониро ташкил медиҳад, бо маром идома дорад.
Боиси зикри хос аст, ки дар ҷараёни ташрифи навбатии таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилоят бо иштироки Пешвои миллат 7 корхонаи истеҳсолӣ, аз ҷумла дар шаҳри Хоруғ корхонаи истеҳсолии “Оҳансарой”, корхонаи коркарди санги ҶДММ “Суман”, корхонаи пойафзолдӯзии ҶДММ “Сандал”, дар ноҳияи Дарвоз корхонаи истеҳсоли маҳсулоти хӯроквории ҶДММ “Таҷ ғалла”, корхонаи калсит ва рангбарории ҶДММ “Шимшо” ва корхонаи макаронбарории ҶДММ “Рател паста”, инчунин дар ноҳияи Мурғоб нерӯгоҳи офтобӣ ва ғайраҳо ба истифода дода шудаанд.
Соҳаи саноат дар вилоят бо ташаббуси Пешво миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз ҳадафҳои чоруми стратегӣ “Саноатикунонии босуръати мамлакат” мебошад, аҳамияти махсус дода шуда, имрӯзҳо як қатор корхонаҳои саноатӣ ва истеҳсолӣ бо ташаббуси роҳбарияти олии мамлакат ва соҳибкорони ватанӣ бунёд гардида истодааст. Боиси зикри зхос аст, ки теъдоди иншооти муҳими саноатӣ дар вилоят ба 138 адад расида, маҷмуи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ аз рӯи ҳисоботи пешакӣ танҳо давоми соли равон 300 млн. сомониро ташкил медиҳад, ки нисбати соли гузашта 89 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Ин ҳама баҳри некуаҳволи мамлакат мусоидат намуда, сатҳу сифати зиндагонии аҳолӣ ва ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии сокинон ба маротиб хуб гардидааст.
Бояд тазаккур дод, ки дар вилоят дар даврони соҳибистиқлолӣ неругоҳҳои хурду миёнаи барқӣ бунёд гардида, вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо нерӯи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза ва доимӣ дар чор фасли сол таъмин мебошанд, ки дар ин раванд нақши Ҳукумати мамлакат ва махсусан Пешвои миллат ба ғоят бузург мебошад.
Рушди соҳаи сайёҳии вилоят, инчунин мавҷудияти ҷойҳои таърихию табобатӣ, ба монанди кӯли Сарез, осоишгоҳи Гармчашма, Авҷ, Ямчун, Ҷелондеҳ, Бибӣ Фотимаи Зуҳро, қаторкӯҳҳои баландтарин дар ҷаҳон пиряхҳои Помир ва ғайра мусоидат менамоянд. Боиси зикри хос аст, ки соли 2013 Боғи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рӯйхати Мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид, ки муаррифгари Тоҷикистон ба ҷаҳониён оид ба рушди сайёҳии экологӣ ва дарҳои кушод ба сайёҳии берунӣ мебошад.
Дар худуди вилоят 50 меҳмонхонаи хурд, аз қабили «Ҳомстей» ва «Гестҳауз» фаъолият мекунанд, ки мақсади асосии таъсис додани ин меҳмонхонаҳо паст кардани сатҳи бекорӣ ва баланд бардоштани дараҷаи хизматрасонӣ ба сайёҳон мебошад. Осоишгоҳҳо ва курортҳо: дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 4 осоишгоҳ вуҷуд дорад. Дар ноҳияи Шуғнон дар водии Ҷелондеҳ, дар ноҳияи Ишкошим Авҷ, Гарм Чашма, Бибӣ Фотимаи Зуҳро.
Мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ ва зиёратгоҳҳо: дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ 251-ададро ташкил медиҳанд. Аз ин шумора дар шаҳри Хоруғ 12, ноҳияҳои Давроз 9, Ванҷ 15, Рӯшон 35, Ишкошим 76, Шуғнон 32, Мурғоб 15 ва Роштқала 51-то мебошанд.
Ҳамин тариқ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва ҳаёти сиёсӣ дар вилоят хеле беҳтар гардида, омили асосии пешрафту тарақиёти вилоят ва таъмини саодати шаҳрвандон аз ҳадафҳои асосии давлату ҳукумат мебошад, ки имрӯз шаҳрвандони Бадахшон низ аз сиёсати сулҳҷӯёна пуштибонӣ намуда, дар пешрафту тарақиёти кишвар ва муарифии давлату миллат ва дастовардҳои тамаддунии миллат дар арсаи байналмилалӣ саҳми боризи худро мегузоранд.
Азизов К.Ҷ. – н.и.ф., дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарии Донишгоҳи давлатии Данғара


