РОҲҲУ УСУЛҲОИ МУҚОВИМАТ БО ТЕРРОРИЗМ ВА ИФРОТГАРОӢ- МИЁНИ ҶАВОНОН ВА ШАХСОНИ НООГОҲ ДАР ШАРОИТИ ИМРӮЗА

Дар сароғози нимаи якуми асри XXI ҷомеаи башарӣ дар шароити на он қадар хуб қарор гирифтааст, ҳамчунин гирифтори мушкилоти зиёде аст, ки рушди терроризм ва ифротгароӣ аз ҷумлаи он масъалаҳои ҳалталаб ва доғи рӯз мебошанд. Терроризм ва ифротгароӣ тамоми ҷомеаҳоро фаро гирифта, бо истифода аз абзорҳои мухталиф кӯшиш бар он доранд, ки таъсир ва нуфузри худро боло баранд ва бо ин роҳ мақсадҳои манфури хешро амалӣ созанд. Нерӯҳои созандаи аҳли башар дар шароити кунунӣ бар он мекӯшад, ки таъсир ва нуфузи созмону гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгароиро ба мардум ва ҷомеаҳо кам намоянд ва ба нестӣ расонида бошанд. Яке аз масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи неруҳои муборизабаранда бо терроризм ва ифротгароӣ ин кам намудан ва ё пешгирӣ намудани таъсири ин гурӯҳҳо ва созмонҳо дар фазои маҷозӣ мебошад, ки имрӯз аксари мардуми башар дар он ҳузур доранд. Саволи асосӣ дар ин маврид он буда метавонад, ки чи гуна метавон таъсири созмонҳои террористӣ ва ифротгароро дар фазои маҷозӣ кам намуд ё худ шаҳрвандони худро аз гирифторияшон дар доми гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгаро дар ин фазо боздошт?

Чи хеле ки қайд намудем, созмонҳои террористӣ ва ифротгаро аз тамоми имконе, ки доранд барои мустаҳкам намудани мавқеи худ истифода мекунанд. Аз он ҷумла, дар шароити имрӯза фазои маҷозӣ ё интернет ба майдоне табдил ёфтааст, ки чунин созмонҳо ва гурӯҳҳо бо лаҳну шеваи мухталиф дар он фаъолият мебаранд.

Дар даҳсолаҳои охир шабакаҳои интернетӣ чун абзори муҳими пайванд ва иттилоотрасонӣ таваҷҷуҳи васеи гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгароро ба худ кашидааст, то бо пайравон ва мухотабони худ дар алоқа қарор гирифта бошанд. Гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгаро дар замони муосир ба таври васеъ аз интернет истифода мекунанд. Аз он ҷумла террористон ва ифрогароён дар фазои маҷозӣ ҷанги равонӣ мебаранд, иттилооти зарурияшонро ҷамъ меоваранд, дигаронро дар заминаи андешаҳо ва мақсадҳои худ омӯзиш медиҳанд, кӯмаки молӣ меҷӯянд ва меситонанд, тарғибот мебаранд ва дигаронро ба фаъолияташон ҷалб менамоянд, шабака месозанду нақша мекашанд ва ҳатто амали террористиро ҳамоҳангсозӣ мекунанд. Дар умум дар шароити имрӯза шабакаи интернет барои созмонҳои террористию ифротгаро чун як василаи хуби таъсиррасонӣ ба дигарон гаштааст.

Чи тавре, ки мушоҳида мегардад, дар шароити кунунӣ Интернет дар баробари хубиҳо ва истифодаи самараноки он ҳамчунин абзоре барои паҳну пахши маводи мӯҳтавои фаҳшдошта ва террористию ифротгароӣ баромад мекунад. Гурӯҳҳои дорои мақсадҳои мухталифи сиёсӣ аз он ҷумла гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгаро пас аз зуҳури Интернет имкониятҳои ин шабакаи иттилоотии ҷаҳониро барои паҳн намудани андеша ва таблиғи худ, пайванд бо пайравону ҳаммаслаконашон, огоҳии ҷомеа аз мавқеъгирияшон истифода мекунанд.

Бо табиат ва хусусиятҳои худ фазои маҷозӣ аз чанд ҷиҳат барои фаъолияти созмонҳои террористӣ ва ифротгаро фазои мусоид мебошад. Фазои маҷозӣ барои гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгаро чунин имкониятҳо медиҳад:

– дастрасии осон ба фазои маҷозӣ, ки хусусан ҳузури физикиро талаб намекунад;

– набудани идоранамоӣ ё идораи маҳдуд, сензура ё дигар навъҳои назорати давлатӣ;

– мухотабони зиёд дар тамоми ҷаҳон, зеро аксари одамон ва хусусан ҷавонон имрӯз аз имкониятҳои интернет ба таври мухталиф истифода мекунанд;

– пӯшида ва махфӣ будани ҳамагуна иртиботот, ки аксари ҳолат аз чашми мардум ва субъектҳои муборизабаранда бо терроризм ва ифротгароӣ пинҳон мемонад;

– ҷоришавии босуръати иттилоот, паёмҳо ва андеша;

– ҳузури арзон ва таъминоти арзон;

– муҳити мултимедӣ (имкони фарогирии матн, графика, аудио ва видео, имкони истифодабарандагон барои гирифтани нусхаи электронии кинофилмҳо, сабтҳо, китобҳо, расмҳо ва ғ.);

– имконияти кӯчидан ва фарогирии мӯҳтавои он дар васоити ахбори оммавии анъанавӣ, ки Интернетро чун манбаи иттилоот ифтифода мекунанд.

Интернет воситаи иттилоотии ғайрисензурӣ мебошад, ки ҳикоятҳо, расмҳо, мавқеъгириҳо, ваҳшатафканӣ ё паёмҳои мухталифро новобаста аз воқеият доштан ва ё надоштанашон ба мухотабон мерасонанд. Чунин имконияти шабакаи интернет ҳатто ба гурӯҳҳои хурде имкон медиҳад паёми худро бузург ва хатари худро барзиёд нишон диҳанд.

Ҷиҳати дигари истифодаи интернет аз ҷониби гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгаро ин ҷамъиятӣ шудани таблиғоти онҳо аст. Интернет дар шароити имрӯза барои гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгаро он имкониятеро фароҳам сохтааст, ки ҷамъиятӣ шудани худро таъмин намоянд. То ба зуҳури интернет гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгаро мехостанд ҷамъиятӣ шудани худро бо ҷалби телевизион, радио ва воситаҳои ахбори чопӣ таъмин намоянд. Албатта, созмонҳои террористию ифротгаро ҳадди муайяннамударо дар воситаҳои ахбори анъанавӣ убур карда наметавонистанд. Аммо дар сомонаҳои интернетии худ ин гурӯҳҳо чунин ҳадди муайяне барои маҳдудият надоранд ва ҳарчӣ дилашон хост ба самъи ҷомеа мерасонанд. Мусаллам аст, ки дар шароити имрӯза гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгаро худ мӯҳтавои паёмашонро дар интернет муайян мекунанд, ки ба онҳо имкон медиҳад симои худ ва ҳарифашонро мувофиқи хосташон тарҳрезӣ ва пешкаши мухотабон созанд.

Созмонҳои террористӣ ва ифротгаро дар шароити имрӯза аз имкониятҳои интернет барои ҷалби аъзову пайравон ва сафарбаркунии онҳо ба амалҳои террористӣ васеъ истифода менамоянд. Интернет дар шароити имрӯза чун абзори муҳими сафарбаркунӣ барои террористон баромад менамояд. Ҷалбкунандагон барои ҷалби нафарони нав ба гурӯҳҳои террористӣ метавонанд аз чатхонаҳо, паёмрасонҳо, фиристодани мактуб ба суроғаҳои электронӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ дар интернет васеъ истифода намоянд. Истифодаи интернет ба гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгаро чунин шароитеро фароҳам намудааст, ки шабакаҳои худро ташкил дода бошанд ва ё бо дигар гурӯҳҳои ҳамақидаи худ пайвандро барқарор созанд. Фазои маҷозӣ барои чунин гурӯҳҳо пайванди мусоидро фароҳам намудааст.

Ҷиҳати дигари истифодаи интернет аз ҷониби гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгаро ин паҳн намудани иттилоот ва ё расонидани иттилоот мебошад. Имрӯз дар шабакаи интернет ҳатто сомонаҳое ҷой доштаанд, ки дар мавриди ҳамлаҳои вайронкунанда ва шеваҳои баргузории онҳо маълумот паҳн мекунанд.

Чи гунае, ки муайян шуд дар марҳилаи имрӯза мубориза бо ҳузури терроризм ва ифротгароӣ дар фазои интернет яке аз масъалаҳои муҳим ва ҳалталаб мебошад. Зеро дар аксари ҳолат назорати ҷавонон дар фазои маҷозӣ ғайриимкон ва мушкил аст ва эҳтимоли дучори онҳо бо иттилоот ва тарғиби ҳаргуна созмонҳои террористӣ ва ифротгароӣ ҷой дорад. Аз ин рӯ, мушкилоти ҳузури созмонҳои террористӣ ва ифротгаро дар фазои интернет ба яке аз масъалахои ҳалталаби имрӯз табдил ёфтааст. Субъектҳои бар зидди терроризм ва ифротгароӣ муборизабаранда ва мардуми кишварро зарур аст, ки сари ҳалли ин масъала биандешанд то ҷомеа ва наздикону пайвандонашонро аз шарри ҳузури терроризм ва ифротгароӣ дар фазои маҷозӣ эмин нигоҳ дошта бошанд. Дар шароити Тоҷикистон дар солҳои охир мисолҳои зиёде буданд, ки ҷавонони моро дар фазои маҷозӣ гумроҳ сохтанд ва ба сафи гурӯҳу созмонҳои террористӣ ва ифротгаро шомил намуданд. Нафарони зиёди гумроҳшуда ва пайвандгашта ба созмонҳои террористӣ дар фазои маҷозӣ ба тарғиби ин гурӯҳҳо машғул буданд, ки албатта дигар ҷавононро низ гумроҳ мекарданд.

Агарчанде назорат ва ё комилан ба нестӣ расонидани таъсири созмонҳои террористӣ ва ифротгаро дар фазои маҷозӣ дар шароити имрӯзаи рушди технологӣ ғайриимкон ва мушкил аст, чанде аз қадамҳо дар пешгирии таъсири онҳо ба мардум ва хусусан ҷавонон метавонанд муассир бошанд. Омилҳои пешгирикунандаи нуфузи созмонҳои террористию ифротгаро дар фазои маҷозӣ ва таъсири онҳо ба мардум ва қишри ҷавонро метавонем шартан ба ду гурӯҳ ҷудо намоем. Аввалан омилҳои пешгирикунанде, ки ба истифодабарандагони фазои маҷозӣ пайванд аст ва дуюм он омилҳои пешгирикунандае, ки ба фаъолияти субъектҳои зиддитеррористӣ алоқамандӣ доранд.

Дар аввал дар мавриди омилҳое сухан меронем, ки ба рафтори истифодабарандагони фазои маҷозӣ иртибот доранд. Пеш аз ҳама моро зарур аст, ки фарҳанги истифодаи дуруст ва саҳеҳ аз интернет ва фазои маҷозиро ба мардуми кишвар ва хусусан ба қишри ҷавон омӯзонида бошем. Фазои интерент дар шароити имрӯза ба як баҳр ва ё уқёнуси иттилоотӣ монанд аст, ки фарогири анвои мухталифи иттилоот, аз ҷумла иттилооти созанда ва сӯзанда мебошад. Албатта ҳузур дар ин баҳри иттилоотӣ аз мо шиновари моҳир буданро тақозо мекунад, то дар мавҷҳои иттилооти нолозима ва тӯфонҳои фаҳшу разолат ғарқ нагардида бошем. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки ба ҷавонони кишвар ва хусусан ба он қишри аҳолӣ ки ҳанӯз аз ҷиҳати ақлонӣ пухта нестанд, фарҳанги дуруст ва саҳеҳи истифода аз шабакаи интеренет ё худ истифодаи бомавриди онро омӯзонида бошем. Ба андешаи мо истифодаи бамаврид аз шабакаи интернет метавонад яке аз кафолатҳои муҳими дучор нашудан ба тарғиб ва доми созмонҳои террористию ифротгаро бошад. Аксари ҳолат истифодаи бомаврид аз шабакаи интернет миёни мардум ва хусусан қишри ҷавон ба воқеиятҳои зиндагии онҳо пайванд дорад. Истифодабарандагони бомавриди шабакаи интернет ин фазои иттилоотиро танҳо ба хотири ба даст овардани иттилооти зарурӣ дар амалӣ намудани нақшаву барномаҳои ҳаётии худ истифода мекунанд ва ғарқи фазои маҷозӣ намегарданд.

Омили дигари пешгирикунандаи таъсири созмонҳои террористӣ ва ифротгароӣ ба истифодабарандагони фазои маҷозӣ ба сатҳи худшиносии мардум ва хусусан ҷавонон пайванд дорад. Ба андешаи мо аксари вақт он нафароне ба доми созмонҳои террористӣ ва ифротгароӣ дар фазои маҷозӣ дучор мешаванд, ки сатҳи худшиносӣ ва худогоҳияшон хеле паст аст. Он нафароне, ки сатҳи зарурии худшиносӣ дар онҳо рушд ёфтааст ва дар заминаҳои динию фарҳангӣ, ахлоқӣ, миллӣ, сиёсӣ, идеологӣ, кабӣ ва ғ. огоҳӣ доранд дар ягон ҳолат гирифтори доми ҳаргуна ҳизбу созмонҳои террористӣ ва ифротгароӣ намегарданд. Одамони худшинос ва худогоҳ дар зиндагӣ нақшаву барномаҳои худро доранд ва қисми барномаву нақшаҳои тахрибкорона ва манфиатҷӯёнаи дигарон намегарданд.

Дар самти пешгирии таъсири созмонҳои террористӣ ва ифротгароӣ ба истифодабарандагони шабакаҳои маҷозӣ пахши таҷрибаҳои нафарони дучоршуда ба доми террористон ва ифротгароён метавонад муҳим бошад. Хусусан, омода намудани маводҳо дар мавриди ҳолати зиндагии пайвандони онҳо, чи гуна тавассути фазои маҷозӣ пайваст шуданашон ба созмони террористӣ, паёмадҳои хатарбори иштибоҳи кардаашон ва дар охир пушаймон гаштанашон метавонад таъсирнок бошад ва мухотабонро аз хатари терроризм ва ифротгароӣ дар фазои маҷозӣ огоҳ намояд. Ҳамчунин дар ин самт зарур аст, ки пурсиши ҷомеашинохтии нафарони бо ҷурми терроризм ва ифротгароӣ айбдоршуда дар мавриди таъсири фазои маҷозӣ ба онҳо баргузор карда шавад. Ташкили ин гуна таҳқиқоти ҷомешинохтӣ ошкор месозад, ки то кадом андоза гаравиши муҷримон ба созмонҳои террористию ифротгаро зери таъсири фазои маҷозӣ сурат гирифтааст, шеваҳои амали созмонҳои террористӣ ва ифротгаро барои ҷалби истифодабарандагон дар фазои маҷозӣ чи гуна аст, кадом гурӯҳи маводҳои фазои маҷозӣ боиси гаравиш ба созмонҳои террористию ифротгаро мешаванд, сарчашмаи таблиғотҳои маҷозии созмонҳои террористӣ ва ифротгаро аз куҷо маншаъ мегиранд ва ғ. Албатта, бо ошкор шудани ҳолати масъала пешгирии таъсири созмонҳои террористӣ ва ифротгаро дар фазои маҷозӣ самараноктар мегардад.

Чи гунае, ки дар боло қайд намудем, омили дигари пешгирии таъсири созмонҳои террористӣ ва ифротгаро ба фаъолият ва амали субъектҳои зидди терроризм ва ифротгароӣ муборизабаранда пайванд дорад. Пеш аз ҳама зарур аст, ки субъектҳои бар зидди терроризм ва ифротгароӣ муборизабаранда аз ҳолати кунунии масъала огоҳӣ дошта бошанд. Онҳоро зарур аст, ки рушди технологиро пайгирӣ карда тавонанд. Субъектҳои зидди терроризм ва зидди ифротгароӣ муборизабарандаро зарур аст, ки аз зарфиятҳои технологӣ ва барномасозии муосир васеъ истифода намоянд. Дар ин самт зарур аст, ки субъектҳои муборизабаранда бар алайҳи терроризм ва ифротгароӣ гурӯҳҳои хоссаи барномарезӣ ва ковишии худро дошта бошанд, то матнҳо ва сомонаҳои мӯҳтавои террористӣ ва ифротӣ доштаро ошкор ва пайгирӣ намоянд. Дар нақши истифодабарандагон низ онҳо метавонанд аз шеваҳои амали созмонҳои террористӣ ва ифротгаро дар фазои маҷозӣ огоҳ шаванд ва дигаронро аз доми онҳо огоҳ созанд.

Дар ҳоли ҳозир ҷомеъаи башарӣ дар миёнаи як тазодди ногувори вабои аср терроризмӣ фаро миллӣ қарор гирфтааст. Ин тазод оқибатҳои ногуворе ба бор оварда, ҷавононро ҳамчун як василаи нопок истифода намуда, ҳадафҳои хешро бароварда менамоянд. Бинобар ин, аз ҷавонон даъват ба амал менамоям, ки аз имкониятҳои хуби Ҳукумати Ҷумҳурӣ бархурдор гарданд, вақти қимати худро беҳуда сарф накунаду дар пайи омӯзиши касбу ҳунарҳои дар пешрафти ҷомеъа ва худашон муфид, камари ҳиммат банданд.

Назаров Фирӯзҷон Латифович – омӯзгори калони кафедраи тарбия ҷисмонӣ ва мудофиаи граждании Донишгоҳи давлати Данғара