(дар ҳошияи паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 16-уми декабри соли 2025)
Ҳукумати мамлакат бо дарназардошти имкониятҳои табиӣ ва ташаккулёбии захираҳои фаровони об рушди соҳаи энергетикаро ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ муайян намудааст. Иқлими кишвари маҳбубамон имконият медиҳад, ки манбаъҳои офтобии барқароршавандаи энергия, махсусан панелҳои офтобӣ, ба таври васеъ истифода шаванд. Энергетика ҳамчун пояи истиқлолияти иқтисодӣ ва амнияти миллӣ арзёбӣ мегардад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паём таъкид намудаанд: «Таъмини истиқлолияти энергетикӣ яке аз ҳадафҳои стратегии давлат буда, татбиқи он шарти асосии рушди устувори иқтисод ва беҳдошти сатҳи зиндагии аҳолӣ мебошад». Таъмини устувори неруи барқ фаъолияти мунтазами тамоми соҳаҳои иқтисодиёт, муассисаҳои иҷтимоӣ ва инфрасохтори кишварро таъмин мекунад. Ҳамагон хуб дарк менамоем, ки дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ норасоии неруи барқ яке аз мушкилоти асосии кишвар ба шумор мерафт. Бо татбиқи сиёсати дурандешонаи давлат ва роҳбарияти кишвар ин мушкилот ботадриҷ бартараф гардида, имрӯз Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушди низоми энергетикӣ ворид шудааст.
Зиёда аз ин, ҷиҳати расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ ва дар ин замина таъмин намудани рушди устувори бахшҳои иқтисоди миллӣ, ҳукумати мамлакат бо истифода аз ҳамаи имконияту сарчашмаҳои мавҷуда, хусусан, манбаъҳои рушди «энергияи сабз» мунтазам чораҷӯйӣ намуда истодааст. Дар шароити тағйирёби иқлим, масъалаи рушди энергияи сабз, ё худ энергияҳои барқароршаванда ва аз ҷиҳати экологӣ тоза яке аз равандҳои калидии тамоми кишварҳо ба шумор меравад.
Ҷомеаи ҷаҳонӣ дар роҳи коҳиши таъсири манфии тағйирёбии иқлим ва истифодаи зиёди захираҳои сӯзишворӣ, беш аз пеш барои гузариш ба энергияи сабз такя менамояд. Тоҷикистон низ, ҳамчун кишвари ташаббускори масоили обу иқлим дар сатҳи ҷаҳонӣ, мавқеи устувори худро дар сатҳи муносиб касб намуда, новобаста аз таъсири омилҳои гуногун дар ин самт, қадамҳои устувор гузошта истода, дигар сарчашмаҳо (энергияи офтоб, шамол ва ғайраҳо) пешбинӣ гардидааст.
Аз ин лиҳоз, бо мақсади ноил гардидан ба ин ҳадафҳо, дар ин давра татбиқи як қатор лоиҳаҳои афзалиятноки аҳаммияти маҳаллию минтақавидошта, аз ҷумла лоиҳаҳои бузурги гидроэнергетикӣ ва истифодаи васеи манбаъҳои барқароршавандаи энергия (офтобӣ ва бодӣ) дар минтақаҳои кишвари маҳбубамон ба назар гирифта шудааст. Дар мавриди истифодаи имкониятҳои захираҳои мавҷуда, ки иқтидори он ба 527 млрд. кВт/соат арзёбӣ шудааст, имкони қонеъ намудани на танҳо талаботи Тоҷикистон, балки қонеъ намудани талаботи кулли минтақа бо барқи аз нигоҳи экологӣ тоза мавҷуд мебошад.
Бояд иброз намуд, ки ҳамасола дар Тоҷикистон тахминан 98%-и неруи барқи истеҳсолмегардида, ба неругоҳҳои барқи обӣ рост меояд. Тибқи арзёбии коршиносон, дар ояндаи наздик Тоҷикистон метавонад бо истифода аз иқтидорҳои тавлиди неруи барқ аз сарчашмаҳои барқароршаванда дар ҷаҳон мавқеи намоёнро ишғол намояд ва ба содироткунандаи азими қувваи барқ дар минтақа табдил ёбад.
Мавриди тазаккур аст, ки ба манбаъҳои барқароршавандаи неруи барқ – энергияи ҷараёни обҳои дарёҳо, обанборҳои табиӣ ва сунъӣ, энергияи офтоб, энергияи бод, энергияи обҳои гарми зеризаминӣ, биомасса дар шакли партовҳои саноатӣ, кишоварзӣ, ҷангал, хоҷагии коммуналӣ ва рӯзғор дохил мешаванд. Энергияи офтобӣ ҳамчун манбаи барқароршаванда истифода мешавад ва аз ҷиҳати экологӣ тоза аст, яъне дар марҳилаи фаъоли истифода партовҳои зараровар ба вуҷуд намеорад. Бояд зикр намуд, ки иқлими Тоҷикистон бо мавҷудияти 280–330 рӯзи офтобӣ ва дар маҷмуъ 2 000 кВт/м2 шиддатнокии радиатсияи офтобӣ дар як сол барои истифодаи энергияи офтобӣ ҳамчун сарчашмаи аз рӯйи аҳамият дуюмдараҷаи энергияи барқароршаванда хеле мусоид мебошад, ки ин дар қиёс бо кишварҳои пешрафтаи васеъ истифодабарандаи энергияи офтобии Аврупо ду маротиба зиёд мебошад.
Ба андешаи коршиносон, иқтидори тавлиди энергияи офтобии Тоҷикистон қариб 25,16 млрд. кВт/соат дар як солро ташкил дода, 10–20 фоизи талаботи хоҷагии миллӣ ба ҳомили энергия ва 60–80 фоизи талаботи умумии аҳолиро ҳадди ақал давоми 10 моҳ дар як сол, дар тамоми ҳудуди ҷумҳурӣ қонеъ гардонида метавонад. Ёдовар мешавем, ки бо ин мақсад дар Минтақаи озоди иқтисодии Данғара баҳри бунёди корхонаи азими истеҳсоли таҷҳизот барои панелҳои офтобӣ замин ҷудо гардидааст, ки марҳилаи аввали корҳои сохтмонӣ дар ин ҷо оғоз шудааст. Фаъолияти ширкат ба бунёди корхонаи азими истеҳсоли таҷҳизот барои панелҳои офтобӣ нигаронида шудааст, ки ҳаҷми сармоягузорӣ дар чор марҳила 2 миллиард доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро ташкил медиҳад. Мувофиқи лоиҳа, корхонаи саноатӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби сармояи хориҷӣ аз ҷониби ширкати Ашёҳои глобалии офтобии Ҷумҳурии Корея (Global Solar Wafer) дар 4 марҳила бунёд гардида, баъд аз татбиқи пурраи лоиҳа беш аз 8 ҳазор нафар дар чор марҳила бо кор таъмин карда мешаванд, ки 95 фоизашро шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил медиҳад.
Дар баробари бунёди иқтидорҳои нави истеҳсолӣ, истифодаи самаранок ва сарфакоронаи неруи барқ ҳамчун омили муҳимми таъмини рушди устувори соҳа арзёбӣ мегардад. Аз ин рӯ, ҷалби тамоми гурӯҳҳои истеъмолкунандагон ба риояи фарҳанги истифодаи оқилонаи неруи барқ барои қонеъ гардонидани талаботи рӯзафзуни иқтисодиву иҷтимоии кишвар даъват менамоем.
Муродализода У.М. – муаллими калони кафедраи муҳандисӣ ва энергетика, сармутахассиси раёсати илм ва инноватсияи Донишгоҳи давлатии Данғара


