АЗ ҚАТРА ТО УҚЁНУС: ДИПЛОМАТИЯИ ОБИ ТОҶИКИСТОН ҲАМЧУН ҶАВҲАРИ ҲАЁТ

Об ҳамчун унсури асосии ҳастӣ дар таърихи фарҳанг ва тамаддуни башарӣ ҳамеша ҳамчун рамзи покӣ, ҷавҳари ҳаёт, мабдаи пайдоиши мавҷудот шинохта шудааст, ки оид ба ин андеша дар таълимоти олимону донишмандон ва файласуфон зиёд во хурдан мумкин аст. Дар фарҳанги бостонии тоҷикон, об на танҳо як унсури моддӣ, балки унсури муқаддас шинохта шудааст. Бо таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон "Арзиши об метавонад аз арзиши нафт, газ, ангиштсанг ва дигар захираҳое, ки барои ояндаи устувори ҳар як кишвар ва минтақа лозиманд, зиёдтар бошад" Ин маънои онро дорад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар хатари бузурги марбут бо об ва иқлим рӯ ба рӯ мебошад, ки дар муқоиса бо тамоми мушкилоти мавҷуда, манбаъҳои сузишворӣ, захираҳои энергетикӣ ва дороиҳои дигарро наметавон бо об баробар донист, зеро бе об на танҳо инсонҳо ранҷ мебаранд, балки ҳаёт аз он вобастагӣ дорад ва ҳалли ин мушкилот метавонад, саодати башар ва ояндаи инсониятро таъмин намояд. Бо таъкиди Пешвои миллат “Татбиќи пайгиронаи дипломатияи њамкорї дар соњаи об ягона василаи њалли мушкилот мебошад” [6, С.13].

Қайд кардан ба маврид аст, ки об ҳамчун мавҷудоти муъҷизанок барои тамаддуни инсонӣ нақши бузургро бозидааст ва қадимтарин тамаддунҳо дар назди соҳилҳо ба вуҷуд омада, баъд ба дигар минтақаҳо интиқол ёфтаанд. Масалан қадимтарин тамаддунҳо дар назди соҳилҳои Даҷла ва Фурот, тамаддуни Мисрӣ дар назди соҳили Нил, ки Геродот тамаддуни Мисрро омӯхта гуфтааст, ки «Миср ҳадяи Нил мебошад», тамаддуни Ҳиндӣ дар назди соҳили Ҳинд ва ҳатто номи миллати Ҳинд низ бо номи дарёи Ҳинд алоқаманд мебошад [5, С. 97]. Ба дигар тамаддунҳои Шарқу Ғарб назар афканем мебинем, ки тамоми тамаддунҳо дар соҳили дарёҳо ба вуҷуд омадаанд. Бузургтарин шаҳрҳои ҷаҳон дар назди дарёҳо ба вуҷуд омада, одамон барои ривоҷ додани шаклҳои хоҷагидорӣ дар назди дарёҳо шаҳрҳо бунёд намуда, ба чорводорӣ, кишоварзӣ, косибӣ ва дигар шаклҳои хоҷагидорӣ машғул будаанд.

Дар шароити имрӯза об яке аз унсурҳои калидӣ ва ҳаётӣ ба шумор рафта, масъалаи норасогии об дар ҷаҳон, обшавии пиряхҳо ва ифлосшавии он яке аз масъалаҳои ташвишовар баро ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор меравад, ки имрӯз ҳалли он амали дастаҷамъонаи ҳамаи давлатҳо ва халқу миллатҳоро дар пай дорад.

Мувофиқи маълумоти омории созмонҳои байналмилалӣ, ҳамасола аҳолии сайёра тақрибан 83 миллион нафар афзоиш меёбад. Бо зиёд шудани шумораи аҳолӣ, талабот ба оби нӯшокӣ ва истифодаи об барои ҳаёти маишӣ то 64 миллион метри мукааб мерасад ва дар оянда метавонад то 17 маротиба афзоиш ёбад, ки ин масъала яке аз масъалаҳое мебошад, ки ин ҳолат низоъҳои ояндаро миёни кишварҳо ва минтақаҳо ба бор меоварад. Зеро, ки ҳамасола тақрибан 750 миллион нафар аз дастрасӣ ба оби тоза танқисӣ мекашанд, 2,5 миллиард нафар дар шароити бади санитарӣ рӯ ба рӯ мебошанд ва тақрибан 1,3 миллиард нафар бо нерӯи барқ таъмин нестанд [2]. Маълумотҳои омории Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2025 нишон медиҳанд, ки тахминан 2,2 миллиард нафар ҳанӯз ҳам аз оби нӯшокии хуб идорашаванда дастрасӣ надоранд, 3,4 миллиард нафар аз хизматрасониҳои санитарии босифат маҳруманд ва 1,7 миллиард нафар дастрасӣ ба беҳдошти асосӣ надоранд. Беш аз 2 миллиард нафар аҳолии сайёра дар минтақаҳое зиндагӣ мекунанд, ки бо танқисии шадиди об рӯ ба рӯ ҳастанд ва истифодаи об зери фишори сахти маҳдудият қарор дорад. Илова бар ин, офатҳои марбут ба об ҳар сол ба давлатҳо зиёда аз 60 миллиард доллари ИМА хисорот мерасонанд, дар ҳоле ки хушксолӣ ва биёбоншавӣ ба сарчашмаҳои зиндагии беш аз як миллиард нафар таҳдид мекунад.

Боиси зикри хос аст, ки ҳифзи захираҳои об ва дастрасӣ ба он на танҳо барои таъмини рушди устувор, пешгирӣ аз офатҳои табиӣ, баки барои бехатарии ҳаёт аз тамоми мавҷудоти зинда муҳим мебошад. Зеро, ки ҳифзи об, ин ҳифзи ҳаёт, ҳифзи саломатии наслҳо ва ҳифзи сайёраи замин ба ҳисоб меравад.

Бо дарки муҳиммияти масъала Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин хатари глобалиро дарк намуда, барои ҳифзи инсоният ва таъмини зиндагонии шоистаи инсоният дар сатҳи байналмилалӣ ба масъалаи ҳалли мушкилоти марбут ба об, обшавии пиряхҳо ва тағйирёбии иқлим, ки сабабгори асосии норасогии об дар ҷаҳон ба шумор меравад, корҳои назаррасро анҷом додаанд.

​Боиси зикри хос мебошад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз кишварҳои бузурги тавлидкунандаи об дар ҷаҳон маҳсуб меёбад ва 60% захраҳои оби минтақаи Осиёи Миёна маҳз аз Тоҷикистон сарчашма мегирад, аммо дар ҳамин ҳол Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун кишвари ташаббускор дар соҳаи обу иқлим ва обшавии пиряхҳо се даҳсола мешавад, ки дар сатҳи байналмилалӣ мехоҳад ин мушкилоти глобалӣ ба таври дастаҷамъона ҳаллу фасл карда шуда, зиндагонии шоистаи инсоният таъмин карда шавад. Чунки тағйирёбии иқлим як мушкилоти ҷаҳонӣ ба шумор рафта, ба обшавии босуръати пиряхҳо мунҷар шудааст. Тавре медонем, дар кишвари мо 13 ҳазор пиряхҳои хурду бузург мавҷуд мебошанд, ки дар 100 соли охир 1000 пирях дар Тоҷикистон об шуда, ин раванд бо суръат ҷараён дорад. Обшавии босуръати пиряхҳо мушкилоти дигари табииву иқтимоӣ ва иқтисодиро ба дунбол дошта, боиси сар задани офатҳои табиӣ, обхезиҳо, хушксолиҳо, биёбоншавӣ ва дигар мушкилоти марбут ба об гардидааст.

Дар ин росто бояд хотиршинош намуд, ки таъсири об ва тағйирёбии иқлим ба саломатӣ ва ҳаёт низ таъсири манфии худро мерасонад. Норасоии оби тоза ва шароити нокифояи беҳдошт ҳамарӯза сабаби марги то 1000 кӯдаки то 5-сола мегардад. Омилҳои асосии ин мушкилотро коршиносон ба чанд асос пешниҳод менамоянд, афзоиши аҳолӣ, тағйирёбии иқлим ва истифодаи зиёд дар соҳаи дар кишоварзӣ ва саноат мебошанд. Аз рӯи таҳлилҳо танҳо 0,5 %-и оби рӯи Замин ҳамчун оби тозаи нӯшокӣ барои истеъмоли инсоният дастрас аст. Тақрибан 71 %-и сатҳи Заминро об ташкил медиҳад, аммо қисми зиёди он барои истеъмоли инсонят дастрас нест. Қариб 97 фоизи тамоми оби рӯи Замин шӯр буда, дар уқёнусҳо ҷойгир аст ва танҳо ҳудуди 2,5 фоиз ба оби тоза рост меояд [2].

Зикр намудан ба маврид аст, ки бештари оби тоза дар захираҳои пиряхҳо рӯдхонаҳо, чашмаҳо ва захираҳои чуқури зеризаминӣ мавҷуд мебошанд, ки барои истифодаи мустақим дастрасиро мушкил менамояд ва аз ин захираи 2,5 фоизӣ танҳо 0,5 фоизи ҳаҷми умумии оби Замин ҳамчун оби тозаи нисбатан дастрас барои эҳтиёҷоти инсоният, аз ҷумла нӯшокӣ ва хоҷагидорӣ, истифода мешаваду халос.

Захираҳои оби Тоҷикистон бошад, асосан оби тозаи ошомиданӣ ва қобили ҳар навъ истифода мебошанд, зеро, ки обҳои Тоҷикистон асосан аз чашмаҳо, обҳои зеризаминӣ, боришоти атмосферӣ ва пиряхҳо сарчашма мегиранд. Яъне метавон гуфт, ки Тоҷикистон кишвари бузурги тавлидкунандаи оби тзаи ошомиданӣ буда, ин обҳо метавонад ба манфиати аҳолии на танҳо аҳолии Тоҷикистон балки кишварҳои минтақа самаранок истифода карда шавад. Барои истифодаи самараноки ин манбаи гузург кишварҳои минтақа бо сармоягузорӣ ба кишвари мо метавонанд дар самаранок истифода намудани он ва таъмини аҳолии минтақа бо оби аз ҷиҳати экологӣ ва санитарӣ тоза таъмин карда шавад.

Дар баробари ин Тоҷикистон ба масъалаи норасогии об, истифодаи оқилона, пешгирӣ аз обшавии босуръати пиряхҳо ва ҳамчун кишвари ташаббускор дипломатияи ҷаҳонии обро роҳандозӣ намуда, мехоҳад ҷаҳонро аз хатари бузурги марбут ба об ва тағйирёбии иқлим тар амон нигоҳ дорад. Ин ташаббусҳо чуноне, ки дар боло ишора намудем ҳалли дастаҷамъонаи ҳаммаи кишварҳо ва созмонҳои ҷаҳониро тақозо дошта, як кишвар дар алоҳидагӣ наметавонад масъаларо дар танҳоӣ ба нафъи халқҳо ба пуррагӣ ҳаллу фасл намояд. Аммо метавонад бо роҳандозӣ намудани дипломатияи об таъсири мусбӣ расонида, таваҷҷӯҳи кишварҳоро ба ҳалли саривақтии мушкилоти об, тағйирёбии иқлим, ҳифзи манбаъҳои обӣ ва таъмини зиндагонии шоистаи инсоният саҳми худро гузорад.

Ин аст, ки ​Тоҷикистон бо доштани захираҳои бузурги оби тоза ва пиряхҳои ҷовидон, таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маркази тасмимгириҳои ҷаҳонӣ дар соҳаи об табдил ёфтааст. "Дипломатияи об", ки аз ҷониби Сарвари давлати мо пешниҳод ва амалӣ мегардад, ба принсипҳои зерин такя мекунад:

1. ​Ҳамкорӣ ба ҷои низоъ: Об бояд василаи муттаҳидсозии давлатҳо ва халқу миллатҳо бошад;

2. Рушди устувор: Истифодаи об бо дар назардошти ниёзҳои наслҳои оянда;

3. ​Дастрасии одилона: Ҳар як сокини сайёра бояд ба оби тоза дастрасӣ дошта боша два аз хавфу хатарҳои марбут бо об дар амон бошад.

Тоҷикистон таҳти сарварии оқилона ва дурбинонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фалсафа, мӯъҷизот, асрору муҳимияти обро ба инобат гирифта дар замони соҳибистиқлолӣ ғояи “Оби тоза”, ки он аз зеҳни Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон сарчашма мегирад, пешниҳодҳои сатҳи ҷаҳонӣ дар ин самт сурат гирифт:

1.Аввалин ташаббуси ҷаҳонӣ дар доираи Созмони Милали Муттаҳид ин эълони «Соли байналмилалии оби тоза» (2003), ба ҳисоб мерафт, ки ин ташаббус диққати ҷомеаи ҷаҳониро ҷалб намуд ва шароит барои ҳамкорӣ дар соҳаи об дар сатҳи байналмилаиро ба вуҷуд овард.

2. Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» (20052015), ин ташаббус раванди ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозиро миёни давлатҳо ҷиҳати ҳалли масъалаҳои об дар сатҳҳои гуногун аз ҷумла давлатӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ тақвият бахшид.

3. «Соли байналмилалии ҳамкории об» (2013) нишон дод, ки об метавонад ҳамчун омили ҳамгироии минтақавӣ ва пешгирии низоъҳои эҳтимолӣ истифода шавад.

4. Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» (20182028) равиши хеле хуб ва устувори идоракунии манбаъҳои обиро ҳамчун унсури асосии рушди иқтисодиёт ва ҳифзи муҳити зист ба сатҳи ҷаҳонӣ баровард. Дар ин миён дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои зиёди маърифатӣ, илмӣ ва илмиву таҳқиқотӣ сурат гирифта, барои коҳиш додани хатарҳо марбут ба ифлосшавии обҳо, роҳҳои таъмини аҳолӣ бо оби тоза ва баланд бардоштани муносибати одамон бо об ва дигар корҳо ҳам дар сатҳи давлатӣ ва ҳам дар сатҳи ҷаҳонӣ бо доир намудани чорабиниҳои гуногун, форумҳо, конференсияҳо ва ҳамоишҳо ба роҳ монда шуд.

5. «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» (2025), ки чуноне дар боло зикр намудем, ошкор намудан ва мушаххас намудани таъсири тағйирёбии иқлим ба пиряхҳо, пиряхҳо ҳамчун манбаи оби тоза, омилҳои таъсиргузор ба обшавии босуръати пиряхҳо, роҳҳо ва воситаҳои мубоиза бо сабабҳои обшавии пиряхҳо мавриди омӯзиши васеи на танҳо мутахассисони ватанӣ балки мутахассисони сатҳи байналмилалӣ қарор гирифтан. Дар ин замина пайдо намудани роҳҳалҳо барои пешгирӣ аз обшавии пиряхҳо аз ҳадафҳое мебошанд, ки дар ин росто мунтазам амалӣ карда мешавад.

6. «Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера» (20252034), ба таҳқиқ ва мониторинги таъсири тағйирёбии иқлим ва обшавии пиряхҳо дар минтақаҳои кӯҳсор равона шуда, заминаи маълумотӣ барои қабули қарорҳои стратегиро фароҳам меорад.

Тамоми ташаббусҳои пешниҳоднамудаи ҷониби Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо барои тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ аҳамияти муҳимми ҳаётӣ дорад, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ хеле хуб пазируфта шуда, ин ташаббусҳо ҳамчун ташаббусҳои глобалӣ ба хотири ҳифзи тамоми инсоният равона гардидааст. Зеро ҳамаи хатарҳо ва офатҳои табиие, ки таи солҳои охир ба маротиб зиёд гардида, боиси хисороти зиёди ҷониву молӣ мешаванд, аз обшавии пиряхҳо ва тағйирёбии иқлим маншаъмегиранд, ки инро тамоми донишмандон ва олимони соҳа муайяну мушаххас намудаанд.

Ин аст, ки бо қабули қатънома ҳамасола 21 март Рӯзи ҳифзи пияхҳо доир карда шуда, вобаста ба ин ҳамасола конфронсҳои сатҳи байналмилалӣ гузаронида мешавад. Имрӯз "Раванди оби Душанбе" ҳамчун як майдони муҳими муколамаи байнидавлатӣ эътироф ардидааст, ки Тоҷикистон пешбарандаи дипломатияи об дар ҷаҳон шинохта шудааст.

Боиси зикри хос аст, ки яке аз бузургтарин пешниҳод ва иқдомҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин эълон гардидани соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» мебошад.

Пешниҳоди Тоҷикистон дар бораи таъсиси "Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо" ва эълон гардидани 21-уми март ҳамчун "Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо", нишонаи дурбинӣ ва масъулиятшиносии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди таърих ва ояндаи башарият мебошад.

Ҳамин тариқ, ҳикмати "Аз қатра то уқёнус" моро ба он раҳнамун мекунад, ки ҳар як қатраи об арзиши бузург дорад ва об ҳамчун унсури асосии ҳатӣ ҳифз карда шавад. Ҳамзамон, дипломатияи оби Тоҷикистон на танҳо баҳри ҳифзи манбаъҳои обӣ, ҳифзи пиряхҳо, балки метавонад дар ваҳдати ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ҳамчун кишвари ваҳдатофар, сулҳҷӯ, башардӯст ва ташаббускори сатҳи ҷаҳонӣ дар мубориза бо хатарҳои глобалӣ мақому мартабашро боз ҳам баланд бардорад. Сарвари давлат тавонистанд, ки обро аз як мавзуи оддии техникӣ ба як масъалаи фалсафӣ ва ҳаётии сатҳи ҷаҳонӣ бардоранд.

Манбаъҳои истифодашуда

1. Аброров Х.Тоҷикитон –кишвари кӯлҳои беназир. Душанбе, 2003.С.3.4.

2. Алиев Ф. Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» ва саҳми Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об [Манбаи электронӣ: 19.03.2026] https://www.facebook.com/share/p/1AyJMdaNXu/

3. Никитин А. Озёра Средней Азии. Ленинград, 1987.

4. Паршин М. Сарезское озеро. -Душанбе-1997.

5. Сафиев Ҳ.С., Аминҷонов А.О.,Каримов М.Б. Об – мӯъҷизаи табиат: Душанбе.: Эр-граф, 2003, саҳ- 97

6. Шиорњо аз Паём ва суханронињои Пешвои миллат Эмомалї Рањмон. –Душанбе: «Эр-граф», 2016, 80 сањ. С.13.

Азизов К.Ҷ. н.и.ф., дотсенти кафедраи

фанҳои гуманитарии Донишгоҳ давлатии Данғара,

Саидов А.И. муаллими калони кафедраи сохтмон ва меъмории

Донишгоҳи давлатии Данғара