МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ДАР ҶОМЕАИ МУОСИР

“Терроризм ватан, забон, нажод ва дин надорад. Ин бадбахтии оламшумуле гардидааст, ки ба муқобили он якҷоя мубориза бурда, ба ҳамдигар кӯмак расонда, тадбирҳои худро мувофиқ сохтан зарур аст”. Эмомалӣ Раҳмон

Дар мрҳилаи нави рушди ҷомеа яке аз масъалаҳои муҳимми рӯз ин тақвият бахшидани ҳифзи Истиқлоли давлатӣ, пойдор нигоҳ доштани Ваҳдати миллӣ ва таъмини сулҳу субот дар кишвар аст ва ин амалҳои созанда рисолати аввалин дараҷаи ҳар як сокини сарбаланду садоқатпешаи Тоҷикистони азиз мебошад. Дар ин раванд, яке аз масъалаҳои муҳим пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро мебошад. Баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсӣ, ташаккули ҷаҳонбинии миллӣ, тарғиби арзишҳои фарҳангӣ ва таъмини шароити арзандаи зиндагӣ метавонад ҳамчун омилҳои асосии коҳиши терроризм ва экстремизм хизмат намояд. Терроризм на танҳо таҳдид ба амнияти давлат, балки хатар ба ҳастии ҷомеа ва ояндаи наслҳо мебошад. Мубориза ба он тақозо менамояд, дар баробари тадбирҳои қудратӣ, ба корҳои фаҳмондадиҳӣ, рушди тафаккури миллӣ ва таҳкими ваҳдати ҷомеа таваҷҷуҳи махсу зоҳир карда шавад. Воқеан, терроризм худ зуҳуроти номатлуби ҷомеаи навин буда, фаҳмиши он дар содир кардани ҷиноятҳои вазнин дониста мешавад.

Дар тафсири Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақсадҳои тероризм чунин шарҳ дода шудааст: «Мақсади ибтидоии терроризм халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, тарсонидани одамон, ба воҳима ва таҳлуқа овардани аҳолӣ буда, тавассути он фишор овардан ба мақомоти давлатист. Чунин ҳаракатҳо мақсади ниҳоии ҷинояткоронро дар маҷбур сохтани мақомоти давлатӣ барои қабули қарори ғайриҳуқуқӣ мебошад, ки ба манфиати онҳост ва ё бо мақсади резонидани обрӯ ва манзалати мақомоти давлатист». Дар Тоҷикистон низ гурӯҳҳои террористӣ ва экстреместӣ, ки фаъолияташон манъ шудааст, боз ҳам барои ноором кардани фазои сиёсии ҷомеа тавассути шабакаҳои иттилоотӣ ғояҳои ғаразнокӣ худро пешниҳод карда истодаанд. Аз ҷумла ҳизбу ҳаракатҳои салафия, ҳизби таҳрир, тэт ҳни, гурӯҳи 24 ва ғайраҳо. Дар баробари ин соли 2007 қонун дар бораи мубориза бар зидди экстремизм қабул шудааст, ки дар он низ мақсади қабули қонун мафҳуми экстремизм, кирдорҳоӣ экстремисти, субектҳои муборизабаранда, масъулияти дигар сохторҳо дар мубриза бар зидди терроризм дарҷ гардидааст. Маънои аслии экстремизм бошад – (аз забони лотинӣ extremus гирифта шудааст ва маънои “ифротӣ”, “аз ҳад гузаштан”, “андешаи тундрав” – ро дорад). Экстремизм ин ақида, рафтор ё фаъолияти тундравона мебошад, ки одамон ё гурӯҳ мехоҳанд фикру мақсади худро бо роҳи зӯрӣ, душманӣ ё вайрон кардани тартиботи ҷомеа ба дигарон қабул кунонад. Террористон касоне мебошанд, ки манфиатҳои шахсии хешро аз манфиатҳои давлату ҷомеа боло гузошта, мехоҳанд мақсаду мароми худро бо роҳи зӯроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Калимаи терроризм аз калимаи лотинии terror гирифта шудааст,ки маънояш тарс ваҳм, даҳшат мебошад. Терроризм ин вақте аст, ки гурӯҳ ё шахс бо тарконидан, куштор, гаравгонгирӣ ё дигар корҳои хатарнок мардумро метарсонад, то ки ба мақсади нопоки худ бирасанд.

Дар ҷомеаи кунуни бархе аз ҷавонону наврасон бинобар надоштани маълумоти пурра аз таъсири оқибатҳои ноуствори шабакаҳои иҷтимоӣ побанди раванди зуҳуроти гуногуни номатлуби ҷомеа мегарданд. Аз ин рӯ, насли калонсол – падару модарон, омӯзгорон, ходимони дин, кормандони ҳифзи ҳуқуқ, васоити ахбори ома ва дигар табақаҳои аҳолии мамлакатро зарур аст, ки бо ҷавонон ва наврасон ҳамаҷониба ҳамкорӣ намуда ба онҳо роҳи дурусти ба камолрасӣ ва муваффақ шуданро дар соҳаҳои мухталифи зиндаг нишон диҳанд. Ба онҳо собит намоянд, ки маҳз ҷавононе, ки аз таҳсил дур мондаанд ва касби муайян надоранд аз ҳама бештар бо роҳи осон ба доми афроди тундрави беватан ва ифротгаро гирифтор мешаванд.

Барои ба ҳадафҳои сиёсӣ расидан аксаран ташкилотҳои экстремистӣ ба эътиқоди динии шахсон таъсир расонида, шаҳрвандони гуногуни дунёро бовар кунониданӣ мешаванд, ки сиёсати давлатдорӣ бар зидди ақидаҳои динии онҳост. Қурбони терроризм дар ин ё он минтақа асосан ҷавонон мебошанд. Аз ин рӯ, ҷавононро мебояд, ки зираки сиёсиро аз дастнадода, сабабу омили шахсони ифротгаро ва гурӯҳҳои терроризмро биёмӯзанд ва барои дафъи он кӯшиш кунанд, то сулҳ, ваҳдат ва амнияти кишвар ҳифз гардад. Ҳама якҷо камари ҳиммат баста, аз як гиребон сар бароварда ин зуҳуротҳои номатулубро аз ҷомеаву кишвару сайёраи худ аз беху бумаш решакан намоем ва нагузорем, ки барои ояндаи насли донишманду бо фарҳанги аҷдодони Синову, Сомониву Рӯдакӣ, Фирдавсиву Ҷомӣ касе сади роҳ ва монеа шаванд. Ва чунин давлати биҳиштосое, ки Худованд бар мо насиб гардонидааст, барои сангу хоки ин сарзамини мо бояд ҷону ҳаёти худро дареғ надошта ин ватани азизамонро аз ҳар гуна зуҳуроти номатлуб ва вабои аср ҳифз намоем.

Сайдалиев А.А. – ассистенти кафедраи методикаи таълим ва таҳсилоти ибтидоии Донишгоҳи давлатии Данғара