Наврӯз яке аз бошукуҳтарин ҷашнҳои ақвоми Ориёӣ ва мардуми форсизабон аст. Ҳикмати Наврӯз ончунон қави аст, ки аз маҳдудаи мардумони форсизабон фаротар рафта ба як ҷашни фаромиллӣ дар машриқзамин табдил шудааст. Ин дар ҳолест, ки дар тули таърихи бархурдҳо бо ин ҷашни куҳанбунёд яксон набуда, ҳатто дар бархе мақотеъ ин ҷашни гироми мавриди ситеза ва номеҳрубони қарор гирифта аст. Аммо воқеият ин аст, ки то замоне, ки баҳор аст Наврӯз низ ҳаст. Ситеза ба Наврӯз ситеза ба баҳор ва ҳикмати илоҳи аст, зеро ин ҳарду аз ҳам ҷудо нестанд. Наврӯз ақида нест. Балки як воқеият аст, бинобар ин ҳеҷ кас наметавонад воқеиятро инкор кунад. Рози мондагори Наврӯз низ аз ҳаминҷо манша мегирад. Яке аз идҳои анъанавии миллии халқҳои эронитабор, ки бо фарорасии баҳор ҷашн гирифта мешавад, иди байналмилалии Наврӯз аст.
Иди Наврӯз ин ҷашни оғози баҳор ва соли нави мардуми форс мебошад. Наврӯз дар луғатҳо ба маънои “рӯзи нав” ва “тоза”, “рӯзи нахустин”, аввали рӯзҳои сол, яъне рӯзе ки соли нав аз он оғоз мегарданд. Дар ин маврид Абурайҳони Берунӣ донишманд ва олими қарни даҳум дар китоби машҳури худ “Осор-ул-боқия” аз забни Алӣ бинни Яҳё навиштааст, ки: “Рӯзи Наврӯз ягона рӯзест, ки тағйирнопазир аст” (Берунӣ 1990, с. 54), ки манша ва замони пайдоиши Наврӯз, ба дурусти маълум нест.
Аммо ин ҷашн таърихи зиёда аз сеҳазорсола дорад ва куҳантарин оини миллӣ дар ҷаҳон ба шумор меравад. Дар баъзе аз матнҳои куҳан аз ҷумла “Шоҳнома”-и Ҳаким Фирдавсӣ бояд гуфт Тусӣ, Таърихи Табарӣ, “Ал-тафҳим”, “Осор-ул-боқия”-и Абурайҳони Берунӣ ва “Наврӯзнома”-и Умари Хайём, шоҳ Ҷамшед ё ин ки Каюмарс ба унвони поягузори Наврӯз дар “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ, ба ин гуна ривоят шудааст, ки: “Ҷамшед дар ҳоли гузштан аз Озарбойҷон, дастур дод то дар онҷо барои ӯ тахте бигзоранд ва худаш бо тоҷи заррин бар рӯи тахт бинишаст. Бо расидани нури хуршед бо тоҷи заррини ӯ ҷаҳон нӯрони шуд ва мардум шодмонӣ карданд ва он рӯзро Наврӯз номиданд” (Балъамӣ 1992, с. 78)
Ба Ҷамшед бар гавҳар аффрохтанд,
Мар он рӯзро рӯзи нав хонданд. Фирдавсӣ
Бархе аз ривоёти таърихӣ оғози Наврӯзро ба Бобулиён нисбат медиҳанд. Бар тибқи ин ривоятҳо, ривоҷи Наврӯз дар сарзамини Форс маҳкумшудагонро озод ва бечорагонро ёрдам мекарданд. Ин оинҳо дар замони подшоҳони дигари Ҳахоманишиниён низ баргузор мегардад. Замони Дорои якум, маросими Наврӯз дар тахти Ҷамшед баргузор мешуд. Албатта дар сангнавиштаҳои баҷомонда аз даврони Ҳахоманишиниён Наврӯзро бо шукӯҳи бузурге ҷашн мегирифтанд.
Бо дарназардошти он ки маросими ҷашнҳои миллии мо аз аҳди бостон то ба имрӯз ҳамчун воситаи пайванди наслҳо хизмат кардаанд, мо вазифадорем, ки дар баробари риояи анъанаҳои дерина ба онҳо шаклу мазмунҳои нав мутобиқ ба замони соҳибистиқлолиро ворид намоем ва онҳоро ба талаботи замон ва завқи имрӯза мувофиқ гардонем.
Бовар дорем, ки таҷлили ҷашнҳои миллӣ аз ҷумла Навӯз ба арҷгузориву гиромидошти расму оинҳои миллӣ, ҳувияту худшиносии мардуми кишварамон ва ба ин васила вусъат гирифтани раванди ободониву пешрафти Ватани маҳбубамон мусоидат мекунад. Ва тавасути ин маросимҳо наврасону ҷавононро ба меҳнатдӯстӣ, илму дониш ва касбу ҳунаромӯзӣ ташвиқ карда, завқи онҳоро ба ободкорӣ, дӯст доштани табиати диёр, риояи одоби муошират ва дигар хислатҳои ҳамидаи миллӣ бештар гардонем.
Ҳамидов Султон Бегмуродович – ассистенти кафедраи фанҳои гуманитарии Донишгоҳи давлатии Данғара


