НАВРӮЗ АРЗИШИ МИЛЛӢ ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ. Ё ЧАРО НАВРӮЗ БАРОИ ТОҶИКОН МУҲИМ АСТ?

     Наврӯз аз бузургтарин ҷашнҳои миллии мардумони ориёиасл тоҷикон, эрониён ва дар умум форсизабонон ба ҳисоб меравад. Дар масири таърих Наврӯз аз марзҳои кишварҳои форсизабон фаротар меравад ва дар миёни мардумони ҳавзаи Наврӯз доман паҳн намуда, ба як ҷашни ҷаҳонӣ табдил ёфтааст, ки ин аз доштани фалсафаи бой ва хусусиятҳои табиӣ ва гуманистии Наврӯз шаҳодат медиҳад. Ҳамзамон, Нарӯз дар шароити имрӯза ба як ҷашни бузурги ҳувиятсоз барои миллати тоҷик табдил ёфтааст, ки дар миёни тамоми кишварҳои ҷаҳон аз ҳама бештар дар сатҳи баланди ташкилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад.

     Наврӯз на танҳо оғози соли нави хуршедӣ ва нуқтаи эътидоли баҳорӣ, балки камолоти тамаддуни ориёӣ ва рамзи шикастнопазирии рӯҳияи форсизабонон мебошад, ки дар таърихи шаш ҳазор солаи худ бо номи Наврӯз ҷашн грифта мешавад.

     Дар тӯли ҳазорсолаҳо, сарфи назар аз таҳаввулотҳои сиёсӣ ва ҳуҷумҳои аҷнабиён, Наврӯз ҳамчун "шиносномаи фарҳангӣ"- и миллат боқӣ монд. Имрӯз Наврӯз дар Тоҷикистони соҳибистиқлол аз доираи як ҷашни оддии мавсимӣ баромада, ба як рукни асосии идеологияи миллӣ, фарҳанги миллӣ ва манфиати миллӣ табдил ёфтааст. Дар Наврӯз паёми сулҳ, озодӣ ва зиндашавиро ба гӯши ҷаҳониён мерасонад ва исбот мекунад, ки фарҳанги тоҷик фарҳанги созандагиву нур, ғолибияти хайр бар шар, некӣ бар бадӣ пиндошта мешавад.

     Мафҳуми Наврӯз аз калимаи тоҷикӣ гирифта шуда, маънои “рӯзи нав”, “тоза”, ”рӯзи нахустин” буда, ин таҷлилу тантанаи иди баҳор ва сароғози соли нав аст, ки он ифодагари эҳёи табиат, бедоршавии набототу ҳайвонот мебошад.

    Ин ҳама ҳикматҳои инсонпарварона ва ваҳдатофаринии Наврӯз қимати ин ҷашни бостониро боз ҳам боло бурда, ба унсури асосии арзиши миллӣ ва манфиати миллӣ барои миллати тоҷик табдил ёфта, дар шароити имрӯза Наврӯз ба чанд далел баро миллати тоҷик арзиши муҳимми ҳаётӣ дошта, ҳамчун шиносномаи миллат шинохта мешавад:

1. Эҳёи табиат ва миллат. Наврӯз аз нигоҳи илмӣ ба нуқтаи эътидоли баҳорӣ ба рӯзҳои 20-21-уми март рост меояд. Дар ин замон шабу рӯз баробар шуда, офтоб ба бурҷи Ҳамал ворид мешавад. Ин маънои онро дорад, ки ниёгони мо дар шаш ҳазор сол пеш дар миёни мардуми форсизабон илми кайҳоншиносӣ мавҷуд будааст, ки ба фалсафаи он сарфаҳм рафта, нуқтаи эътидоли шабу рӯз, баробарии шабу рӯз, ивазҳавии фаслҳои сол, гардиши Офтоб, Замин ва диаг унсурҳои кайҳониро медонистанд ва бар он спрфаҳм рафтатаанд. Гардиши Замин, Хуршед ва лаҳзаи фарорасии ин ҳодисаи табиатро шинохтаанд, ки ин як қадами бузург дар илми ситорашиносӣ мебошад. Дар “Осор – ул боқия” Абурайҳони Берӯнӣ қайд менамояд, ки Наврӯз ҳеҷ гоҳ тағйир намеёбад, зеро, ки инсон қудрати боздоштани ҳаракати Офтоб ва Заминро надорад, ки ин исботи илмии Наврӯз на як ҷашни фарҳангӣ балки як лаҳзаи фарорасии ҳолати дақиқи ҳаракати Офтоб ва Замин мебошад.

Аз ҷиҳати илми кишоварзӣ Наврӯз ин бедории замин низ мебошад. Яъне пас аз хоби тӯлонии зимистон, замин дубора "нафас" мекашад. Сабзидани майсаҳо ва шукуфтани дарахтон рамзи пирӯзии ҳаёт бар марг мебоад. Дар дастурхони наврӯзӣ гузоштани сабза (гандуми сабзида) нишонаи эҳтиром ба эҳёи табиат мебошад. Ин паёмест, ки табиат ҷовидонист ва ҳамеша нав шуда, рушд менамояд.

Суннати дигари табиӣ доштани Наврӯз ин суннати ниҳолшинонӣ, кишту кор ва шудгори замин мебошад, ки ин нишон медиҳад, ки инсон дар ин эҳё на танҳо тамошобин, балки иштирокчии фаъол мебошад.

2. Решаҳои таърихӣ ва асотири Наврӯз. Наврӯз ҷашн, ойин, анъана ё русумест, ки аз ниёгон ба мо расида ва ё ба ќавли олими шинохтаи Эрон Озарнӯш «ин ҷашн танҳо ҷашнест, ки аз даврони бостон ба азамати тамом ва ҳамвора бо анбӯҳи афсона ва ойин то ба имрӯз идома ёфта ва сахт мавриди алоќаи эрониён аст».

Таърихи ташаккули Наврӯз ба асотири фалакӣ оид ба табиати миранда (зимистон) ва зиндашаванда (баҳор) вобаста будааст. Наврӯз дар аҳди Ҳахоманишиён ба ҳукми анъана даромад ва ба иди расмии мардуми ориёӣ табдил ёфт. Дар устураҳо оғози таҷлили наврӯзро ба Ҷамшеди Пешдодӣ-ќаҳрамони достонҳои эронӣ ва аз он ҳам пештар ба Каёмарси Кӯҳ шоҳ, ки аввалин шоҳ дар байни одамон буд, нисбат медиҳанд.

Дар осори хаттии аҳди Сосониён бошад, баромади ҷашни Наврӯз бевосита ба шоҳи пешдодиён Ҷамшед иртибот дода мешавад. Баъдан ин нуктаро донишмандони бузурги тоҷику форс, аз ҷумла Абулқосим Фирдавсӣ, Абурайҳони Берунӣ, Умари Хайём ва дигарон тасдиқ намуда, нисбати пайдоиши ҷашни Наврӯз ва ба шоҳ Ҷамшед рабт доштани он маълумоти дақиқ додаанд. Масалан, Абулқосим Фирдавсӣ дар “Шоҳнома” Наврӯзро чунин баён намудааст:

Ҷаҳон анҷуман шуд бари тахти ӯй,

Шигифтӣ фурӯ монда аз бахти ӯй.

Ба Ҷамшед-бар гавҳар афшонданд,

Мар-он рӯзро рӯзи нав хонданд.

Сари соли нав Ҳурмузи фарвадин,

Баросӯда аз ранҷ тан, дил зи кин,

Ба Наврӯзи нав шоҳи гети фурӯз,

Бар он тахт биншаст фирӯзрӯз.

Бузургон бо шодӣ биёростанд,

Маю руду ромишгарон сохтанд.

Чунин ҷашни фаррух аз он рӯзгор,

Бимонда аз он хусравон ёдгор.

Чунин сол сесад ҳамерафт кор,

Надиданд марг андар он рӯзгор.

Магар хост андар ҷаҳон растахез,

Ки бифрӯхтӣ оташи меҳри тез.

Ки манн солиён то бад ин марғзор,

Ҳаме ҷашни нав созам андар баҳор [2, с.21-23].

Умари Хайём дар китоби “Наврӯзнома”-и худ менависад, ки Ҷамшед рӯзеро дарёфт, ки Офтоб баъди 365 шабонарӯз ба «рубъи аввали дақиқаи Ҳамал» баргашт. Бо ин далел ӯ тақвим ё худ солшумории офтобӣ сохта, рӯзи нахустини бозгашти Офтобро ҷашн гирифт. Пас, аз он рӯз то имрӯз ин рӯз Наврӯз ном ниҳода шуд ва то ҳол ҳамчун оғози рӯзи нав, эҳёи табиат, рӯзи шурӯъи шукуфтану рустанҳо таҷлил карда мешавад [5].

Ё Умари Хаём Наврӯзро дар шакли назм чунин тавсиф намудааст:

Бар чеҳраи гул шабнами Наврӯз хуш аст,

Дар тарфи чаман рӯи дилафрӯз хуш аст.

Аз дӣ, ки гузашт ҳар чӣ гӯӣ, хуш нест,

Хуш бош, зи дӣ магу, ки имрӯз хуш аст.

Дар ҷойи дигар доир ба Наврӯз Умари Хаём мефармояд: «Ҳар кӣ Наврӯз ҷашн кунад ва ба хуррамӣ пайвандад, то Наврӯзи дигар умр дар шодӣ ва хуррамӣ гузарад».

Абӯрайҳони Берунӣ низ қайд мекунад, ки Ҷамшед рӯзи нахустини бозгашти Офтобро рӯзи наҷот аз нестӣ ҳисобида, онро Наврӯз номид [1, с.27] Табарӣ низ Наврӯзро ба давраи подшоҳии Ҷамшед мансуб медонад.

И.С. Брагинский дар асри худ «Исследование по таджикской культуре» ҷашни Наврӯзро 12 рӯз муайян кардааст. Шаш рӯзи аввал Наврӯзи хос ва шаш рӯзи сонӣ -Наврӯзи ом. Рӯзи сенздаҳум ҳама хосу ом ба беруни шаҳр баромада Наврӯзро ҷашн мегирифтанд. Ин анъана ҳоло дар Осиёи Марказӣ бо номи Сайр (ё ки сайри лола) ва дар Ирон бо номи «сенздаҳбаҳор» маъруф аст [4].

Гумон меравад, ки шаш рӯз ҷашн гирифтани Наврӯз саҳеҳтар аст. Дар Наврӯз анъанае будааст, ки ҳокими ид амири Наврӯз ё мири наврӯзӣ интихоб менамуданд ва он панҷ рӯз ҳукм мерондааст. Ба ќавли Ҳофизи Шерозӣ:

Зи кӯи ёр меояд насими боди наврӯзӣ

Аз ин бод ар мадад хоҳӣ, чароғи дил барафрӯзӣ.

Сухан дар парда мегӯям, чу гул аз ғунча берун о,

Ки беш аз панҷ рӯзе нест ҳукми мири наврӯзӣ.

3. Фалсафаи Наврӯз ё арзишҳои инсонӣ ва ахлоқии он. Воқеан, фалсафаи Наврӯз ифодакунандаи он мавзуҳое мебошад, ки шаклану мазмунан бо фитрату офариниши инсон тавъаманд. Чунки Наврӯзро рӯзи тавлиди сайёраи Замин ва тулӯъи Офтоб, меҳвари чархи гарданда, ки субъекти фаъолаш инсон мебошад, меноманд. Дар робита бо ин, ойинҳои наврӯзӣ инъикоскунандаи мавзуҳои ҳастӣ ва нестӣ, мақоми инсон дар ҷомеа, риояи принсипҳои адолати иҷтимоӣ, идеяи бозгашт ба оғоз ва ғайра ба ҳисоб мерафтанд. Ин мавзуҳо дар расму ойинҳои ҷашнӣ, аз ҷумла ҳафт син, фраваршиҳо, бозгашт ба оғоз ва Фарри каёнӣ таҷассум мегардиданд. Махсусан, «ҳафт син» ифодакунандаи масъалаи офариниши олами ҳастӣ аз тарафи Аҳурамаздо, офариниши шаш гавҳари муқаддасро бозтобӣ мекунад [6].

Ҳамзамон, додгустарӣ, адолат ва қомуси илму маърифат низ реша аз Наврӯз мегиранд ва инкишофу таназзулашон низ алоқамандии зич бар Наврӯз доранд. Аз ҷумла, агар пайванди ногусастании инсон бо табиат рамзи пойдории Наврӯз бошад, пас инсон бо баробари поён ёфтани шабҳои сарду дилгиркунандаи зимистон ва омадани баҳор дардҳои кӯҳнаро аз қалб ва фикрҳои ғаразнокро аз тафаккур берун мекунад. Бо амали неки расми хонатаконӣ вай бо табиат ҳамроҳ мешавад. Тақвими қадимаи наврӯзӣ ба ворисони имрӯзаи ориётабор дар мисоли толеънома, пешбинии ояндаи нисониятро бозгӯ менамояд.

Дар ҷашни Наврӯз унсури асосӣ хок (замин) пиндошта мешавад, ки покиза нигоҳдорӣ ва коркарди дурусти он маншаи фаровонии ҳосил мегардад дониста мешавад, ки ин гувоҳи он аст, ки ниёгони мо ба чор унсури табиӣ об, оташ, бод ва хок арзиши бузургро қоил буда, асоси ҳастиро аз ин чаҳор унсур медонистаанд.

Ба андешаи файласуфи тоҷик Самиев Б.Ҷ. “Наврӯз танҳо ифодакунандаи як ҷашн мавсимии миллии ориёӣ нест, балки он падидаи муҳимми фалсафӣ, ахлоқӣ ва фарҳангӣ мебошад. Дар арсаи вусъати тоза касб кардани бархӯрди тамаддунҳо ва аз байн рафтани арзишҳои моддию маънавӣ Наврӯз дар асл падидаи муттаҳидкунанда, пайвандагари қавму халқиятҳо нақш бозид. Даъвати инсонҳо ба ваҳдату ҳамзистӣ, ба роҳ мондани ҳамкории тарафайн, вусъат додани раванди муколамаи фарҳангҳо аз тамоили умумибашарӣ доштани рамзу суннатҳои Наврӯз далолат мекунанд [6].

Бинобар ин, арзиши умумибашарӣ касб кардани расму суннатҳои наврӯзӣ нагузошт, ки он ҳамчун бозёфти фарҳангии тоҷикон новобаста аз монеаҳо ва бархӯрдҳои фарҳангӣ вижагии ҷомеасозӣ, зиндагиофарии худро аз даст диҳад, балки ба он мусоидат кард, ки арзишҳои он насл ба насл мерос монда, шиори фараҳмандкунандаю хушояндро дар байни халқиятҳо бо мазмуни “Ҳар рӯзатон Наврӯз бод!” вирди забонҳо гардонад. Бо шарофати Истиқлол ва ташаккули давлатдории миллии тоҷикон ҳамчун мероси ғайрмимоддии ЮНЕСКО эътироф ёфтани Наврӯз низ аз ҷашни зиндагисоз будани он дарак медиҳад”.

4. Наврӯз ҳамчун падидаи фарҳангӣ. Наврӯз инчунин ҳамчун воситаи муҳим дар ҳифз ва интиқоли арзишҳои фарҳангӣ аз насл ба насл хизмат мекунад. Дар ҷараёни таҷлили ин ҷашн ҷавонон бо анъанаҳои ниёгон шинос мешаванд ва онҳоро идома медиҳанд. Ин раванд барои нигоҳ доштани ҳувияти миллӣ ва рушди фарҳанги миллӣ аҳамияти калон дорад. Ба ҳамин хотир, муҳаққиқон Наврӯзро ҳамчун яке аз унсурҳои асосии худшиносии фарҳангии мардумони минтақа арзёбӣ менамоянд. Зеро дар ин ҷашн ороиши дастурхон, намоиши либосҳои миллӣ, таомҳои миллӣ, бозиҳои гуногуни варзишӣ доир карда мешавад, ки дар ташаккули ҳувияти миллӣ ва фарҳанги миилӣ заминаи мусоидро фароҳам меоварад. Ҳамзамон барои тарғибу ташвиқи фарҳанги миллӣ аз эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, либоси миллӣ ва таомҳои миллӣ мусоидат намуда, ривоҷу равнақи онҳоро таъмин менамояд, ки ин раванд барои миллати дорои фарҳанги бою пурғановат дар шароити ҷаҳонишавӣ дар ҳифз ва нигоҳдошти фарҳанги миллӣ мусоидат менамояд.

Ҷанбаи муҳими дигари илмии Наврӯз дар робитаи он бо муҳити зист ва табиат зоҳир мегардад. Ин ҷашн мардумро ба эҳтиром ва нигоҳубини табиат ҳидоят мекунад. Дар анъанаҳои наврӯзӣ тозагии муҳит, сабзонидани дарахтон ва оғози корҳои кишоварзӣ ҷойгоҳи муҳим доранд.

Дар шароити муосир Наврӯз барои муарифии арзишҳои фарҳангӣ на танҳо дар миёни мардуми тоҷку фарс балки дар сатҳ ҷаҳонӣ халқҳои ҷаҳонро бо расму оинҳои миллӣ ошно намуда, ба як ҷашни муарифгари фарҳанги миллӣ дар шароити бархурди фарҳанг ва тамаддунҳо табдил ёфтааст.

5. Чаро Наврӯз барои тоҷикон муҳим аст? Чуноне, ки дар боло зикр намудем Наврӯз танҳо як ҷашн нест, балки сарнавишти таърихии тоҷикон ба шумор рафта, аз умқи ҳазорсолаҳо гузашта, асолати миллии моро дар баробари тӯфонҳои таърих ҳифз кардааст. Наврӯз дар тули таърих барои тоҷикон ҳамчун шиноснома хизмат намуда, тоҷиконро аз нестшавӣ дар ҳамаи давру замон нигоҳ дошта ба сифати пуи иртиботӣ аз гузашта ба имрӯз хизмат намудааст.

Бо доштани таърихи беш аз 6000 сола Наврӯз бо ҳамаи фарҳангҳо, дину мазҳабҳо мутобиқ шуда, худро ба саломат ба асри ҷадид оварда расонидааст. Ҳол он, ки дар масири таърих аҷнабиёне ба сарзамини Эрони бостон ҳамла намуда, мехостанд фарҳангу тамаддуни ориёиро аз байн баранд аммо Наврӯз дар ҳама намуди шароит бо фарҳангу мазҳабҳо муросо намудааст. Зеро, ки Наврӯз ҳамчун ҷашни ҳамбастагӣ дунёро дар атрофи як дастурхон ва як фарҳанг муттаҳид намуда, кинаву адоватро ба меҳру бахшиш табдил дода, Наврӯз нишони равшани худнашиносии миллӣ, маҳз тавассути он ҷаҳониён тоҷиконро ҳамчун миллати соҳибтамаддун, сулҳҷӯ ва табиатдӯст муарифӣ менамояд. Боиси зикри хос аст, ки Наврӯз ба ҳар як тоҷик фурсати таҷдиди аҳд бо табиат ва ботини хеш аст, ки умедро ба фардои дурахшон ва зиндагии обод зинда нигоҳ медорад. Ин аст, ки имрӯзҳо Наврӯз нишонаи асосии фарқкунандаи фарҳанги ориёӣ аз дигар тамаддунҳо маҳсуб меёбад.

Ҳамин тариқ, оид ба муарифии Наврӯз ва эҳёи дубораи он корҳои зиёде аз ҷониби вориси Наврӯз Тоҷикистон анҷом дода шуд. Ин талошҳо боиси он шуд, ки дар таърихи 30 сентябри соли 2009 Наврӯз бо 76 унсури ғайримоддии худ аз кишварҳои гуногуни дунё ба рӯйхати мероси ғайримоддии башарии ЮНЕСКО ворид гардид. Қарори ворид намудани 76 унсури мероси ғайримоддӣ аз ҷониби 24 давлати иштирокчии Кумитаи байнидавлатӣ оид ба ҳифзи мероси ғайримоддӣ пазируфта шуд.

Баъдан, 26 феврали соли 2010 дар иҷлосияи 64-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид, дар чаҳорчӯби моддаи 49-и рӯзномаи иҷлосия таҳти унвони «Фарҳанги ҷаҳон» дар бораи ҳамчун «Рӯзи байналмилалии Наврӯз» дар 21 март ҷашн гирифтани Наврӯз қарор қабул карда шуд.

Боиси зикри хос аст, ки лоиҳаи қарори мазкур аз ҷониби ҳайатҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Туркия ва Туркманистон муштаракан таҳия, баррасӣ ва пешниҳод шуд. Бино ба матни қатънома Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба чунин қарор омад, ки «21 март — Рӯзи байналмилалии Наврӯз» дониста шавад.

Соли 2010 бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйирот ворид карда шуда, рӯзҳои 21 – 24 март – Иди байналмилалии Наврӯз эълон гардид. Тибқи тағйирот ба қонуни мазкур ин рӯзҳо дар Тоҷикистон истироҳатӣ муқаррар карда шудаанд [5].

Ҳамин тариқ, аз соли 2010 ва баъд шаҳомати Наврӯз дар Тоҷикистон хеле баланд гардид. Наврӯз дар фарҳанги мардуми тоҷик ҳамчун “рӯзи нав”, “рӯзгори нав”, “рӯзи шодмонӣ”, “рӯзи инсофу адолаТ”, “рӯзи баробарию бародарӣ”, “рӯзи бахшоиши гуноҳҳои якдигар” ва “рӯзи созиш” дониста мешавад.

Аз ин рӯ Наврӯз ҳамчун арзиши миллӣ, манфиати миллӣ ва фарҳанги миллӣ дониста шуда, барои тоҷикон ҳамчун шиносномаи миллат, пазируфта шуда, дар сатҳи баланди ташкилӣ дар тамоми муассисаҳо, вазорату корхонаҳо, ташкилотҳо, шаҳру ноҳияҳо, деҳаҳо ва ҳатто дар сатҳи оила низ ҷашн гирифта шуда, ба як ҷашни ҳувиятсоз дар шароити имрӯза дониста мешавад.

Дар охири мақола, бо ба инобат гирифтани тамоми арзишҳои бузурги ин ҷашни ҳувиятсоз як қатор пешниҳодҳоро манзур менамоем:

1. Бо назардошти мақоми байналмилалӣ ва давлатии Наврӯз, зарур аст, ки ин ҷашн ҳамчун падидаи ҳувиятсоз дар сатҳи хурдтарин воҳиди ҷомеа — оила низ таҳким ёбад. Институти оила бояд ба маркази интиқоли арзишҳои Наврӯзӣ табдил ёфта, бо риояи сарфаю сариштакорӣ ва эҳёи суннатҳои суфраороии миллӣ, моҳияти аслии ин ҷашнро ба насли наврас муаррифӣ намояд. Танҳо дар сурати дар шуури кӯдакон ҷой додани фалсафаи Наврӯз ҳамчун мероси аҷдодӣ, мо метавонем худшиносии миллиро дар баробари таъсири фарҳанги бегона ҳифз намоем;

2. Зарур мешуморем, ки ҷанбаҳои таърихӣ ва фалсафии ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар барномаҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, махсусан дар барномаҳои таълимии фанҳои «Таърихи халқи тоҷик» ва «Фарҳангшиносӣ», ба таври муфассал ворид карда шаванд. Ин амалкард шароитро барои насли наврас на танҳо бо шакли зоҳирии ҷашн, балки бо ҷавҳари маънавӣ ва арзишҳои инсондӯстонаи он шинос шудан мусоидат намуда, дар зеҳни онҳо заминаҳои устувори худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба мероси гаронбаҳои ниёгон ташаккул ёбад;

3. Дар тамоми маҳаллаҳо, марказҳои шаҳру ноҳияҳо, вилоятҳо Наврӯзгоҳ бунёд гардида, ҳам ҷашни Наврӯз ва ҳам дигар ҷашнҳо ба хотири ташаккули худшиносӣ ва худогоҳии шаҳрвандон дар он доир карда шавад;

4. Вобаста ба соҳаҳои илм дар доираи корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ доир ба фалсафаи Наврӯз таҳқиқи илмӣ аз ҷониби муҳаққиқон анҷом дода шавад.

Адабиёти истифодашуда

1. ​Берунӣ, А. Осор-ул-боқия [Матн]: /А.Берунӣ. – Душанбе: «Ирфон», 1990. - 432c.

2. Абулқосим Фирдавсӣ. Шоҳнома. – Душанбе: Шарқи озод, 2025. – 792с. С. 21-23.

3. Карамалишо Карамалишоев. Наврӯзи ҷаҳонӣ: аз ҷашни миллӣ то ба ҷашни байналмилалӣ. [Манбаи электронӣ: Санаи истифодабарӣ 12.03.2026] www.khovar.tj

4. Озарнуш. Роҳҳои нуфузи форсӣ дар фарҳанг ва забони арабӣ. – Теҳрон: Интишороти Тӯс, 1354 (ба забони форсӣ).

5. Саид Н.С. [Манбаи электронӣ: Санаи муроҷиат 16.03.2026] www.khovar.tj

6. Самиев Б. Ҷ. Наврӯз - ҷашни табиӣ ва намоди сулҳу ҳамбастагӣ [Манбаи электронӣ: Санаи муроҷиат 16.03.2026] https://www.facebook.com/share/p/1DU4QfYovf/

7. Умари Хайём. Наврӯзнома. – Душанбе: Адиб, 2012.

8. Берунӣ, А. Осор-ул-боқия [Матн]: /А.Берунӣ. – Душанбе: «Ирфон», 1990. - 432c.

 

Азизов К.Ҷ., н.и.ф., и.в., дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарии Донишгоҳи давлатии Данғара