ИФРОТГАРОӢ ВА ТАЪСИРИ ОН БА ҶОМЕА

     Дар замони муосир ҷомеаи ҷаҳонӣ бо мушкилоти гуногуни сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ рӯ ба рӯ шуда истодааст. Яке аз масъалаҳои нигаронкунанда, ки ба амнияти давлатҳо ва суботи ҷомеа таъсири манфӣ мерасонад, маҳз ин ифротгароӣ мебошад. Ифротгароӣ падидаест, ки бо паҳн шудани андешаҳои тундрав ва радикалӣ дар ҷомеа алоқаманд аст. Ин падида метавонад боиси нооромӣ, низоъ ва ҳатто хушунат гардад. Аз ин рӯ, баррасии сабабҳо, оқибатҳо ва роҳҳои пешгирии ифротгароӣ барои ҳар як ҷомеа аҳамияти муҳим дорад.

    Ифротгароӣ маънои аз ҳад гузаштани андешаҳо ва амалҳоро дорад. Шахс ё гурӯҳе, ки ба ифротгароӣ рӯ меорад, аксар вақт ақидаҳои худро ягона ҳақиқат меҳисобад ва андешаҳои дигаронро қабул намекунад. Дар бисёр ҳолатҳо чунин гурӯҳҳо барои расидан ба ҳадафҳои худ аз усулҳои ғайриқонунӣ ва ҳатто зӯроварӣ истифода мебаранд. Инчунин, ифротгароӣ метавонад дар шаклҳои гуногун зоҳир шавад: сиёсӣ, динӣ ё идеологӣ ва ғайра. Қайд намудан ба маврид аст, ки тамоми шаклҳои ин падидаи номатлуб ба ҷомеа таъсири мусбӣ надорад, танҳо зиёну хушунат, тафриқа андозӣ, хурофот, террор ва дигар амалҳои номатлуб мерасонад.

    Қайд намудан ба маврид аст, ки интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ барои паҳн намудани ғояҳои ифротӣ низ нақши калон дорад. Дар замони технологияи муосир иттилоот хеле зуд паҳн мешавад, мутаассифона, баъзе гурӯҳҳои ифротӣ аз ин имконият истифода бурда, ҷавононро ба тарафи худ ҷалб мекунанд. Онҳо бо истифода аз таблиғоти гуногун ва маълумоти бардурӯғ одамонро фиреб медиҳанд. Ба ин мисол шуда метавонад Муҳиддин Кабирӣ, Додоҷони Атовулло ва Муҳаммадиқболи Садриддин, ки аз шабакаҳои иҷтимоӣ истифода намуда мехоҳанд дар шуури ҷавонон ақидаҳои ифротиро ҷой намоянд.

    Барои мисол Муҳиддин Кабирӣ худро ҳамчун сиёсатмадори муосир ва «демократ» муаррифӣ намуда, дар амал бошад ҳамчун шахси сармоягузори низоъ ва афкори тундрав дар ҷомеа аст. Усулҳои фаъолияти ӯ шаклҳои мураккаби таблиғот ва таъсиррасонӣ мебошанд, ки ба равони афрод ва солимии иҷтимоӣ осеби ҷиддӣ мерасонанд. Ӯ бо истифода аз ҳарфҳои таҳқиромез, эҳсосоти ҷавононро мағзшӯӣ мекунад ва онҳоро ба муборизаҳои хатарноки зидди арзишҳои инсонӣ ва миллии худ ҳидоят менамояд. Ин равишҳо на танҳо боиси тақвияти низоъҳои дохилӣ мешаванд, балки ба боварии мардум ба сохторҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ низ зарба мезананд. Инчунин Иқбол бошад, бо истифода аз эҳсосоти ҷавонони муҳоҷир кӯшиш мекунад, ки онҳо нисбат ба Ватан ва волидайнашон ҳисси нафрат пайдо кунанд. Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки чунин стратегия метавонад ба харобшавии равонии шахсият ва осебпазирии иҷтимоӣ оварда расонад. Тарзи суханронӣ ва гуфторҳои ӯ, ки пур аз таҳқири шахсият ва истифодаи забони даҳшатбор мебошад, нишон медиҳад, ки гурӯҳ аз арзишҳои инсонӣ ва исломӣ пурра дур аст ва ҳеҷ эҳтироми ахлоқӣ надорад. Ин рафторҳо на танҳо ба шаъну эътибори афрод зарар мерасонанд, балки ба солимии равонии ҷомеа низ осеб мерасонанд. Ин гуна суханронӣ ҷавононро ба роҳи хато ва хиёнат ба арзишҳои модарӣ ва ватанӣ роҳнамоӣ мекунад.

    Ҳамин тариқ, ифротгароӣ яке аз мушкилоти ҷиддии ҷомеаи муосир буда, метавонад ба амният, субот ва рушди ҷомеа таъсири манфӣ расонад. Барои мубориза бо ин падида ҳамкории тамоми қишрҳои ҷомеа зарур аст. Оила, мактаб, ҷомеа ва давлат бояд якҷоя амал кунанд, то ҷавонон бо дониш, фарҳанг ва ҷаҳонбинии васеъ ба воя расанд. Танҳо дар ҳамин сурат метавон ҷомеаи солим, ором ва пешрафтаро бунёд намуд.

Ғафурова Д.Ҷ. – омӯзгори ДДД