ХУДШИНОСӢ ВА ХЕШТАНШИНОСИИ ҶАВОНОН ОМИЛИ МУҚОВИМАТ БО ИФРОТГАРОӢ ВА ТЕРРОРИЗМ

Худшиносии ҷавонон дар ҳама давру замон яке аз масъалаҳои меҳварии ҳаёти иҷтимоиву сиёсии давлат ва ҷомеа маҳсуб меёбад. Аз ин рӯ, ташаккули шуури миллӣ ва худшиносиву хештаншиносии ҷавонон заминаи асосиро барои таҳкими пояҳои истиқлолият ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ фароҳам меорад.

Танҳо ҷомеаи худшинос ва дорои дониши пешрафта қодир аст, ки арзишҳои ниёгонро пос дошта, онҳоро ҳифз ва густариш диҳанд ва дар баробари ҷаҳолату бесаводӣ, хурофот, ифроту тафрит, фанатизму консерватизм ва таҳдидҳои замони муосир истодагарӣ намоянд. Таҳқиқот ва таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки решаи ҳама гуна ифротгароӣ ва терроризм маҳз дар ноогоҳӣ ва дур будан аз илму дониш ба ҳисоб меравад.

Ба андешаи мо ҷаҳолат душмани арзишҳои миллӣ, забону фарҳанг, анъана, расму оинҳо ва тамаддуну ва давлатдорӣ мебошад. Дар ин раванд танҳо роҳи раҳоӣ аз ин зуҳуроти номатлубро дар тарбияи насли худшиносу худогоҳ мебинем, ки илму донишро силоҳи худ қарор медиҳанд. Аз ин рӯ ҷавонони мо бояд бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ таърихи ниёгонро омӯзанд ва аз он барои бунёди ояндаи устувор сабақ гиранд. Илм ва худшиносӣ кафили он аст, ки ҷомеа ба коми ҷаҳолат ва гумроҳӣ кашида намешавад, баръакс, роҳи саодати миллат ва давлатро нишон дода, барои ҷомеа қудрату тавоноӣ ва пешрафту тарақиёт мебахшад.

Худшиносӣ ва хештаншиносӣ падидаи тасодуфӣ набуда, он самараи заковат ва эҳтиром ба гузаштаи пурифтихор мебошад. Танҳо тавассути донистани таъриху фарҳанг, манфиатҳои миллӣ ва арзишҳои миллӣ ва дарки амиқи тамаддун ва бузургдошти шахсиятҳои таърихӣ метавон ба қуллаи худогоҳӣ расид. Маҳз ҳамин шинохт аст, ки эҳсоси ватандӯстиро аз як шиори хушк ба як эътиқоди қалбӣ табдил медиҳад.

Ҳақиқати раднопазир он аст, ки саромадони фарҳангу тамаддуни мо ҳамеша парчамбардори маърифат ва ахлоқ буданд. Кам нест халқе дар арсаи олам, ки мисли тоҷикон ҳамаи бузургонаш яксадо «Пиндору гуфтору рафтори нек»-ро ситоиш карда бошанд. Мероси онҳо мактаби бузурги одамият аст, ки дар он дарсҳои ҷавонмардӣ, мурувват, худшиносӣ ва ишқ ба Ватан талқин мешаванд. Ин осор на танҳо китоб, балки ҷавҳари ҳастии маънавии мост, ки бар муқобили ҷаҳлу бесаводӣ, ифроту тафрит ва буҳрони маънавӣ нигаронида шудааст.

Бузургтарин шоҳкории адабиёти ҷаҳонӣ, ифтихори тоҷикон ва тамоми форсизабонон “Шоҳнома” – и ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ, ки бо ситоиши ақлу хирад оғоз мегардад. Чуноне, ки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон иброз намудаанд, “тамоми осори гузаштагони моро – аз “Авасто” сар карда, то Рӯдакию Фирдавсӣ, Мавлавию Хайём, Носири Хисрав ва Хоҷа Камол, Саъдию Ҳофиз, Ҷомию Соиб, Саидою Дониш ва садҳо дигар – маҷмӯи одобу ахлоқ номидан мумкин аст”.

Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки Тоҷикистони мо, бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як давлати пешрафта дар заминаи сунатҳои аҷдодӣ, арзишҳои миллӣ ва фарҳанги миллӣ ва орзуву ормонҳои тоҷикон, ки баъди султаи бегонагон, бунёди давлати миллӣ дар асоси арзишҳои бунёдӣ буд, амали воқеии худро ёфтааст. Ва мо шоҳиди он ҳастем, ки тамоми унсурҳои давлати тозаистиқлоли мо дар асоси арзишҳои миллӣ ва асолатгароии миллӣ рушду тақвият меёбад.

Роҳбарияти олии мамлакат баҳри муқовимат бо таҳдиду хатарҳор замони муосир аз қабили хурофотгароӣ, ҷаҳлу бесаводӣ, ифротгароӣ, терроризм ва дигар таҳдидҳои замони муосир роҳҳои муассири мубориза бо ин таҳдидҳоро пеш гирифта, баҳри ташаккули худшиносӣ ва худогоҳии миллат корҳои арзишманд анҷом дода шуд.

Имрӯзҳо бо бовари гуфта метавон, ки дар Тоҷикистон 100% аҳолии мамлакат бо хизматрасонии соҳаи маориф таъмин буда, Ҳукумати мамлакат ҳамасола садҳо муассисаҳои таълимиро бунёд намуда, шароити таҳсилро баҳри насли наврасу ҷавон хубтару беҳтар менамоянд. Имрӯз дар дурдастарин деҳоти Тоҷикистон муассисаҳои таълимӣ фаъолият дошта, бо омӯзгорон ва дигар хизматрасониҳои соҳа таъмин мебошад. Баҳри соҳибкасб намудани насли наврасу ҷавон ва таршаккули худшиносиву худогоҳӣ, коҳиши бекорӣ, муҳоҷират ва дар бозори меҳнат пайдо намудани кор барои ҷавонони мо дар солҳои соҳибистиқлолӣ бунёди донишгоҳу донишкадаҳо ва филиали донишгоҳҳои бонуфузи хориҷӣ дар мамлакат мебошад. Агар дар солҳои аввали соҳибитиқлолӣ дар мамлакат ҳамагӣ 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ (донишкада ва донишгоҳҳо) фаъолият дошта бошанд, пас ин рақам дар соли 2025 ба 49 адад расонида шудааст, ки имрӯз зиёда аз 200 000 ҷавонони мо дар муассиаҳои таълимӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Ин ҳама ғамхории Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ташаккули худшиносӣ, хештаншиносӣ, ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, давлату давлатдорӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ мусоидат намуда, ҷиҳати муқовимат бо таҳдиду хатарҳои замони муосир замина фароҳам меоварад.

Бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор озмунҳо дар мамлакат роҳандозӣ гардид, ки ин озмунҳо низ пеш аз ҳама тарбияи насли наврасу ҷавон дар руҳияи худшиносӣ, худогоҳӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва дарёфти чеҳраҳои донишманду эҷодкор ва ихтироъкор дар мамлакат мебошад. Ин озмунҳо озмунҳои “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм фуруғи маърифат”, “Тоҷикистон ватани азизи ман”, “Тоҷикон оинаи таърихи миллат”, “Шоҳномахонӣ” ва озмуну олимпиадаҳои фаннӣ, ки ин ҳама баҳри мубориза бо ҷаҳлу бесаводӣ, ифротгароӣ, ташаккули худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ барои миллат хизмат менамоянд. Аммо ин ҳама ғамхориҳои Пешвои миллат, Ҳукумати мамлакат ва хизматчиёни давлатиро душманони бадхоҳи миллат Муҳиддин Кабирӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин, Ҳусейн Ашуров, Шарофиддин Гадоев ва дигар ҳамаслакону ҳамандешони беҳувияти худбохтаашон нодида гирифта, дастовардҳои Тоҷикистонро, ки дар ҳамаи соҳаҳо ба назар мерасанд, ба насли наврасу ҷавон ночиз нишон медиҳанд. Иддае аз ҷавонони мо, ки аз илму фан дур ҳастанд, таърихи на танҳо чандҳазорсола балки таърихи 30 соли пеши худро надониста, аз ҷаҳолату бадбахтии ба сари ин миллат омадаи солҳои 90- ум огоҳ набударо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин хоинони Ватан мағзшӯӣ менамоянд, ки мо амалҳои ноҷавонмардонаи онҳоро қатъиян маҳкум менамоем.

Зеро, ки миллат бо ақидаҳои ифротӣ ва ҷаҳолат ҳастии худу ояндаи давлату миллати худро таъмин намуда наметавонад. Чун таҷриба ва дастовардҳои халқу миллатҳои ҷаҳон нишон медиҳад, ки ҷаҳолату ифрот ҷомеаро ба нестӣ ва бадбахтӣ мебарад на ба сӯи саодату хушбахтӣ. Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ бо дастовардҳои илмии худ ҳам саодат ва ҳам пешрафту тарақиёти давлату миллати худро таъмин намуда, аз самараи он лаззат бурда истодаанд.

Чуноне шоир мефармояд:

Дар Ватан бе рӯзӣ будан на айби Ватан аст,

Айби соҳибватану айби туву айби ман аст.

Аз ин нуқтаи назар гуфтан мумкин аст, ки барои ҳар касе, ки дар вуҷудаш дӯстдории миллат, худшиносиву худогоҳӣ, ифтихори миллӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстиву ҳувияти тоҷикӣ дорад, вазифадор аст, ки бо дарки масъулияти ватандориву ватанхоҳӣ ва ҳифзи номусу шаъни тоҷикӣ даҳшату ҷаҳолати ифротгароӣ ва ҳадафҳои нопоки онҳоро дарк намоянд. Муносибати худро ба хотири мустаҳкам намудани пояҳои давлату давлатдории миллӣ тағйир дода, дунболи рушди босубот ва саодати миллати худ бошад. Зеро танҳо ин омил метавонад бо ҳамаи падидаву хавфу хатарҳои муосир аз ҷумла ифротгароиву терроризм истодагарӣ намуда, миллатро аз парокандагиву фақру ҷаҳл ва нестшавӣ нигоҳ дорад.

Ҳаминтариқ ба андешаи мо роҳҳои асосии муқовимат бо ифрогароӣ ва терроризм ин пеш аз ҳама баланд бардоштани дониш, ташаккули шуури сиёсии насли наврасу ҷавон, ташаккули худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстӣ ба шумор меравад. Зеро, ки мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки насли донишманду бофарҳанг ва худшиносу худогоҳ ҳеҷ гоҳ фирефтаи ақидаҳои ифротгароиву хурофотпарастӣ нашуда, ҳамеша бо терроризму ифротгароӣ дар муқовимат меистад. Зеро, ки насли донишманду худогоҳ ҳамеша аз асолати худро нигоҳ дошта, бо ҳама гуна ифроту хурофот ҷаҳлу бедонишӣ дар муқобил мебошанд ва роҳҳои саодати миллати худро таъмин менамоянд.

Олимзода Р.А. – муовини ректор оид ба илми ДДД