(Дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 16.12.2025)
Таърихи куҳанбунёди миллати тоҷик ҳамчун манбаи маънави, фарҳангӣ миллат на танҳо як руйдоди гузашта, балки ҳамчун ташаккули худшиносию худогоҳии миллӣ дар замири ҳар як шаҳрванд мебошад. Ҳар миллате, ки арзишҳои таърихи ва фарҳангии худро эҳё ва ҳифз мекунад, қадамҳои устувор барои таҳкими худшиносӣ худ ба фарҳанг ва арзишҳои модди ва маънавии мегузорад. Ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ҳамчун сарчашмаи асосии худшиносии миллӣ, пайванди наслҳо ва пойдории давлату миллат ба шумор меравад.
Ёдгориҳои таърихӣ, осори меъморӣ, анъанаҳо, расму оинҳо ва осори хаттӣ таърихи миллатро зинда нигоҳ доштан, арзишҳои маънавии ҷомеаро ташаккул медиҳад. Масъалаи ҳифз ва омӯзиши мероси таърихию фарҳангӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ аҳамияти хосро касб мекунад. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон зимни сухаронии худ соли 2019 бо директори ЮНЕСКО хонум Одрӣ Азуел зикр намуд, ки “Дар шароити ҷаҳонишавӣ рӯ овардан ба таърих ва арзишҳои миллӣ, забон, фарҳанги куҳнаи таърихии миллат ва ананаҳои неки ниёгон аҳамияти басо муҳим мебошад”.
Мероси таърихию фарҳангӣ маҷмӯи арзишҳои моддӣ ва ғайримоддиест, ки дар раванди таърих аз ҷониби инсоният офарида шуда, он аҳамияти таърихӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва тарбиявӣ дорад. Мероси таърихию фарҳангиро ба ду гуруҳ ҷудо мешавад:
1.Мероси моддӣ – ёдгориҳои бостонӣ, қалъаҳо, шаҳрҳои қадима, мақбараҳо, масҷидҳо, осорхонаҳо, катибаҳо ва бозёфтҳои бостоншиносон дохил мегардад.
2.Мероси ғайримоддӣ – забон, фолклор, мӯсиқӣ, расму оинҳо, ҷашнҳо, ҳунарҳои мардумӣ ва арзишҳои маънавӣ дохил мегардад.
Мероси модди ва ғайримодии халқи тоҷик ҳамчун сарвати миллӣ арзёби шуда, ҳифзи онҳо вазифаи муҳимми давлат ва ҷомеа маҳсуб меёбад. Зери сиёсати фарҳангсолори худ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаҳои барҷастаи мероси фарҳангӣ-таърихии халқи тоҷик, аз қабили мусиқии “Шашмақом” соли 2008, ҷашни байналмилалии Наврӯз соли 2009, “Чакан” соли 2018, “Фалак” соли 2021 ба рӯйхати мероси фарҳанги ғайримоддӣ ва дар соли 2023 якчанд ёдгориҳои таърихи аз қабили Шоҳроҳи Бузурги Абрешим, Долони Зарафшон – Қайроқум ёдгории Панҷакенти Қадим, Қалъаи Муғ, Қалъаи Қум шаҳри қадимаи Саразм ворид гардиданд. Ҳамзамон, Пешавои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олӣ (16.12.2025) зикр намуданд, ки “11 ёдгории мероси фарҳангии Хуттали қадим дар ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Данғара, Восеъ, Фархор ва Ховалинги вилояти Хатлон ба руйхати мероси фарҳангии моддии ЮНЕСКО ворид гардиданд”.
Дар ин радиф, ба масъулини ин соҳа таъкид намуданд, ки “Барои ҳифзи арзишҳои таърихию фарҳанги қонуни соҳаи бостоншиносиро таҳия намоянд. Инчунин Пешвои миллат таъкид намуданд, ки “Мо вазифадорем дар баробари ифтихор кардан аз мероси таърихию фарҳангӣ оламшумули аҷдоди худ онро соҳибӣ кунем, омӯзем идома диҳем ва барои наслҳои оянда ҳамчун ганҷинаи бебаҳои ҳувиятсоз ба мерос гузорем”.
Дар ҷаҳони муосир эҳёи хотираи таърихи ва ҳифзи арзишҳои таърихию фарҳангӣ, ки дар таҳкими худогоҳию худшиносии миллӣ ҷавонон ки ояндаи миллату давлат ба шумор меравад нақши асоси мегузорад. Ҳар ҷомеае, ки ба таъриху фарҳанги худ арҷ мегузорад метавонад бо эътимод ва устуворӣ ба оянда назар кунад.
Ҳамин тариқ, мероси таърихию фарҳангӣ омилилҳои асосии ташаккул ва таҳкими худшиносии милли ба шумор рафта, тавассути ҳифз, омӯзиш ва эҳтиром ба мероси ниёгон ва метавон эҳсоси ифтихор, худогоҳӣ ва ваҳдати миллиро дар ҷомеа таҳким бахшид.
Муродов Алихон Шодихонович – муаллими калони кафедраи таърихи умумии Донишгоҳи давлатии Данғара.


