(Дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ, 16.12.2025)
Минтақаҳои баландкӯҳ ва қуллагии Тоҷикистон дорои системаҳои табиии махсус буда, дар табақаи криолитӣ (криолитозона) ҷойгир мебошанд. Табақаи криолитӣ як қисми криосфера, қабати болоии пустлохи замин аст ва аз дигар мавзеъҳо бо шароитҳои махсус ва мураккаби ба он хос, фарқ мекунад. Криолитозона аз калимаи юнонӣ гирифта шуда маънояш κρύος - сардии яхин, сармо, λίϑος – санг ва ζώνη – камар, тасма мебошад.
Назарияҳои камшавии захираи пиряхҳо хеле зиёданд, аммо ҳар кадоми онҳо бо роҳу усулҳои хос шарҳ дода мешаванд. Баъзеҳо ин равандро дигаргуншавии иқлими замин мансуб медонанд ва баъзеи дигар инро як равандӣ эволютсионии дигаргуншавии ҳолати пиряхҳо мешуморанд. Барои дуруст шарҳ додани ин масъала моро зарур омад то таърихи ташаккулёбии пиряхҳои Тоҷикистонро дар давраҳои геологӣ дида бароем.
Барои муайян намудани майдони палеоглятсионалӣ дар кори мазкур марҳилаҳои яхбандии аз тарафи А.К. Трофимов пешниҳод гардидаро, ки маҷмааҳои таҳшинпайдошавии давраи чорякуминро аз рӯйи пайдоиш ба минтақа ҷудо намудааст, истифода шудаанд. Таҳшиншавии ҷудонамудаи Трофимов А.К. ба шӯъбаҳои поёнӣ, миёна ва болоии давраи чорумин мувофиқ мебошанд.
Аз рӯйи натиҷаи таҳлилҳо бар меояд, ки яхбандии калонтарини ҳудуди Тоҷикистон дар давраи плейстотсени поёнӣ (800-850 ҳазор сол пеш) ба вуҷуд омадааст. Таҳшинҳои моренавии ин давра дар водии Олой, дар қисми резишгоҳи водии дарёи Муксу, инчунин қисм-қисм дар соҳилҳои дарёҳои Панҷ, Бартанг, дар болооби дарёи Шоҳдара, водии Аличур ва ҳудудҳои ҳавзаи кӯли Қарокӯл ба хуби боқӣ мондаанд. Мисоли хоси мавҷудияти яхбандии бузурги сатҳӣ дар плейстотсени поёнӣ морфологияи сатҳҳои минтақаи кӯҳии Помири Ҷанубӣ ва Ҷануби-Ғарбӣ мебошад, ки он дар натиҷаи экзаратсия ва суфташавӣ дар муддати тӯлонӣ бетағйир боқӣ мондааст ва намуди зоҳирии худро то имрӯз нигоҳ доштааст.
Дар Помири Ғарбӣ изи яхбандии сатҳӣ дар натиҷаи равандҳои пурзӯри экзогенӣ (бодхурдашавӣ) дар шароити равандҳои бузурги кӯҳпайдошавӣ аз нимаи дуюми давраи миёнаи плейстотсенӣ (185 ҳазор сол пеш) ва ташаккулёбии релефи ҷудогонашудаи навъи Алпӣ боқӣ намондааст. Дар плейстотсени миёна (185 ҳазор сол пеш) дар натиҷаи равандҳои кӯҳпайдошавӣ яхбандӣ ба намуди нимсатҳӣ (водигӣ) мегузарад ва асосан дар минтақаҳои Помири Ғарбӣ ва Шимолӣ ба амал меояд. Дар Помири Шарқӣ ҳанӯз яхбандии сатҳӣ боқӣ мемонад. Дар аксҳои кайҳонии водиҳои минтақаи Помиру-Тиёншон ва қалмарави назди сарҳадии Афғонистон изи ин яхбандӣ ба хубӣ намоён аст.
Дар аксҳои кайҳонӣ шаклҳои геоморфологии таҳшинҳои моренавӣ (кӯҳпораҳои реза, сангу шағал), изҳои абразионии яхбандиҳои ин синусол, инчунин боқимондаи қисмҳои пиряхҳо ва пешу қафоравии онҳо хуб аёнанд. Ивазшавии бисёркаратаи шакли моренаҳо дар охири пиряхҳо ва қаъри водиҳо нишондиҳандаи бевоситаи хислати ҳаракаткунанда доштани пиряхҳо мебошад. Ба сифати мисоли изҳои (моренаҳо, изҳои абразионӣ, суфташавии нишебиҳо ва ғ.) пиряхи бузурги қадима хизмат карда метавонад, ки аз болооби дарёи Панҷ сар карда то кӯҳи Ишкошим тӯл мекашанд.
Дар водии Олой бошад, майдони таҳшинҳои моренавии шакли конусдошта, ба мушоҳида мерасад, ки ин далолати мавҷуд будани пиряхҳои бузурги дорои хусусияти баланди динамикии дар нимаи аввали давраи плейстотсении миёна (185 ҳаз. сол пеш) то пайдоиши қаторкӯҳи Паси Олой мебошад. Давраи яхбандии кампаҳнгашта давраи плейстотсении болоӣ (65 ҳазор сол пеш) ва голотсен (10-12 ҳазор сол пеш) башумор меравад. Бинобар сабаби дар шароити иқлими аридӣ (хушк) ба амал омаданаш он асосан дар қуллаҳо ва нишебиҳои баландкӯҳ ташаккул ёфтааст. Дар ин давра асосан пиряхҳои гуногуни намуди водигӣ пайдо гардидаанд.
Дар шароити яхбандии муосир ва гармшавии глобалии иқлим як қатор пиряхҳо дар фосилаҳои муайяни вақт хусусияти динамикиашонро (пиряхҳои Хирсон, Валӣ, Дзержинский, Саукдараи хурд ва калон ва ғ.) идома медиҳанд. Ҳангоми омӯзиши яхбандӣ дар Помир аз тарафи О.В. Рототаева феҳрасте тартиб дода шудааст, ки дар он 7049 пирях (аз ҷумла 5690 пиряхҳои масоҳаташон зиёда аз 0,1 км2) бо масоҳати умумии 7493 км2 ба қайд гирифта шудааст. Аз маълумотҳои дар боло овардашуда маълум мегардад, ки дар зарфи камтар аз як милион сол дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон, алалхусус Помири Шимолӣ чор давраи яхбандӣ вуҷуд доштааст, ки давра ба давра аз ҳамдигар ҳаҷман хурд гардида охир ба нестӣ рӯ ба рӯ гардида истодаанд.
Тағйирёбии глобалии иқлим, норасои оби нушокӣ ва коҳишёбии ҳаҷми пияхҳо масоили мубрами сайёраи Замин гардида аст. Ташаббусҳои байналмилаии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри наҷоти сайёраи Замин аз тағйирёбии иқлим басо назаррас аст. Боиси ифтихори бузурги миллати тоҷик аст, ки дар сатҳи ҷаҳони дар соҳаи обу иқлим ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон - соли 2003 эълон шудани “Соли байналмилалии оби тоза”, эълон шудани Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт 2005-2015”, эълони “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013”, эълони Даҳсоли байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028”), эълони соли 2025 “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, эълони солҳои 2025-2034 “Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера” пешниҳод ва якдилона аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуд.
Дар замони имрӯз ҳифзи криосфераи Замин, ки аз пиряхҳо, барф, яхи баҳр ва яхбандии абадӣ таркиб ёфтааст, хело актуалӣ ва муҳим аст, зеро он иқлими сайёра, захираҳои об ва гуногунии биологиро танзим мекунад. Ҳифзи пиряҳо ва криосфера дар Тоҷикистон ва ҷаҳон як масъалаи муҳим аст, ки ба гармшавии глобалӣ, норасоии об ва тағйирёбии иқлим алоқаманд аст Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббусҳои зиёдеро, аз ҷумла қабули қатъномаи «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера», дар арсаи ҷаҳонӣ пешбарӣ намуда, ба омӯзиши илмии пиряхҳо ва мутобиқшавӣ ба иқлим таваҷҷуҳ зоҳир мекунад, то захираҳои обро ҳифз намояд.
Исоев Фаррух Бозорович – ассистенти кафедраи сохтмон ва меъмории Донишгоҳи давлатии Данғара


