ПАЁМ ВА ТЕХНОЛОГИЯИ РАҚАМӢ

(дар ҳошияи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 16.12.2025)

Раванди гузариш ба технологияи инноватсионӣ, ки дар асри XXI ҷомеаи инсониро фаро гирифт, ба пешравии иқтисоди миллӣ дар тамоми соҳаҳо асос гузошт. Айни ҳол зеҳни сунъӣ, манбаъҳои барқароршавандаи неруи барқ, электромобилҳо, воқеияти вертуалӣ, робототехника, ҳавопаймоҳои бесарнишин инноватсияи равияҳои гуногун ба ҳисоб мераванд. Аксари мамолики пешрафта барои расидан ба ҳадафҳои олии худ маҳз аз ҳамин равияҳо истифода мебаранд.

Барои расидан ба ин гуфтаҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ чунин зикр намудаанд:

“Ҳукумати мамлакат бояд самтҳои афзалиятноки рушди технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ, саноатикунонии босуръат бо технологияҳои муосир, истифодаи имкониятҳои транзитӣ ва сайёҳӣ, идомаи ислоҳоти идоракунии давлатӣ, дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар гардонидани фазои сармоягузориро тақвият бахшад.

Пешрафти босуръати технологияҳои рақамӣ ва тавсеаи имкониятҳои зеҳни сунъӣ дар ҷаҳони муосир тақозо менамояд, ки ин дастовардҳо дар ҳама соҳаҳо самаранок истифода гардида, ба манбаи иловагии рушди иқтисодӣ ва содироти хизматрасонӣ табдил дода шаванд”.

Олимон мегӯянд, ки ҷавҳари асосии инноватсия технологияи пешрафта аст, ки яке аз самтҳои навтарини илмӣ-техникӣ буда, бояд хуб омӯхта шавад. Технология навтарин барои пешрафти босуръати тамоми соҳаҳо, бахусус илм, истеҳсолот, тиб, нақши асосиро бозида, ҷиҳати истифодаи босамари сарватҳои табиӣ, баланд бардоштани сатҳи тамоми намудҳои хизматрасонӣ дар ҷаҳони муосир мусоидат менамояд. Оиди ин масъала низ дар Паёми навбатии Пешвои миллат чунин ироа гардид:

“Парламенти кишварро зарур аст, ки барои таъмин намудани заминаи ҳуқуқии гузаштан ба иқтисоди рақамӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ чораҷӯйӣ намояд. Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ вазифадоранд, ки якҷо бо вазоратҳои маориф ва илм, саноат ва технологияҳои нав ва молия талаботи бозори меҳнатро дар самти иқтисоди рақамӣ омӯхта, барои зиёд намудани теъдоди мутахассисони соҳаи мазкур, инчунин, баланд бардоштани сифати омодасозии кадрҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд. Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ҷиҳати пурра ҷорӣ намудан ва оммавӣ гардонидани сомонаи ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ тадбирҳои таъхирнопазир андешад”.

Инноватсия ин такондиҳандаи рушди иқтисодиёт маҳсуб меёбад. Дар ҳамин ҳол, мувофиқи маълумот, саҳми инноватсия дар буҷети Тоҷикистон бениҳоят зиёд мебошад. Ҳукумати ҷумҳурӣ ба соҳибкорон барои дар истеҳсолот ҷорӣ кардани ихтирооти илмӣ имтиёзҳои андозиву қарзӣ пешбинӣ кардааст, ки барои пешрафти технологияи рақамӣ ва зеҳни сунъӣ мусоидат менамояд.

Аз ҷумла, дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин омадааст: “Имрӯз моро зарур аст, ки раванди идоракунии давлатиро бо истифода аз технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ ба роҳ монда, таъсири омили инсониро дар тамоми соҳаҳо ва ҳамагуна муносибатҳои молиявӣ коҳиш диҳем”.

Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон зери сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумати электронӣ гузашта истодааст, то ки боз ҳам рушди иқтисоди миллӣ таъмин гардида, аҳолии кишвар аз ин ҳам зиёдтар ба дастовардҳои илмиву техникӣ ноил гарданд.

Исозода Афзалшо Зиёдулло – муаллими калони кафедраи информатика ва технологияҳои рақамии Донишгоҳи давлатии Данғара