РУШДИ ИҚТИСОДӢ ВА ИҶТИМОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР МЕҲВАРИ СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН

(Дар ҳошияи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ – 16.12.2025)

Бо ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ Тоҷикистон ба сатҳи нави муносибатҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангиву дипломатӣ ворид гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ҳамчун давлати соҳибистиқлол ба расмият шинохта шуд.

Тоҷикистон аз низоми иқтисодии мутамаркази зери нуфузи сиёсати сотсиалистии давлати Шуравӣ озод шуда, роҳи рушди иқтисодиёти бозоргониро пеш гирифт. Дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар кишвар буҳрони сиёсӣ ба вуҷуд омада, боиси буҳронҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангиву маънавӣ гардид. Ин омилҳо дар рушди иқтисоди давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон таъсири амиқи худро гузошт.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кордониву зиракии сиёсӣ тавонистанд, буҳрони сиёсии солҳои 90-умро ҳалу фасл намуда, сулҳу ваҳдатро дар Тоҷикистон таъмин намоянд.

Иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон як чанд марҳилаҳоро дар бар мегирад:

1.Марҳилави аввал ин ба солҳои ҷанги шаҳрвандӣ рост меояд, ки иқтисоди Тоҷикистон ба буҳрони амиқи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дучор гардида буд;

2.Марҳилаи дуюм давраи баъди ҷангӣ ва барқарорсозии иқтисоди миллӣ мебошад, ки солҳои 1997 то солҳои 2007- умро дар бар мегирифт;

3.Давраи сеюм марҳилаи амалишавии ҳадафҳои стратегии давлату ҳукумати мамлакат мебошад, ки ба солҳои 2008-2018 рост меояд.

4.Марҳилаи чоруми рушди иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон ин солҳои 2018 то ҳол мебошад.

Баъд аз расидан ба Ваҳдати миллӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушду инкишофи ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии мамлакат дар назди давлату ҳукумат ва мардуми шарифи Тоҷикистон се ҳадафи бузурги иқтисодиро гузоштаанд:

Ҳадафи якуми Стратегии мамлакат баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ мебошад. Дар асоси ин ҳадафи гузошта шуда, роҳҳои мошингарди Душанбе – Чаноқ сохта ба истифода дода шуд, ки дар асоси он рафтуомади сокинон ва боркашонӣ аз вилояти Суғд ба пойтахти мамлакат дар чор фасли сол таъмин карда шуд. Дар ин замина нақбҳои Анзоб, Шаҳристон ва дигар корҳои инфрасохтории роҳу нақлиёт анҷом дода шуд. Сипас, роҳи мошингарди Душанбе, Кулоб ба вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон то сарҳади Чин сохта шуда, корҳои сохтмонӣ дар ин роҳҳо идома дошта, дар чор фасли сол рафтуои шаҳрвандон ва боркашонӣ таъмин карда шуд. Чуноне, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ иброз намудаанд: “Барои беҳтар намудани вазъи роҳу шоҳроҳҳои мошингард ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон ҳоло татбиқи 16 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 11,3 миллиард сомонӣ идома дорад. Танҳо дар соли 2025-ум дар доираи лоиҳаҳои зикршуда ба маблағи умумии зиёда аз 5,4 миллиард сомонӣ 236 километр роҳҳои мошингард ва дигар иншооти роҳу нақлиёти мутобиқ ба талаботи байналмилалӣ бунёдгардида ба истифода дода шуданд.

Роҳҳои Обигарм – Нуробод ва Роғун ба дарозии умумии 87 километр, 109 километр роҳи Қалъаихум – Ванҷ, 40 километр роҳҳои байналмилалӣ дар вилояти Суғд, 30 пули хурду бузург, 5 нақб ва 6 долони зидди тарма ба дарозии 13 километр аз ҷумлаи иншооти зикршуда мебошанд. Ҳоло бунёди 50 километр роҳи Данғара – Гулистон, 33 километр роҳи Гулистон – Фархор ва боз 12 километр роҳҳои байналмилалӣ дар вилояти Суғд ба маблағи умумии 2 миллиард сомонӣ идома дорад.

Соли 2025 сохтмони пули калонтарин дар кишвар аз болои обанбори неругоҳи барқи обии «Роғун» ба дарозии 920 метр ва 3 пули мошингузар ба дарозии 368 метр оғоз гардид, ки маблағи умумии онҳо 900 миллион сомониро ташкил медиҳад”.

Сохтмони роҳҳо аз чанд чиҳат ба рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлкат замина фароҳам намудааст:

-Таъмини рафтуомади шаҳрвандон дар чор фасли сол ба тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва ҳатто берун аз он;

-Боркашонӣ осон гардида, аз минтақаҳо молу маҳсулот ба дигар минтақаҳо оварда шуда, ҳатто ба хориҷи кишвар содирот намудани молу маҳсулот;

-Бартараф намудани хавфҳои роҳу нақлиёт;

-Рушди туризм – роҳҳо барои рушди туризм ва ҷалби онҳо ба мавзеъҳои сайёҳии мамлакат мусоидат намуда, Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд;

-Ба минтақаи транзитӣ табдил додани Тоҷикистон ба воситаи бунёду азнавсозии роҳҳо;

-Камхарҷ намудани боркашонӣ ва мусофиркашонӣ.

Ҳадафи дигари стратегии мамлакат ин расидан ба истиқлолияти энергетикӣ. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон бо гузоштани ин ҳадаф вобастагии худро аз кишварҳои ҳамсоя давра ба давра коҳиш дода, аз кишвари истеъмолкунандаи барқ ба кишвари содиркунандаи энергия табдил додани Тоҷикистон мебошад. Дар ин замина бунёду азнавсозӣ, таъмиру тармими неругоҳҳои обии барқии хурду миёна ва бузург дар мамлакат мебошад.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ як қатор неругоҳҳои обиву барқӣ аз ҷумла НБО Сангтуда 1, Сангтуда 2, ба истифода додани 2 агрегати НБО Роғун 16 ноябри соли 2018 ва 9 сентябри соли 2019, таҷдиди НБО “Норак” ва НБО “Қайроқум”, идомаи тадбиқи лоиҳаи НБО “Норак”,таҷдиди НБО “Сарбанд” аввали соли 2021 ва оғози корҳо дар бунёди НБО “Себзор” дар ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ идомаи мантиқии ҳадафи гузошташудаи расидан ба истиқлолияти энергетикӣ мебошад, ки чуноне, Пешвои миллат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ иброз намудаанд, ки соли 2027 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра норасогии нерӯи барқ аз байн меравад. Ин солест, ки мо дар соли 2027 ба истиқлолияти энергетикӣ мерасем.

Ҳадафи сеюм ин таъмини амнияти озуқаворӣ мебошад, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ ва аниқтараш сатҳу сифати зиндагонии шаҳрвандони мамлакат, ки дар солҳои 90-ум камбизоатӣ 86% ро ташкил дода бошад, пас ин рақам дар соли 2025 ба 19% расонида шудааст, ки ин нишонаи рушди ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои истиқлолият ва аниқтараш солҳои 2000-ум то соли 2025 мебошад.

Боиси зикри хос аст, ки дар замони Шуравӣ дар мамлакат маҷмуан 358 корхонаи саноатӣ бо 33 ҳазор ҷойи корӣ фаъолият менамуд. Соҳибистиқлолӣ ва ваҳдати миллӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаҳои мусоидро фароҳам оварда, баҳри рушду инкишофи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ дар мамлакат дар солҳои соҳибистиқлолӣ аз солҳои 2000 - ум раванди рушди саноат оғоз гардид. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ солҳои 2022–2026-ро «Солҳои рушди саноат» эълон намуданд. Дар ин замина ҳадафи чорум дар ҷумҳурӣ “Саноатикунонии босуръати мамлакат” муайян гардид. Бо мақсади ноил гардидан ба яке аз ҳадафҳои Стратегии миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар дар давраи татбиқи он (солҳои 2019 – 2025), яъне дар 7 соли охир беш аз 2600 корхонаи саноатӣ бо ташкили зиёда аз 87 ҳазор ҷойи корӣ сохта, ба истифода дода шудааст. Танҳо дар соли 2025 дар ҷумҳурӣ 400 корхонаҳои истеҳсолӣ ба фаъолит шурӯъ намудаанд.

Ҳамзамон, Ҳукумати мамлакат Барномаи нави саноатикунонии босуръати кишварро барои солҳои 2026 – 2030 ва Барномаи рушди истеҳсолу ғанигардонии металлҳои ранга, нодиру қиматбаҳо ва дигар ашёи хоми муҳимро қабул ва амалӣ гардонад. Ин раванд метавонад кишваррро барои ноил гардидан ба ҳадафи гузошташуда ноил гардонида, рушду инкишофи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат боз ҳам ривоҷу равнақ дода шавад.

Аз ҷиҳати иҷтимоӣ бошад дар мамлакат корҳои зиёде анҷом дода шуда, чуноне, ки дар боло зикр намудем баҳри паст намудани сатҳи камбизоатӣ дар мамлакат як қатор барномаҳои давлатӣ таҳия ва иҷро гардидаанд. Дар натиҷа камбизоатӣ аз 86 фоизи солҳои 90-ум ба 19 фоиз дар соли 2025 расонида шудааст. Дар ин мудат музди маоши кормандони соҳаҳои буҷетӣ дар панҷ соли охир панҷ маротиба (солҳои 2020, 2022, 2023, 2024, 2025) зиёд карда шудааст. Дар маҷмӯъ маоши кормандони соҳаҳои буҷетӣ 125 фоиз зиёд карда шудааст. Ин ҳама аз дастгирии давлату Ҳукумати мамлакат баҳри рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва некуаҳволии шаҳрвандон гувоҳӣ медиҳад.

Баҳри рушду инкишофи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ дар мамлакат ба соҳаҳои иҷтимоӣ аз ҷумла соҳаи маориф аҳамияти ҷиддӣ дода шуда, корҳои бузург ва арзишманд дар ин замина анҷом дода шудааснд. Аз ҷумла тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишвар 3670 муассисаи нави таҳсилоти миёнаи умумӣ, 262 муассисаи томактабӣ ва 35 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ сохта, ба истифода дода шуд. Агар дар соли 1991 дар мамлакат 3229 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо 1,3 миллион нафар хонанда фаъолият дошта бошад, пас имрӯз 4037 муассиса, аз ҷумла 170 литсею гимназия, яъне муассисаҳои таълимии типи нав фаъолият менамоянд. Шумораи умумии хонандагони онҳо беш аз 2 миллиону 300 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Агар соли 1991 дар ҷумҳурӣ 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо 69 ҳазор донишҷӯ фаъолият менамуд, пас ин рақам дар соли 2025 ба 49 ва шумораи донишҷӯёни он ба 214 ҳазор нафар расидааст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар 25 соли оянда дар мамлакат шумораи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба 4 миллион нафар мерасанд.

Ҳамин тариқ, дар мамлакат дар солҳои соҳибистиқлолӣ соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ рушду инкишоф ёфта, тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ ба дараҷаи зарурӣ ташаккул ёфтааст. Ин ҳама пешрафту тарақиёт аз хизматҳо ва корнамоиҳои шабонарӯзии мардуми шарафманди тоҷик таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳода медиҳад.

Сабриддини С. – н.и.и., мудири кафедраи молия ва фаъолияти бонкии Донишгоҳи давлатии Данғара