(дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ 16.12.2025)
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат дар марҳилаи нави пешрафти Тоҷикистон ба кулли сокинони кишвар ироа гардид. Дар маҷмуъ паём аз қисмати таҳлили дастовардҳо ва иҷрои барномаҳои рушд дар даврони соҳибистиқлолӣ, аз ҷумла соли 2025 ва қисмати муайян кардани нақшаю барномаҳо барои марҳилаи дар пешистода иборат аст. Дар рафти таҳлили нишондодҳои иқтисодию иҷтимоӣ роҳбари давлат даҳсолаи охирро бештар ишора карданд, ки худ гувоҳи ба марҳилаи нави рушд ворид шудани Тоҷикистон аст. Аз ҷумла таъмини амнияти озуқаворӣ аз 60% соли 2015 ба 85% дар соли 2025 баробар шуда, сатҳи камбизоатӣ то 19% коҳиш ёфтааст. Нишондиҳандаҳои муҳими муайянкунандаи сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ба мисли то 2,7 баробар афзоиш ёфтани маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ, ки ба 16,4 ҳазор сомонӣ дар соли 2025 баробар мебошад, беш аз 6 баробар зиёд шудани даромади пулии аҳолӣ, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар соҳаи саноат то 20% ва кишоварзӣ 8,4% ифодагари рушди босубот мебошанд.
Таъмини пояҳои сулҳу субот ва амнияти дохилию берунаи кишвар тавассути якчанд барномаҳои муҳим амалӣ мегарданд, ки аз ҷумлаи онҳо дастоварди муҳими таърихӣ – ҳалли мушкилоти садсолаҳо ҷойдоштаи сарҳадӣ бо Ҷумҳурии Қирғизистон ва Эъломияи Хуҷанд оид ба сарҳади давлатии се кишвари ҳамҷавор – Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон мебошад.
Дар барномаҳои рушди Тоҷикистон соҳаи кишоварзӣ мавқеи муҳим ва ҳалкунанда дошта, пайваста таҳти таваҷҷуҳу дастгирии роҳбарияти олии мамлакат қарор дорад. Дар шароити тағйирёбии глобалии иқлими сайёра, ки паёмадҳои манфии он пеш аз ҳама ба соҳаи кишоварзӣ таъсир мерасонанд, зиёд гардонидани истеҳсоли маҳсулоти ғизоӣ ва ашёи хом барои саноат аз ҷумлаи вазифаҳои муҳими олимону мутахассисон ва кормандони соҳа мебошад. Тавре ки дар Паём роҳбари давлат иброз доштанд, бо дарназардошти таҳдиди хатари гуруснагӣ “кишоварзони мамлакат боз ҳам бештар заҳмат кашида, бо истифодаи самаранок аз ҳамаи имкониятҳо, аз ҷумла обу замин ҳосили фаровон мерӯёнанд ва амнияти озуқавории кишварро беҳтар таъмин менамоянд.”
Дар баробари афзоиши аҳолӣ талабот ба маҳсулоти хӯрока низ рӯ ба афзоиш мебошад, ки таъмин намудани он тавассути технологияҳои муосири алтернативӣ, аз қабили истифодаи зеҳни сунъӣ, рақамикунонӣ ва татбиқи воситаҳои иттилоотию коммуниктасионӣ дар истеҳсоли маҳсулот имконпазир мебошад.
Маврид ба зикри хос аст, ки роҳбари давлат оид ба таҳияи лоиҳаи қонун дар бораи сиёсати аграрӣ ба Ҳукумати мамлакат дастур доданд. Таҳия ва ҳарчи зудтар дар амал татбиқ намудани санади мазкур ба рушди соҳаи кишоварзӣ ҳамаҷониба мусоидат хоҳад кард.
Мувофиқи шарҳу тавзеҳҳои луғавӣ “Сиёсати аграрии давлат қисми ҷудонашавандаи сиёсати иҷтимоию иқтисодии миллӣ мебошад, ки ба рушди устувори кишоварзӣ ва минтақаҳои деҳот нигаронида шудааст. Он маҷмуи чораҳоро оид ба дастгирии фаъолияти иқтисодӣ дар бахши кишоварзӣ, мусоидат ба фаъолияти самараноки комплекси агросаноатӣ (КАС) ва таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории босифат ва бехатар дар бар мегирад”. Он дар навбати худ дорои ҳадафу вазифаҳои мушаххас, принсипҳо, маҷмуи чорабиниҳо ва чорчӯбаҳои танзимкунанда мебошад, ки мутобиқ ба талаботи кишвар таҳия карда мешаванд. Аз ҷумлаи ҳадафҳои асосии сиёсати аграрии давлат баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти кишоварзӣ ва иқтидорҳои истеҳсолкунандагони он, таъмини сифати маҳсулоти хӯрокворӣ; рушди устувори деҳот ва шуғли аҳолии деҳот, баланд бардоштани сатҳи зиндагии сокинони деҳот; ҳифз ва такрористеҳсоли захираҳои табиие, ки барои истеҳсоли кишоварзӣ истифода мешаванд ва амсоли инҳо ба ҳисоб рафта метавонанд.
Принсипҳои асосии таъминкунандаи самаранокии сиёсати аграрӣ дастрасии истеҳсолоти кишоварзӣ ва дастгирии онҳо, таъмини ягонагии бозори маҳсулоти кишоварзӣ ва шароити мусоиди рақобат ва амсоли инҳо шуда метавонанд. Албатта, сиёсати аграрӣ дастгирии давлатиро дар самти истеҳсоли маҳсулот, харидорӣ, нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулот, танзими бозори маҳсулоти кишоварзӣ, дастгирии иттилоотии истеҳсолкунандагони маҳсулот ва иштирокчиёни бозори маҳсулот метавонад ба танзим дарорад. Бо эътимод метавон иброз намуд, ки таҳияи қонуни мазкур ба рушди устувори соҳаи кишоварзӣ ва беҳтар гардидани сатҳу сифати сокинони деҳот ва дар маҷмуъ сокинони кишвари маҳбубамон мусоидат менамояд.
Расулзода Б.Р. – номзади илмҳои кишоварзӣ, дотсент, сардори раёсати таълими Донишгоҳи давлатии Данғара


