(Дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ 16.12.2025)
Мояи ифтихори бузургу саодати азим аст, ки бо назардошти муҳимияти масъалаҳои обу иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва манбаъҳои обӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якчанд ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонӣ тайи солҳои соҳибистиқлолии кишвар ба Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод гардиданд, ки ҳамаи онҳо бо қатъномаҳои Маҷмаи Умумии ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ қабул карда шуданд, аз ҷумла:
-соли 2003 эълон шудани “Соли байналмилалии оби тоза”;
-эълон шудани Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт 2005-2015”;
-эълони “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013”;
-эълони Даҳсоли байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028”);
-эълони соли 2025 “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”;
-эълони солҳои 2025-2034 “Даҳсолаи байналмилалии илмҳои криосфера”
Криосфераи Тоҷикистон қисми муҳими системаи табиии минтақа мебошад, ки пиряхҳо, қабати барф, яхбандии абадӣ ва ташаккулёбии яхҳои кӯҳиро дар бар мегирад. Он дар таъмини захираҳои об дар тамоми Осиёи Марказӣ нақши калидӣ бозида, дарёҳои ба монанди Амударё, Вахш ва Панҷро сероб менамояд. Пиряхҳои Тоҷикистон на танҳо захираҳои обро нигоҳ медоранд, балки ба танзими иқлим ва нигоҳ доштани экосистемаҳо мусоидат мекунанд. Аммо, тағирёбии иқлим ба криосфераи кишвар таъсири назаррас расонида, обшавии пиряхҳоро ба вуҷуд оварда, ба амнияти обии минтақа таҳдид мекунад.
Тоҷикистон дар минтақаи баландкӯҳ ҷойгир буда, дар он пиряхҳои калонтарини Осиёи Марказӣ ҷойгиранд. Дар Тоҷикистон зиёда аз 8 ҳазор пирях мавҷуд аст, ки тақрибан 8%-и тамоми масоҳати кишварро ишғол мекунанд. Дар пиряхҳо тақрибан 550 км3 оби тоза ҷамъ шуда аст, ва онҳо қариб нисфи ҷараёни дарёҳои Тоҷикистонро ташкил медиҳанд. Аз ҳама муҳимтарин ва бузургтарини онҳо Ванҷях, Грум-Гржимайло, Гармо ва дигарон мебошанд, ки дар нигоҳ доштани тавозуни об нақши муҳим мебозанд. Ҷисми табиии андозааш калон, ки аз яхи кристаллӣ иборат аст ва дар сатҳи Замин дар натиҷаи ҷамъшавӣ ва дигаргуншавии боришоти атмосферӣ ба амал омада, дар ҳаракат аст, пирях номида мешавад.
Минтақаеро, ки дар он об ҳолати кристаллӣ дошта, муддати тӯлонӣ вуҷуд дорад - криосфера (аз юнонии “криос”- ях, хунук ва “сфера” - қабат) меноманд. Зарурияти ҷудо кардани ин қабатро солҳои бистум ва сиюми қарни гузашта олими лаҳистонӣ А.Б. Доброволский ва академик В.И. Вернадский пешниход намуда буданд.
Шарти асосии барфғуншавӣ - дар ҳавои сард зуд-зуд ба амал омадани боришот мебошад. Дар рӯи замин сардшавии ҳаво на танҳо аз мавқеи арзӣ (масофа аз экватор), балки ба мавқеи амудии маҳал (баландии мутлақи он аз сатҳи баҳр) вобастагии калон дорад. Ҳар қадар маҳал аз экватор дуртар, яъне ба қутбҳо наздиктар бошад, ҳамон қадар аз Офтоб камтар гармӣ мегирад ва иқлими сардтар дорад. Аз тарафи дигар, чи қадаре, ки қайди мутлақи маҳал аз сатҳи баҳр баланд бошад, ҳаво ҳамон қадар хунуктар аст. Ба ҳисоби миёна дар ҳар 100 метри баландӣ ҳарорат 0,5-0,60С паст мешавад. Сарҳадеро, ки аз он поёнтар дар фасли тобистон барф об мешавад, хати барфӣ меноманд. Бо мурури зиёд шудани ғафсии қабати барф онҳо оҳиста-оҳиста фишурда ва рекристаллизатсия шуда, сахту калондона мегардад. Чунин барфи зерхурдаю сахтгаштаро фирн меноманд. Бо зиёд шудани қабати барф ва афзудани фишори болоӣ фирн зичтар мегардад, ҳавои дар он буда фишурда шуда мебарояд ва барф ба яхи шаффофи осмонранг табдил меёбад, ки онро яхи глетчерӣ меноманд. Мувофиқи ҳисоби глятсиологҳо, тақрибан аз 10-11 м3 барфи ковок 1 м3 яхи глетчерӣ ҳосил мешавад. Вобаста ба шаклашон пиряхҳоро ба хелхои зайл ҷудо менамоянд: кӯҳӣ, қитъавӣ, пӯштакӯҳӣ.
Тавре дар Паёми имсолаи худ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ташаббусҳои ҷаҳонии худ ҷиҳати амалисозии қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» нахустин конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро мизбонӣ намуд.
Мояи ифтихор ва сарфарозии миллати кӯҳанбунёду тамаддунофари тоҷик аст, ки рӯзи 12-уми декабри соли ҷорӣ бо ташаббуси Тоҷикистон дар ҷаласаи 7-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист қатънома доир ба «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус, дар минтақаҳои кӯҳӣ» қабул карда шуд.
Соли 2025 бо пешниҳоди Тоҷикистон ва бо қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид «2025 соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва солҳои 2025 - 2034 «Даҳсолаи илмҳои криосфера» эълон гардиданд. Боиси тазаккур аст, ки фаъолияти илмӣ ва амалиро дар ин самт густариш дода, дастовардҳои худро дар арсаи байналмилалӣ васеъ муаррифӣ намоем. Дар Паём инчунин ироа гардид, ки мавзӯи ҳифзи пиряхҳо, омӯзиши илмҳои криосфера ва амалисозии ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим аҳаммияти стратегӣ ва ҷаҳонӣ дорад.
Ба хотири фаррохтар омӯхтани криосфера аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардид, ки Муассисаи давлатии илмиву таҳқиқотии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳо» ба Муассисаи давлатии илмиву таҳқиқотии «Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфераи Академияи миллии илмҳо» табдил дода шавад.
Дар замони имрӯз ҳифзи криосфераи Замин, ки аз пиряхҳо, барф, яхи баҳр ва яхбандии абадӣ таркиб ёфтааст, хело актуалӣ ва муҳим аст, зеро он иқлими сайёра, захираҳои об ва гуногунии биологиро танзим мекунад. Бояд зикр намоем, ки самтҳои асосии коҳиш додани партовҳои газҳои гулхонаӣ, тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ, таҳқиқот ва мониторинги илмӣ (ба монанди ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи эълони «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» дар соли 2025) ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим барои коҳиш додани обшавии пиряхҳо ва оқибатҳои фалокатовари он муҳим ва саривақтӣ мебошад.
Мо, олимони соҳаро зарур аст, ки дар асоси он нуктаҳои муҳиме, ки аз Паём бармеояд ва гуфтаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси ҳифзи пиряхҳо ва криосфера сармашқи кори худ намуда, самти фаъолиятро васеъ намоем.
Саидов Абурайҳон Исоевич – муаллими калони кафедраи сохтмон ва меъмории факултаи муҳандисӣ ва меъмории Донишгоҳи давлатии Данғара


