Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саршор аз бурдбориву комёбиву муваффақиятҳои нав ба нави мамлакатамон дар ҳама самтҳо буд ва бо боварӣ метавон гуфт, ки ин Паём аз ояндаи дурахшони мамлакату миллатамон гувоҳӣ медиҳад. Дар ин замина, хизматҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат вобаста ба масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсиву фарҳангӣ ва илму маориф барои пешрафти ҷомеаи навини Тоҷикистон дар ҳар як сухани ин абармарди дунёи сиёсат бараъло мушоҳида мегардад. Банда мехоҳам чанд нуқтаи муҳимро дар самти иҷтимоиву иқтисодии Паёми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шавам. Ҳангоми ироаи Паём Пешвои муаззами миллат қайд намуданд, ки тайи даҳ соли охир, яъне дар давраи татбиқи ду барномаи миёнамуҳлати рушди кишвар, ки марҳалаҳои фосилавии иҷрои Стратегияи миллии рушд то соли 2030-ро дар бар мегиранд, ба хотири расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ бисёр иқдомоти муҳимму самарабахш амалӣ карда шуданд. Дар натиҷа ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 3,4 баробар зиёд гардида, иқтисоди миллии мо ҳар сол ба ҳисоби миёна 7,6 фоиз афзоиш ёфт.Барои таъмин намудани рушди иҷтимоиву иқтисодии мамлакат дар ин муддат аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ беш аз 670 миллиард сомонӣ, аз ҷумла 159 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ равона гардид. Дар ин давра маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ 2,7 баробар афзоиш ёфта, аз 6 ҳазор сомонии соли 2015 ба 16,4 ҳазор сомонӣ дар соли 2025 расонида шуд. Дар муқоиса аҳолии кишвар аз 8,5 миллион нафари соли 2015 ба 10,7 миллион нафар дар соли 2025 расид, яъне 26 фоиз зиёд гардид ва нишондиҳандаи дарозумрии аҳолӣ аз 70 ба 77 сол расид. Дар ин муддат сатҳи камбизоатӣ то 19 фоиз коҳиш ёфт. Бояд гуфт, ки даромади пулии аҳолӣ аз 26 миллиард сомонии соли 2015 то 165 миллиард сомонӣ дар соли 2025, яъне беш аз шаш баробар афзоиш ёфт.Соли 2025 Барномаи миёнамуҳлати рушди кишвар барои солҳои 2026 – 2030 ҳамчун марҳалаи ниҳоии Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 қабул гардид. Амалисозии саривақтӣ ва сифатноки он имкон медиҳад, ки дар панҷ соли оянда ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ду баробар афзоиш ёфта, сатҳи камбизоатӣ то 10 фоиз кам ва ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ то 50 фоиз зиёд гардад.Дар ин давра рушди иқтисодӣ ҳар сол ба ҳисоби миёна 8,7 фоиз, аз ҷумла истеҳсоли маҳсулот дар соҳаҳои саноат 20 фоиз, кишоварзӣ 8,4 ва ҳаҷми хизматрасониҳои пулакӣ 11,7 фоиз афзоиш меёбад. Вобаста ба масоили болозикр Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш доданд, ки барои ноил гардидан ба афзалиятҳои рушд амалисозии саривақтӣ ва пурраи Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2026 – 2030-ро таъмин намоянд. Бояд гуфт, ки ҳоло дар кишвар дар самти ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ, таъсиси корхонаҳои саноатӣ, сохтмону азнавсозии иншооти энергетикиву нақлиётӣ, истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ, тавсеаи хизматрасониҳо, густариши ҳамкориҳои минтақавию байналмилалӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муҳим тадбирҳои мушаххас амалӣ шуда истодаанд. Соли 2025 маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар ба 173 миллиард сомонӣ расида, суръати рушди воқеии он 8,4 фоизро ташкил дод. Пешвои муаззами миллат муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки дар баробари ин, моро зарур аст, ки суръати рушди иқтисоди миллиро дар соли 2026 на кам аз 8 фоиз ва солҳои минбаъда низ устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодиро таъмин намоем. Тибқи супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти иҷтимоиёт ва баландбардории сатҳи некуаҳволии мардум аз 1-ум сентябри соли 2026 тадбирҳои зайли самарабахш тадбиқ мегарданд:
-маоши вазифавии кормандони муассисаҳои маориф, аз ҷумла муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумӣ 25 фоиз, дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шаванд.
-музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда шавад.
- ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар ба андозаи 1300 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад.
Дар баробари ин, бо мақсади беҳтар намудани вазъи иҷтимоии табақаҳои осебпазири аҳолӣ аз 1-уми сентябри соли 2026 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин, иловапулӣ ба онҳо тибқи муқаррароти моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ва андозаи нафақаи заминавӣ дар сатҳи таварруми соли 2025, вале на кам аз 15 фоиз аз андозаи муқарраршудаашон индексатсия (зиёд) карда шаванд. Баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб меравад ва дар ин ҷода минбаъд низ тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Ҳамин тариқ, тамоми масъалаҳое, ки дар Паёми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ироа гардид, барои пешравию тараққиёти Тоҷикистон азизи мо равона гардида, аз ояндаи равшану дурахшони Ватани биҳиштосои мо башорат медиҳад ва мо, кормандони Донишгоҳи давлатии Данғара аз ин ғамхориҳои роҳбари маҳбуби миллат илҳом гирифта, кӯшиш менамоем, ки тамоми саъю талоши худро барои амалисозии ин мақсадҳои наҷиб равона созем.
Раҳматов Бахтовард - устоди Донишгоҳи давлатии Данғара


