Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи 16 декабари соли 2025 дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакатро дар давраи имрӯзу оянда ба таври мукаммалу возеҳ муайян намуд. Дар ҳақиқат, Паёми имсола бо мазмуну мундариҷа ва муҳтавои хеш аз дигар паёмҳои пешин фарқ мекунад. Зеро дар он тамоми паҳлуҳо, самтҳо, вазифаҳо, ташаббусҳо, иқдомҳо, роҳнамоиҳо, уҳдадориҳо ва дигар масъалаҳою мушкилоти давлату Ҳукумат, ҷомеа, ҷаҳони муосир ва шаҳрвандон ба таври ҳақиқӣ инъикос гардида буданд.
Таваҷҷуҳи хоссаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба китобу китобхонӣ ин ҷалби бештари хурду бузурги кишвар ба мутолиа мебошад, зеро омили асосии ҳифзи фарҳангии миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок намудани аҳли ҷомеа маҳз китобдӯстӣ буда, ин ганҷинаи беминнат қобилияти сухандониву суханрониро сайқал, доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ ва ӯро ба роҳи дурусти зиндагӣ роҳнамоӣ мекунад. Аз ҷониби дигар, оммавигардонии ин шуғли писандида эҳёи анъанаи неки ниёгони бо ифтихорамон мебошад, зеро тоҷикон миллати китобдору соҳибтамаддун эътироф шудаанд. Ин нуқта низ дар Паёми навбатии Пешвои миллат зикр шуд: “Тоҷикон яке аз миллатҳои қадимаи дунё ва дорои таърихии беш аз 6000 сола буда, ҳанӯз аз давраҳои бостонӣ соҳиби саводу қалам, девону дафтар, илмдӯсту адабпарвар, давлатсозу давлатдор, меъмору шаҳрсоз, шаҳрдору шаҳрнишин, яъне фаҳангиву тамаддунсоз ва ободкору созанда, ба шумор мераванд.”
Чун паёмҳои қаблӣ, таваҷҷуҳи хоссаи Пешвои муаззами миллат ба рушди соҳаҳои илму маориф ва фарҳанг, ки аз оғози фаъолияти сиёсияшон ҳамчун соҳаҳои калидӣ ва таъминкунандаи рушди дигар соҳаҳои хоҷагидории мамлакат арзёбӣ мегарданд, хушҳоливу эътимоди мо ва ҳамватанони ватандӯсту худогоҳи бурунмарзии моро ба фардои боз ҳам дурахшон ва зиндагии шоистаи мардуми шарифи кишварамон афзуд.
Паём ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ ва илмӣ-таҳлилие мебошад, ки дар раванди давлатдории миллӣ, самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакат, стратегияи рушди устувори давлатдорӣ, ҳимояи манфиятҳои миллӣ, таъмини зиндагии шоистаи мардум, татбиқи ҳадафҳои муҳимми миллӣ ва ҳифзи амнияту суботи сиёсии шаҳрвандонро муайян намуда, дастовардҳо, ҳолати рушди соҳаҳои ҷамъиятӣ ва имконияту тадбирҳо ҷиҳати ҳалли мушкилот ва муаммоҳои ҷойдошта ба таври мушаххас ва асоснок аз ҷониби Пешвои миллат амиқ таҳлил гардида, ба вазорату кумитаҳо, умуман ба ҷомеа вазифагузориву раҳнамоӣ барои имрӯзу фардо ва дигар роҳҳои ҳалли масъалаҳо пешниҳод мегарданд.
Паёми Президенро метавон аз нигоҳи сохториӣ ба ду қисм: қисми аввал, ҳисоботӣ шуморид, ки Сарвари давлат дар бораи корҳое, ки мақомот, бахусус мақомоти иҷроия дар як соли охир ё чанд соли охир анҷом додаанд, ҳарф мезанад; қисми дуюм, нишондиҳанда буда, дар он умуман аз рӯйи ҳар як соҳаҳои хоҷагии халқ ва муносибатҳои ҷамъиятӣ ба мақомоту органҳои давлатӣ супориш дода мешавад, тақсим намуд.
Тамоми тадбирҳое, ки аз тарафи Пешвои миллат дар Паём андешида мешаванд, маҳз ба хотири ҳифзи сулҳу субот, амнияти ваҳдати миллӣ, ҳимояи Истиқлоли давлатӣ, некуаҳволӣ, беҳтар намудани сифати иҷтимоӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини амнияти минтақа ва ҷаҳон ва баланд бардоштани нуфӯз ва эътибори кишвар дар арсаи байналмилалӣ равона карда мешаванд.
Аз ҷониби Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мустақилона муайян ва баррасӣ гардидани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат дар Паём аз соҳибихтиорӣ ва истиқлоли сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодат медиҳад. Паёмҳое, ки аз ҷониби Пешвои миллат ироа гардидаанд, бозгӯи шукӯҳу шаҳомати истиқлоли миллии сиёсати Тољикистон ва тантанаи соҳибихтиёрии миллати тоҷик ва дастоварди азими давлатдории миллӣ мебошанд.
Барои ободию шукуфоӣ, пешрафту тараққиёт ва умеди тоза ба фардои неки мамлакат маъво гирифтан, Пешвои миллат соли 2026-ро ба ифтихори ҷашни муқаддас ва бузурги миллӣ 35-солагии Истиқлоли давлатӣ “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” эълон намуда, таъкид намуданд, ки “Ман ба ояндаи неку дурахшони Ватани соҳибистиқлоламон ва иродаи қавии мардуми заҳматпешаву сарбаланди он эътимоди комил дорам. Мардуми шарифи Тоҷикистон, ки дар 34 соли сипаришуда рӯзҳои бисёр сахту сангинро бо сабру таҳаммул ва бо иттиҳоду сарҷамъӣ паси сар карданд, қудрату имкониятҳои азими созандагӣ доранд ва маҳз ҳамин неруи азими созандаву ободгар фардои дурахшони Ватани азизамонро таъмин месозад. Итминони комил дорам, ки мо ҳама аҳлонаву сарҷамъона минбаъд низ ба хотири рушду пешрафти Тоҷикистони маҳбубамон ва ободии Ватани азизамон заҳмат мекашем, ба ҳамаи ҳадафҳои некамон мерасем ва нуфузу обрӯи давлати тоҷиконро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд мебардорем. Ин қарзи милливу имонӣ ва вазифаи инсониву шаҳрвандии ҳар яки мост!”
Баъд аз ироаи ҳар як Паём ва таъкидҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар як фарди ҷомеа бояд бо масъулияти баланди шаҳрвандӣ ва ифтихор аз давлату миллати худ баҳри рушди уствори Ватан ва беш аз пеш ободу зебо ва хуррам гардонидани он, пос доштани арзишҳои милливу фарҳангӣ ва ҳифзи марзу буми аҷдодӣ саҳми арзанда ва меҳнати содиқона дошта бошад.
Олимзода Р.А. – дотсент, муовини ректор оид ба илми Донишгоҳи давлатии Данғара.


