Қайд кардан ба маврид аст, ки яке аз масалаҳои харобкунандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар доираи масъалаҳои иқтисодӣ ин коррупсия баҳисоб меравад. Ин ҳолати номатлубро мо метавонем дар байни соҳаҳои гуногуни фаъолияти инсон илм, фарҳанг, бонкдорӣ, хариду фурӯши қоғазҳои қимматнок, молия хоҷагидорӣ ва ҳатто варзиш мушоҳида намоем. Ҳануз якчанд аср қабл яке аз мутафаккирони бузург Ш.Л. Монтескье гуфта буд, ки “Дар натиҷаи амалҳои коррупсинӣ, тартиботи хуби ҷамъиятӣ аз байн рафта, дастгоҳи давлатӣ фалаҷ ва ба як чизи бекора мубаддал мегардад” ин мушкилотро мо метавонем яке аз масъалаҳои глобалӣ эълон намуда, дар роҳи несту нобуд ва решакан намудани он тамоми сайъу кушишро ба харҷ диҳем. Муқовимат бо коррусия гуфта ягона роҳи мубориза бурдан бо ин амали номатлуб аст ва банда мехоҳам, ки дар хусуси хавфнокии ин падидаи номатлуб, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, андешаҳоямро иброз дошта бошам.
Тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояшон зимни вохӯрӣ бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қайд намуданд, ҳанӯз дар аҳди бостон калимаи “Коррупсия” ба истилоҳи фасод, вайронкунанда, зараррасонанда ва фурухтани мансаб маънидод карда шуда, ҳамчун рафтори истифода намудани имкониятҳои мансаб ба манфиати шахсӣ фаҳмида мешуд ва афроди ба чунин амал даст зада, дар ҳамаи давру замонҳо аз ҷониби аҳли ҷомеа маҳкум мегардиданд. Дар робита ба ин, дар моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия” муқаррар гардидааст, ки коррупсия ин кирдори (ҳаракат ё бе ҳаракатие) шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба онҳо баробаркардашуда бо истифода аз мақоми худ ва имкониятҳои он барои ба манфиати худ ё шаҳсони дигар ғайриқонунӣ ба даст овардани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарият ва имтиёзҳои дигар содир менамояд, инчунин ба ин шахсон ваъда додан, таклиф ё пешниҳод намудаи неъмату бартарият ва имтиёзҳои дигар бо мақсади моилкунӣ ё қадр кардни онҳо барои содир намудани чунин кирдорҳо ба манфиати шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ, мебошад.
Бояд қайд намоям, ки коррупсия дар ҷаҳони муосир аз ҷумлаи монеаҳои ҷиддӣ дар роҳи рушди иқтисодию иҷтимоии кишварҳо ва риояи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон маҳсуб меёбад. Коррупсия аз ҷумлаи вирусҳое ба ҳисоб меравад, ки дар натиҷаи роҳ додан ба ин амали номатлуб ба тамоми шохаҳои фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ паҳн гашта, боиси поймолшавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, заиф гардидани фаъолияти мақомоти давлатӣ ва инчунин ба сохти конститутсионӣ таъсир расонида, эҳтироми мардумро ба давлат ва мақомотҳои он коста гардонида, обрӯву эътимоди онро коҳиш медиҳад. Дар баробари ин, барои боз ҳам муқовимат бахшидан бар зидди коррупсия ҳамасола аз тарафи Ҳукумати мамлакат маоши вазифавии кормандони соҳаҳои иҷтимоиёт, ки яке аз омилҳои пешгирикунандаи содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ ба ҳисоб меравад, баланд бардошта мешавад. Дар охир зикр кардан ба маврид аст, ки ҳамаи ниҳодҳои дахлдор ва аҳолии ҷумҳурӣ бояд дастуру супоришҳои Пешвои муаззамми миллат Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ қарор дода, ва алайҳи кирдорҳои коррупсионӣ муштаракан муборизаи беамон баранд.
Танҳо бо ҳамин роҳ мо метавонем дар кишвар муқовимати муташаккил ва оштинопазирро алайҳи зуҳуроти номатлуби коррупсионӣ ташкил ва тадбиқ намоем. Ҳамзамон, бо мақсади дар амал тадбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баландбардоштани сатҳи боварии аҳолӣ ба мақомоти давлатӣ ва афзоиши самаранокии мубориза бар зидди коррупсия зарур аст, ки фаъолият дар ин самт бо ҷалби васеи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як фарди ҷомеа боз ҳам хубтар ва дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шавад.
Қодирова Фарзонахон Холиқҷоновна – омӯзгори кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ ва андозбандӣ


