ЗАРУРАТИ МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ ДАР ЗАМОНИ МУОСИР

    Вобаста ба пешгирӣ намудан аз ҳама гуна ҷинояту ҷинояткорӣ ва муборизаи беамон бурдан бо фаъолияти коррупсионӣ 31 октябри соли 2003 Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия қабул карда шуда, рӯзи 9 декабри соли 2003 дар шаҳри Меридаи кишвари Мексика дар Конфронси сиёсии сатҳи баланд бо иштироки намояндагони зиёда аз 100 давлат барои ҳамроҳшавии дигар давлатҳои ҷаҳон баргузор гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба ҳуҷҷати мазкур 25-уми сентябри соли 2006 имзо гузошт ва он аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар 16-уми апрели соли 2008 тасдиқ гардид.

9 – декабр бо ташаббуси Маҷмааи кулли Созмони Милали Муттаҳид дар тамоми ҷаҳон ҳамчун рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия эълон карда шудааст.

    Сиёсати бунёдкорона ва башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи илму маориф ва маърифатнокии ҷомеа шоистаи таҳсину пайравӣ буда, дар ҷумҳурӣ гардиши куллиеро ба вуҷуд овардааст.

    Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадамҳои уствори худро дар самти мубориза бо коррупсия гузошта, тамоми заминаҳои ташкилию ҳуқуқиро фароҳам овардааст.

    Раёсати донишгоҳ аз рӯзи аввали таъсисёбӣ барои решакан намудани ришвагирӣ дар миёни устодон, пешгирии муносибатҳои коррупсионӣ ва бо мақсади пешгирии ҷавонон аз ҳар гуна ҳодисаҳои номатлуб, солимгардонидани ҷомеа, шомил нашудан ба гурӯҳҳои экстремистӣ дар ҳамкорӣ бо Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Данғара, амният, прокуратура ва Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ҳамкории зич дошта, вохӯриҳои судманд дар донишгоҳ баргузор намудааст.

    Аз ҷумла, оид ба масъалаҳои зиддикоррупсионӣ дар донишгоҳ дар соли 2025 3 маротиба вохӯрии ҳайати устодону кормандон бо намояндагони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон гузаронида шудааст.

   Раёсат, ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандони донишгоҳ бо мақсади дар амал татбиқ намудани сиёсати давлатӣ оид ба маориф, иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон, карорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба маориф, фармону супоришҳои Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар самти татбиқи Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва “Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” то имрӯз як қатор корҳоро ба сомон расонидааст.

   Инчунин, дар гурӯҳҳои академии бахшҳои рӯзонаи факултетҳои донишгоҳ дарсҳои тарбиявӣ дар мавзуъҳои “Коррупсия ҳамчун зуҳуроти номатлуб дар ҷомеъа”, “Оқибатҳои зараровари коррупсия”, “Ҷавонон: имрӯз ва фардои Тоҷикистон”, “Нақш ва мавқеи ҷавонон дар бунёди ҷомеаи муосир”, “Сиёсати давлатии ҷавонон” ва ғ. гузаронида шудаанд.

Олимзода Р.А. – дотсент, муовини ректор оид ба илми Донишгоҳи давлатии Данғара.