ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ТАШАККУЛИ ПОЯҲОИ ҲУҚУҚИИ ЭҲТИРОМИ ОМӮЗГОР ДАР НИЗОМИ МИЛЛИИ МАОРИФ

(дар ҳошияи қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақоми омӯзгор”)

“Ҷомеа бояд хуб дарк намояд, ки эҳтиром ба омӯзгор – эҳтиром ба ояндаи миллат аст”. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

15-уми октябри соли 2025 як рӯзи таърихӣ барои ҳар омӯзгори тоҷик аст!

Дар ин рӯзи басо муҳим барои миллати тоҷик лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақоми омӯзгор” аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар ҷонибдорӣ ёфт – санаде, ки ба меҳнати софдилона, сабру таҳаммул ва фидокории омӯзгор арзиши қонунӣ медиҳад.

Ин қонун – на танҳо ҳуҷҷати расмӣ, балки эътирофи бузургӣ ва нақши муассири омӯзгор ҳамчун меъмори маънавии ҷомеа ва поягузори ояндаи миллат аст. Зеро омӯзгор танҳо таълим намедиҳад – ӯ шуълаи маърифат меафрӯзад, инсон месозад, миллатро бедор месозад!

Дар дидгоҳи фалсафаи муосир, омӯзгор ҳамчун субъекти шаклгардонандаи маърифат ва ҳувияти фарҳангӣ ба ҳисоб меравад. Вай роҳбалади маънавиёт ва интиқолдиҳандаи арзишҳо, ахлоқ ва ҷаҳонбинии миллӣ мебошад. Чи тавре, ки Пешвои миллат таъкид намудаанд: “Омӯзгор шаъну шарафи миллат аст ва имрӯзу фардои ҳар як кишвар ва ҷомеа аз сатҳи маърифат ва фаъолияти ӯ вобастагии калон дорад. Хиради омӯзгор ҷаҳлу хурофотро аз байн мебарад ва сарчашмаи комёбиҳо мегардад. Дар бартарафсозии тамоми мушкилоти миллату давлат, пеш аз ҳама, омӯзгорон саҳмгузоранд”.

Дар ин росто, заминаи ҳуқуқӣ бояд ба пешравии фаъолияти ӯ ҳамчун субъекти масъул ва эҷодкор мусоидат кунад.

Дар сатҳи байналмилалӣ, яке аз санадҳои калидие, ки ба мақоми омӯзгор таваҷҷуҳ мекунад, Тавсияи муштараки Созмони Байналмилалии Меҳнат (СБМ) ва ЮНЕСКО оид ба мақоми омӯзгорон (The ILO/UNESCO Recommendation concerning the Status of Teachers, 1966) мебошад, ки барои тамоми кишварҳо меъёр ва принсипҳои ҳимоя ва рушди касбии омӯзгорро муқаррар намудааст. Ҳамчунин, Тавсияи ЮНЕСКО оид ба мақоми ҳайати омӯзгорони таҳсилоти олӣ (“The UNESCO Recommendation concerning the Status of Higher-Education Teaching Personnel, 1997”) барои таълимдиҳандагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ меъёрҳо муқаррар мекунад.

Ин раванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз замони оғози давлатдории Пешвои миллат дар меҳвари сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доштаасту, дар оянда низ пойдор хоҳад монд. Чуноне, ки Пешвои миллат таъкид кардаанд: “Мо ба масъалаи маориф ва илм таваҷчуҳи аввалиндараҷа дода, дар давоми беш аз 30 соли соҳибистиқлолӣ зиёда аз 3900 муассисаи таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла муассисаҳои типи нав, яъне гимназия, литсею коллеҷ, инчунин, донишгоҳу донишкада бунёд кардем”.

Ин сиёсати маорифпарварона ба шаклгирии ҷойгоҳи иҷтимоиву ҳуқуқии омӯзгор дар ҷомеа мусоидат мекунад. Қонуни мазкур дар назди худ ҳадаф гузоштааст, ки ҳифзи ҳуқуқҳои касбӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии омӯзгоронро таъмин намояд, масъулияти давлат, мактаб ва ҷомеаро муайян карда, барои баланд бардоштани эътибори касбӣ ва ҷалби мутахассисони арзанда ба соҳаи маориф замина гузорад.

Ҳамин тавр, қабули қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақоми омӯзгор” як қадами бузурги ҳуқуқӣ ва маънавӣ аст, ки имкони баробарсозии меъёрҳои Тоҷикистон бо меъёрҳои байналмилалӣ дар ҳифзи касб ва мақоми омӯзгорро фароҳам меорад. Ҳамзамон, ҷиҳати амалисозии сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат дар ояндаи наздик қонуни мазкур метавонад ба як асоси нави рушди фарҳангӣ ва иҷтимоии миллат табдил ёбад.

Шодиев Комрон Олимҷонович – сардори расёсати илм ва инноватсияи Донишгоҳи давлатии Данғара.