Меҳргон яке аз куҳнатарин чашнҳои мардуми ориёинажод буда, гузаштагонамон онро ҳамчун ситоишу ниёиши меҳр ё митро ва рамзи аҳду паймон ва дустиву муҳаббати ойини меҳрпарастӣ таъбир кардаанд. Меҳргон иди ҷамъоварии ҳосили руёндаи деҳқон, иди фаровонӣ, шодиё нишот, дӯстиву рафоқат, ваҳдату ягонагӣ ва меҳру садоқат аст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Меҳргон яке аз идҳои қадимаи мардуми ориёинажод буда, маҳз бо туфайли соҳибистиқлолии Тоҷикистон аз нав эҳё карда шуд ва тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рузҳои ид” дар қатори дигар ҷашну идҳо ҳамчун иди миллии кишварамон шинохта шуд.
Шод бошед, ки ҷашни меҳргон омад,
Бонгу овои дурой корвон омад,
Корвони Меҳргон аз хизрон омад ,
Ё аз ақсои билоди чинистон омад .
****
Меҳргон ҷашни Фаридун мулки Фаррух бод,
Бар ту эй ҳамчу Фаридун мулк фаррухфол.
****
Бикшод меҳргон дари иқбол бар ҷаҳон,
Фархунда бод малики Шарқ Меҳргон.
****
Рӯзи меҳру моҳи меҳру ҷашни фаррух Меҳргон,
Меҳр бияфзо эй нигори моҳчеҳри меҳрубон.
Меҳргон ба монанди Наврӯз таҷассумгари суннатҳои неки инсонист, ки файзу баракати хони пурнеъмати кишоварзонро инъикос менамояд. Бинобар ин, зарур аст, ки ҳарсол бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил карда шавад. Аз ин хотир анъанаву расму оини хос ва фарҳанги ғании мардуми тоҷик, ки аз қадим мулайём бо замин сару кор доштаанд ва соҳиби маданияти баланди заминдорӣ бкданд,то имруз зинда боқӣ мондааст ва ҳамчун ҷузъи таркибии тамаддуни умумибашари барои инсоният хизмат менамояд.
Эмомалӣ Раҳмон
Мехргон ба монанди Наврӯз агарчи дар “Авесто”,ки китоби динӣ аст, ёд нашудааст, вале аз замонҳои бостонии пеш аз дини зардушти,ҷашнҳои бузургу бо шаҳомати мардумӣ буда, оинҳои марбути ин ду ҷашн бо якдигар монандиҳо доштааст. Тавре, ки А. Кристенсен, М. Баҳор, Ҳ. Разӣ ва дигарон ишорат намудаанд, дар замони қадим шоҳон барои шунидани доди мардум дар ин ду ҷашн маросими борро, яъне ҳадя доданд ва ҳадя гирифтанро, анҷом медоданд. Дар ҳарду ҷашн марде чун “Пайки Хуҷаста” вориди дар бораи шоҳ мешудааст ва оини хосае баргузор мегаштааст. Дар ҳарду ҷашн дастархони зебои пурнозу неъмате паҳн мекардаанд. Ҳарду ҷашн шаш руз идома ёфта, Меҳргон низ ба мисли Наврӯз аз “Меҳргони омма” ва “Меҳргони хоса” иборат будааст. Вожаи Меҳргон (митракона; рабиаш: меҳрҷон) аз ду ҷузъ иборат буда, онро дар луғатномаҳо чунин шарҳ додаанд: “меҳр”-муҳаббат, самимият, дӯсти ва “гон”- далел бар нисбат, яъне ба чизе мансуб будан аст.
Хело хуб аст ки Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ –Пешвои миллат, Призидети Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷашнҳои бостони ба монанди Наврӯз, Меҳргон ва Садда таваҷҷуҳ намуда барои эҳёи дубораи онҳо ба қарору фармонҳои расмии давлатӣ шароит муҳайё сохтаанд. Ҳамин муҳаббат ба миллат ва кишвар буд, ки бо ташаббуси Пешвои миллат ҷашни Меҳргон умри дубора гирифта сол то сол мақбултар таҷлил мегардад.
Пас аз Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар фасли тирамоҳ, чун нишонаи ҷашни Меҳргон, баргузор намудани ҷашнҳои харбуза, асал ва намоиши дигар дастовардҳо барои мардум шодию сурур бахшида, зиндагиро бозхам рангинтар менамоянд. Дар замонҳои пеш, ки ҷашни Меҳргон барпо мешуд, мардум либосҳои нави идона дар бар карда як дигарро бо фаро расидани ин ҷашни оламшумул табрик менамуданд. Инак, тайи ин чанд соли охир дар Тоҷикистон мардум бо либосҳои хуш намо дар рӯзҳои ҷашни Меҳргон ба сайргоҳҳо мераванд ва дастурхони зебое густурда, шодмонӣ мекунанд ва ҳамдигарро бо ҷашни Меҳргон табрик мегӯянд.
Дар замонҳои қадим ба мисли хони наврӯзӣ хони Меҳргон низ рангоранг буд.ин хонро аз порчаи ранги арғувонӣ таҳия менамуданд. Дар замони Сосониён ва баъдҳо дар байни хони Меҳргон чун рамзи рӯшонӣ шамъ мегузоштанд. Дар атроф гулу гиёҳҳои хушбӯйро пош медоданд. Бо дуди испанд неруҳои аҳриманиродур сохта, бо пош додани гулоб муҳитро хушбуй менамуданд. Ба мисли Наврӯз дар Меҳргон низ шодиву сурур, рақсу бозӣ, созу мусиқи танинандоз мегардид Ҳатто навозандагон бо номи “Меҳргон”оҳангҳо сохтаанд. Яке аз номҳои мусиқи ба ин ном машҳур буда, дар ашори шоирон бисёр ёд шудааст.
Асрҳост, ки чун суннати ниёгон баробари расидани фасли тирамоҳ тоҷикон оинҳоеро ба муносибати ҷмъоварии ҳосил ба анҷом мерасонанд. Ин ҳамон нишонаҳои ҷашни Меҳргон аст. Ҳанӯз ҳам да ёди калонсолон аст, ки пас аз ҷамъ оварии ҳосил мардум дар сайргоҳҳо, меҳмонхонаҳо, назди бзорҳо, чойхонаҳо ва дигар ҷойҳои муносиб сарҷамъ омада, хушҳоли менамуданд.
Ҳоло дар Тоҷикистон ҳар сол ҷашни Меҳргон дар моҳи октябр таҷлил мегардад. Дар тамоми бозорҳои ноҳияву шаҳру шаҳракҳо мардум дастовардҳои кишоварзиро ба намоиш бароварда, гуруҳҳои ҳунарӣ даста-даста дар фазои озод таронасароӣ мнамоянд. Ҳамчунин дар баъзе шаҳру ноҳияҳо намоишҳои махсуси театрӣ бахшида ба Меҳргон баргузор менамоянд.
Бешак, бо саъю кӯшиши Пешвои миллат Эмомали Раҳмон ҷашни Меҳргон аз нав бо тамоми шукуҳу шаҳоматаш эҳё шуд ва дар радифи беҳтарин маросимҳои миллӣ ворид гардид. Бо боварӣ метавон гуфт, ки мардуми шарифи Тоҷикистон дар тамоми қаламрави кишвар ҷашни Меҳргонро мисли Наврӯз ҷашн гирифта, бо Сарвари ватандӯсту фарҳангпарварашон ифтихор намуда, баҳри пешрафти Ватани маҳбубамон боз ҳам бештар саъю талош менамоянд.
Азизов Асомуддин Ҷабборович - муҳаррири шуъбаи табъу нашри Донишгоҳи давлатии Данғара.



 
                                    